Бахшҳо
15 июл 2015 19:22Тоҷикистон / Сиёсат

Изҳороти Вазорати адлия ва қумандонҳои собиқи ИНОТ алайҳи ҲНИТ

Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нашри изҳороте муроҷиати Ҳизби наҳзати исломӣ ба Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон барои дахолат ба вазъи кунунии кишварро “ғаразнок” хондааст. Дар изҳороти ин ниҳод аз ҷумла омадааст, “бо мақсади дастрасӣ ба ғаразҳои хеш ҲНИТ зери шиори ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ба як қатор давлату созмонҳои байналмилалӣ “барои мудохила ба вазъияти Тоҷикистон” муроҷиат намудааст”.

Масъулини вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтаанд, ҳоло тамоми аҳзоби сиёсии кишвар дар фазои ҳуқуқӣ фаъолият дошта, ҳар масъалае, ки пеш меояд, бояд дар доираи қонугузории амалкунанда ҳаллу фасл шавад: “Ягон давлат ва ё созмонҳои байналмилалӣ ҳуқуқи мудохила ба масъалаҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоранд”.

Ба қавли муаллифони изҳорот, ҲНИТ дар ҳоле зери “шиори ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ” ба ҷомеаи байналмилалӣ шикоят бурда, барои дахолат муроҷиат кардааст, ки гӯиё ҳоло “баъзе давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ “бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи инсон” истиқлолияти давлатиро сарфи назар карда, ба масъалаҳои дохилии давлатҳои соҳибистиқлол мудохила менамоянд ва натиҷаи чунин иқдомотро мо дар мисоли давлатҳои араб ва баъзе давлатҳои дигар мушоҳида менамоем”.

Масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон дар идома ҲНИТ-ро ба таблиғоти ғайриқонунии динӣ муттаҳам карда, таъкид кардаанд, ки ин ҳизб бо вуҷуди он ки ба сифати ҳизби характери динӣ дошта фаъолият менамояд, ташкилоти динӣ нест ва ҳаққи анҷоми фаъолияти диниро надорад: “Вале ҲНИТ ба қонуншиканӣ дар ин самт роҳ дода, ғайриқонунӣ расму ойин ва маросимҳои динӣ, таблиғоти оммавии диниро анҷом медиҳад, ки боиси чораҳои эътиноии мақомоти давлатӣ гашта истодааст”.

Вазорати адлияи кишвар аз он ибрози норозигӣ кардааст, ки гӯиё ҲНИТ боре ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистонро маҳкум накарда, мавқеии худ алайҳи созмони террористти маъруф ба ДИИШ-ро равшан накардааст. Дар изҳорот тамоми муроҷиату шикоятҳои ҲНИТ аз мақомоти давлатии Тоҷикистон “туҳмат” хонда шуда, таъкид гардидааст, агар мақсади ҲНИТ ифшои камбуди ҳукумати Тоҷикистон мебуд бояд таҳлилҳои воқеии иқтисодиву иҷтимоии кишварро пешниҳод менамуд: “Аммо мақсади ҲНИТ на дар пешниҳоди таҳлили воқеӣ, балки бо ҳар роҳ паст задани давлат ва барангехтани низоъ миёни ҷомеа мебошад”.

Масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон қарори ахири Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар мавриди он ки тамоми аризаҳои беруншавӣ аз саффи ҳизб ва барҳам додани бахшҳои он дар шаҳру навоҳии кишвар, ки таҳти фишор навишта шудаанд, беэътибор дониста мешавад, зидди Сарқонуни кишвар хондаанд: “Вақтҳои охир ба Вазорати адлияи Тоҷикистон нусхаи қарорҳои сохторҳои маҳаллии ҲНИТ оид ба қатъи фаъолияти онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ворид мегарданд, ки нусхаи асосии он ба Раёсати Олии ҲНИТ ирсол гардида, аъзоёни ҳизб аз ҲНИТ баромада истодаанд. Бо вуҷуди ин Раёсати Олии ҲНИТ ин санадҳоро бо баҳонаи “зери фишор қабулгардида» эътироф накарда, аризаи аъзоёни ҳизбро, ки хоҳиши хориҷ шудан аз онро доранд, бе баррасӣ мондааст. Ин амали ҲНИТ ба моддаи 28 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зид мебошад, ки тибқи он шаҳрванд ҳақ дорад ихтиёран ба ҳизбҳои сиёсӣ дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Илова бар ин воқеияти мазкур хилофи талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва сархати аввали банди 2.4 Оинномаи ҲНИТ низ ҳастанд”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан 12 қумандони собиқи ИНОТ бо шумули генерали феълии мақомоти умури дохилӣ, Шоҳ Искандаров низ дар робита ба муроҷиати ҲНИТ изҳорот дода, онро маҳкум карданд. Қумандонҳои пешини ИНОТ ҲНИТ-ро дар ҳаводиси солҳои 90-уми Тоҷикистон айбдор карда, хостори қатъи фаъолияти ягона ҳизби сиёсии расмии динӣ дар Осиёи Марказӣ шуданд: “Вақти он расидааст, ки фаъолиятатонро қатъ кунед. Ин беҳтарин хизмати Шумо барои ҳамдиёрон хоҳад буд”. Зери ин изҳорот аз ҷумла Ризвонов Зайниддин Ҷонмаҳмадович, муовини фармондеҳи қушунҳои хушкигарди ҚМ ҶТ, генерал майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, Сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Турсунзода, полковник Абдуллоев Маҳмадӣ Ҳусейнович, Сардори шуъбаи Раёсати ақибгоҳи Вазорати мудофиаи ҶТ ҷамъ 12 нафар имзо гузоштаанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз фишорҳои зиёди мақомоти кишвар ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви гурӯҳи тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон номаи шикоятӣ ирсол намуда, хостори мудохилаи онҳо ба вазъияти мавҷуда шудааст. Раёсати Олии ҲНИТ далели аслии ирсоли номаро ба унвони ин созмонҳо ва кишварҳо “вазъи номуносиби ба вуҷуд омада дар Тоҷикистон, ба хусус, амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи мақомоти тоҷик нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф” унвон кард буд.
Мӯҳр
Гайрат Панчакент
Мухидин Кабири ва намояндагони ХНИТ Як бор андеша мекунед имруз барои мардуми точик чи хизмати арзандае кардаед ба чуз норозиги ва вайронкори Худованд фармудааст ки шукр гуи неъмат афзун шавад Ношукри аз каф берунАккалан натавонистед ки ана хамин бехтарин неъматро ба мардум талкин кунед Шукр шукр шукрБинед хамон роххое барои мардуми Панчакент шуда истодааст Баъди ин системаи обу ташноб дигар мешавад Аз хамин озодагон хондам

Коментарияхо чиба сабт намешавад??????????

Комили панчакенти
Изхороти Вазорати адлия сари вактист ки ин хизб дигар коре надорад ба чуз тухмату шикоят Ана омаданду диданд баъд чи Охир худои боло сар хам халк хам медонад ки максади ободи надоред гайри вайронкори Монед ором зиндаги кунем Ки имруз гушна Чи хеле ки мегуянд нон болои кулух Факат мардумро вайронкуни Мо дигар гафлатзада не аз давлату хукумат розиОдами кор мекардагиба кор пур

Худо он миллатеро сарвари дод
Ки такдираш бо дасти хеш бинавишт
Ба он миллат сару коре надорад
Ки дехконаш барои дигарон кишт

Тинчиву амони хам давлати бузург аст Он нафароне, ки хостори сохти давлатхои Афгонистону Покистонанд метавонанд ба он чо раванд. Давлати оромро ноором накунанд, Точикон як бор ин дахшатро аз сар гузаронидан. Худо накунад, ки аз касофатии чунин ашхос такдири мардуми Сурияву, Ирок ба сарамон ояд.

Рӯдакиро кӯр кардем, бас набуд?

Бахти ӯро шӯр кардем, бас набуд?

Бӯалӣ, Синои дармон бахшро

Аз диёраш дур кардем, бас набуд?…

Давлати Сомониён бар бод рафт,

Тоҷиконро хор кардем, бас набуд?

Ин қадар бадбахтиву ноодамӣ,

Борҳо такрор кардем, бас набуд?…

Эй Худо, пайванд кун бишкастаро,

Ҷамъ кун, ҷамъи парешонгаштаро,

Ҷамъи хурди Тоҷикистони маро

Аз парешонӣ нигаҳ дор, эй Худо
Мурочиат ба кули мардуми шарифи Точикистон намуда гуфтаниам,ки фаъолияи ХНИТ-ро бояд дар каламрави чумхури точикистон баста шавад

