Бахшҳо

Вокуниши хонандаҳо ба талаби қотеи Убайдуллоев: Аввал худатон ҷома пӯшед!

Талаби қотеонаи Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе барои муборизаи беамон алайҳи тарғиб ва пӯшиши либосҳои ғайримиллӣ дар пойтахти Тоҷикистон бо вокуниши корбарони “Озодагон” рӯбарӯ шуд.

Бархе аз хонандаҳои хабаргузорӣ гуфтаанд, ҳарчанд ҷонибдори ин иқдоманд, вале дар ҳоле ки сокинони пойтахти Тоҷикистон даҳҳо мушкили ҳалношуда доранд, ҳарф задани Убайдуллоев дар бораи тарзи либоспӯшӣ ғайримантиқӣ аст. “Ш.Душанбе”, яке аз корбарони “Озодагон” аз раҳбарияти пойтахти Тоҷикистон даъват кардааст, масъалаи сару либосро дар ҳоли ҳозир канор гузошта, дунболи ҳалли мушкили бекории ҷавонон шаваду роҳҳои берун рафтан аз буҳрони молии кунуниро ҷустуҷӯ кунад. “Доим як масаъларо мебинед. Ҳоло дар пеш зимистон асту соли хонишу ҷашни истиқлолият дорем. Масълаи бекории ҷавононро низ бояд дид. Доим масаълаи сатр ё риш, ин мавзӯъҳо куҳна шудаанд. Мо бояд фикр кунем, ки аз буҳрони молӣ бароем. 80%-и сокинон аз бонкҳо қарздоранду мардум худ руҳан вайрон шудаанд. Ин масълаҳоро бояд дид!”,- навиштааст ин корбар.

Корбари дигаре бо номи “Саидҷон” аз раҳбарияти пойтахти Тоҷикистон суол кардааст, ки магар сокинони минтақаи таҳти раҳбарии ӯ мушкили дигаре надоранд: “Муҳтарам, ҷаноби шаҳрдор, оё дигар камбудҳо ҳал шуданд?”

Ин баҳсу гуфтумонҳо дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ахиран бори дигар ба масъалаи пӯшиши либосҳои ғайримиллии занон дахл карда, барои мубориза бо ин раванд дастури қотеъ дод. Ӯ дар ҷаласаи васеи кории худ рӯзи 19 август бо иштироки намояндагони тамоми қишрҳои иҷтимоии шаҳр, вакилони Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ аз шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, мақомоти марбутаи ҳуфзи ҳуқуқ ва худфаъолияти ҷамъиятии шаҳр, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, институтҳои шаҳрвандӣ, роҳбарони марказҳои савдою тиҷоратӣ, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ, инчунин масъулини кулли сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ пушидани либосҳои ғайримиллиро хатарзо хонда, хостааст, то аз фурӯши либосҳои ба фарҳанги миллии тоҷикон бегона дар бозор ва нуқтаҳои фурӯши пойтахт ҷилавгирӣ кунанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бори аввал нест, ки барои ҷилавгирӣ аз пӯшиши либосҳои ғайримиллӣ дар шаҳри Душанбе дастур медиҳад, вале дар бештари ҳолат иҷрои он аз бонувони муҳаҷҷаба ва рӯсарипӯш талаб мешавад, ки боиси нигаронии бархе сокинон шудааст. “Саид”, корбари “Озодагон” навиштааст, ҳарчанд худи ӯ зидди пӯшиши либосҳои ғайримиллӣ аст, аммо азбаски дар ин “маъракаҳо” танҳо занони муҳаҷҷаба “қурбонӣ”-анд, наметавонад аз иқдоми Убайдуллоев ҷонибдорӣ кунад: “Ин раиси шаҳр либоси миллиро ба танзим дароварданӣ аст ва мо ҳам тарафдори ин ҳастем, аммо либоси аврупоиро ҳам бояд бардоранд, чун онҳо ҳам либоси миллии мо нест”.

“Тоҷик”, корбари дигар ба ин баҳс ҳамроҳ шуда, навиштааст, раҳбарияти пойтахти Тоҷикистон дар ҳоле метавонад, дар бораи либоси миллӣ ҳарф занад, ки худ бар тан ҷомаву дар сар тоқӣ бипӯшад: “Магар ҷинсу футболкаву брюку костюму галстук либоси миллӣ аст?! Ҷаноби Убайдуллоев худ дар либоси миллӣ нест боз аз либоси миллӣ суҳбат мекунад! Тоқию ҷома пӯшад ва баъд ин гапҳоро бизанад!”.
Мӯҳр
Дигар милатх,о ба кайх,он чойхури рафтаистодаанду ин мардуми мо бошад х,олохам намедонанд, ки чи хел либос пушанд. Хох,и ки озод боши гуломи конун бош. Х,укумати мо медонад як чизро, ки х,амин корх,оро карда истодааст. Х,еч, вакт бар зарари миллат кор намекунад э бародаро ва х,укумат сиëсатро худ медонад. У зинокор чи ришдор аст ë бе риш аст, ë он фох,иша чи дар сатр бошад чи бе сатр корашро мекунад. Мо бояд ба мардуми арабу дигар миллатхо таклид накунем. Чунки гайр аз мо хеч як миллате хуби, пешрави ва Ватани азизи моро ки омада обод намекунад .

Хукук надоранд ин корхоро карда акалан конунхоя риоя кунед!! Бад ин хеч кас фирефтаи араб нашудаст якхелхо фикрошон умуман дуруст нест !!!

Агарки милли талаб кунед пас худатон сар кунед Чаноби Убайдулоев. Баъдан мо идома медихем. Вале хангоме ки худ аз ин чиз дур хастед пас аз мо хам талаб накунед. Шим пушии занхо, бешармию бехаёи ин урфу одати мо нест.

Мухтарам чаноби Убайдуллоев бигуди, модарони Рудакиву Исмоили Сомони, Фирдавсиву Хайем, Синову Чоми мини юбка мепушидан ё хичоб. Шумоен як бор сарконунро варак гардонед кунед, ое ин гуфтахои шумо хилофи конун нести.

чома не, челак. халки кабири хаму тараф, чомаро хато намедонистан.

ШОХ
КАСОНЕ,КИ МЕГАН МО БЕЗОР АЗ ИСЛОМИ СИЕСИ АВВАЛ ХУБ АНДЕША КУНАНД БА'Д ИН ГАПХОРО БИЗАНАНД ТО ХУДО НОХОСТА АГАР МУСАЛМОН БОШАНД БО ИН БЕЗОРИШОН АЗ ИСЛОМИ СИЕСИ АЗ ИСЛОМ НАБАРОЯНД! ВА ХАМЧУНИН БОЯД ХУБ ДАР ХОТИР ДОШТА БОШАНД,КИ ДИНИ ИСЛОМ ХУД АЙНИ СИЕСАТ АСТ.ШУМО ЯК БОР БИДУНИ ХЕЧ ТААССУБЕ ТАФСИРХОЙ КУРОНРО ВА СИРАЙ ПАЙГАМБАРИ ИСЛОМРО ХУБ МУТОЛИА КУНЕД БА'Д МЕФАХМЕД,КИ ИСЛОМ Я'НЕ ЧИ?

Аввал хамон шахрдор шахрро ба тартиб дарора,на автобус на тролейбус аз руйи рача кор мекунанд,ахлотора намебардоранд,шахр ифлос аз либос гап мезананд

Пӯшидани шиму костюм аз тарафи роҳбарияти давлатро ба ҷуз тарғиби либосҳои фарҳанги бегона дошта чи метавон номид. Гузашта аз ин дигар масоиле низ имрӯз дар ҷомеаи мо ҳастанд ки ба маротиб ҳассостар аз тарзи либос пӯши ҳастаанд. Ба андешаи ман ин корҳо ҳама барои мубориза бар зидди салафият дар Тоҷикистон ҳастанд аммо мутаасифона ин роҳи ҳал нест.

наргис
Либоси занхои МУСУЛМОНРО ба холи худ гузоред. Мо дар давлати ДЕМОКРАТИ хукукбунёд дуняви зиндаги дорем. Ман рохи хал ва пешгирии равияхои родикалии Исломро дар он мебинам , ки дарсхои диниро дар мактаб ва донишгоххо дохил кунанд.Мардум аз надонистани рохи дуруст фирефтаи рохи нодуруст мешаванд.

БО АРЗИ САЛОМ:МАН ФАКАТ БА ЧАНД НУКТА ИШОРА МЕКУНАМ БАС..АВАЛ ИНКИ ТОЧИКИСТОН МАЗЗАБИ ЭМРМ АЪЗАМРО ХАМЧУН МАЗХАБИ РАСМИИ КИШВАР КАБУЛ КАРДААСТ ЧАРО ЧОЙГОИ ПУШИШИИ ИСЛРМИРО АЗ НАЗАР ИН МАЗХАБ ТАРВИЧ НАМЕКУНАНД??ОЁ МАЗХАБРО ФАКАТ БА ЗАБОН РАСМИ КАРДААН??ДУВУМ ДАР САРКОНУНИ Ч.Х.Т.ОМАДААСТ КИ КОНУН ОЗОДИ ХАР ШАХВАНДРО НАВОБАСТА АЗ МИЛАТУ ДИНУ НАЖОД КАФОЛАТ МЕДИХАД ОЁ БА САТУ РИШ ДАХОЛАТ КАРДАН НАКЗИ ХУКУКИ ШАХВАНДТ НЕСТ??ХУБ ЧАВОБ МЕДИХАНД КИ МО БА ХОТИРИ БА ТАРТИБ ДАРОВАРДАНИ САРУ СУРАТИ ШАХВАНДОН ИН КОРО МЕКУНЕМ..ОЁ ДАР КИШВАРХЛИ МУТАРАКИИ ДУНЁ КИ БА МАРОТИБ АЗ МО ПЕШРАФТААНД АЗ ХАР ЛИЗЛЗЕ НАБОША ЧИ ТЕХНАЛОГИЯ ЧИ ИКТИСОД ВА...ЧАРО ДАР ОН КИШВАРХО ТАМОМИ НАМУДИ ОДАМ ДИДА МЕШАВАД ЧАРО ОНХО САРУ СУРАТИ ШАХВАНДОШОА БА ТАОТИБ НАМЕДАРОРАНД??ЧУН ОНХО ХАМ ДЕМОКРАЬИ АСТАНД??

МАРДУМ БОЯТ ОЗОД БОША ДЕМОКРАТИЯ МО ИНТИХОБ КАРДЕМ! КАСЕРА САТР МЕПУША НАМЕПУША ЧИКОР ДОРЕН? БА ХУДО АЙБАЙ МАРА ХАНДАМ МЕГИРА ИЗЕЛИ ЛИБОС ПУШ УХЕЛИ ЛИБОС ПУШ НАСКИ ПУШ ЧУРАБ ПУШ О.... КОРИ ХИЧКА НАБОША ХАРКАСА ИХТИЁРИ ХУТШАЙ, ХАЁТИ ШАХСИИ ХУТШАЙ МО ЗАК НАДОРЕМ ЯКАСДА БАРОИ ХАЁТИ ШАХСИШ ГАП ЗАНЕМ! АЛБАТА ИН ПОЙМОЛИ ХУКУКИ МО ШАХРВАНДОНАСТ! МАНСАБДОРОНИ МО ХУТШОН АЙ АСРИ САНГАН БАРОИ АМИКА АНДЕШАХОИ НОДУРУСТ ДОПАН! ЯК КОНУНА Ё ЯК ГАПА БОЯТ овоз ьиян бад брораншаАбдуллох,
Абдуллох,

шахрванд,
Кадом тараф?

Имруз чавонон ба таълим ва тарбияи ахлоки хамидаву инсондусти ва
ватанпарвару миллатдусти зарурат доранд, яъне чавононро одоб лозим аст : Хоча дарёб, ки чон дар тани инсон адаб аст...
Чун чавонон боодобу хушахлок гарданд тарзи либоспушишонро худошон муайян мекунан на Раис ! Раис факат шароити таълиму тарбия,
чои кор таъмин намояд ( Ичроиши Боби дуюм, моддахои 14, 16, 17, 18, 19, 22, 23, ... 26, 27, 29, 30, 35, 36, 37, 38, 40 ва 41... САРКОНУНро таъмин намоед ) хама чиз рохи халли худро ёфта Точикистон гулистон
хохад шуд...!!!!! Ба моддаи 41 (таълими ройгон) чиддитар будан лозим!!!!!

Хакгу
Дар тули гармселхои пайдархами тобистони имсола ман боре хам надидаам, ки мошинхои обпошак шахрро шуста тоза кунанд. Авввал масъалаи экологияро бинед, баъд навбат ба либос хам мерасад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)