Аз рӯзи ба тавсиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳар яки фарди мусалмон барои иҷро намудани 5 рукни Ислом тамоми шароитҳо то имрӯз муҳайёст. Кани имрӯз кадом мусулмони соҳибақл ин далелро инкор мекунанд! Оё ягон корманди мақомоти ҳуқуқӣ ё давлатӣ ба шаҳрванде, ки рукнҳои исломро иҷро мекунад, монеа эҷод намуд ? ё фишор овард? Дари зиёда аз 4000 масчидҳо кушода, марҳамат тоату ибодат кун ! Ба ҳаҷи умра меравӣ кай хоҳи марҳамат, маълумоти динӣ гирифтан мехоҳӣ дари мадрасаву Донишгоҳи исломи боз? Боз давлат чи хел шароит муҳайё кунад ? Ин ношукрии маҳз аст. Оё мусалмононро ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин ? Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ “аттеизм” ҳукмронӣ менамуд, барои иҷро намудани рукнҳои Ислом шароит набуд, аммо тарбияи насли наврас, ҷавонон дар сатҳи зарури буд. Ҳурмату эҳтироми калонсолон, ростқавливу поктинати, ҳисси ватандӯстии баланд дар ниҳоди ҷавонон сахт ҷо гирифта буд. Бинед, дар даврони соҳибистиқлоли ҳама намозхону, рӯзадор, ҳарсол ҳазорҳо нафар хонаи Худоро зиёрат мекунанд аммо бархе аз наврасону ҷавонони мо одобу услуб надоранд, ҳурмату эҳтироми калонсолонро ба ҷо намеоранд, ба дармондае дастдарозӣ намекунанд, хуллас алифбои ибодатро ба ҷо намеоранд, аммо қафои мо истода дар масчид намоз мехонанд, мо чизе намегуем. Кани мусалмонии мо ? Ҷавонон аз озодиҳои Қонун муқаррар намуда сармаст гашта, сарҳади онро шикаста ба ҳизбу ҳаракатҳои ифроти шомил шуда истодаанд, ки ин амал ба таъмини амнияти шаҳрвандон таъсир расониданаш аз эҳтимол дур нест. Чанобони ХНИТ мебоист бо ин масъалахо машгул мешуданд. Вале сад афсус.

Muhojir
Албатта ки хело инсони муъмину по ва Худо тарс мебояд буд ки аз пушти ХНИТ сохиби курси ки шуди он ро посс дошта тавони . ва дар вакте ки танги ба ин самт расид худро Кахрамону тарафи дигари сулх ро Сиёх мекунанд . Ин намуд Одам хо Кахрамони Курсиянду нафси худ на Кахрамони Миллату Ватан.

Сиёсат ва динро набояд бо ҳам омехта кард. Онҳо аз ҳам фарсахҳо дуранд. Сиёсат хоси давлатдорист ва дар майдони он ҳамеша кашмакашиҳо ҳаст. Аммо дин ба тафовут аз давлату давлатдорӣ дигар асту ҳамеша ва доимӣ пок аст: Дин ба давлату давлатдорӣ, таъсиси дин вобастагие надорад. Таҷриба нишон дод, ки ҳизбҳои исломӣ дар ҳар давру замон боиси бадбахтии мусалмонон гардида, ҳамзамон байни онҳо тафриқа меандозанд. Чунки ҳизбҳои исломӣ динро на ба манфиати ҷамеа, балки бештар ба ғаразҳои шахсиву гурӯҳи истифода мебаранд. Диндорони ифротӣ сангдилтарин касонанд, ки ба ҳама нафрат доранд. Дар Афғонистон 30 ҳизбҳои исломӣ фаъолият мебаранд, аммо то имрӯз ягонтои он муваффақ нагашт, ки ба халқу мусибатзадаи афғон сулҳ оварад.Бинобар ин мехохам.ки марудми шарифи Точикистон низ ба доми ин гуна хизбхои сиёсие,ки максадашон дигараст.аст на бояд шомил шаванд.

Дар Чумхурии Точикистон тибки санадхои меъёрии хукукии амалкунанда барои фаъолияти озодона ва конунии хизбу харакатхо шароит фарохам аст. Шукри Истиклолият ва сулху салох ба чунин рузхои нек расидем. Эътибори точикон дар арсаи байналмилал афзуд. Шинохтаи чахон шудем. Имруз бояд хизб ё харакати амалкунанда бо дасту дили пок барои нафъи халку ватан хизмат намояд. Мардумро аз паси худ бахри ичрои корхои ободони ва созандаги, эхтироми баланди инсони равона намояд.Бо истифода аз манфиатхои гурухи аз номи хизби сиёси дар чомеа ноороми овардан кори савоб нест. Мардуми Точикистон дигар гумрох нестанд. Сиёхро аз сафед фарк мекунанд. Имруз акли солим аз он гаразхои зери пардаамалкунандаи гуруххои манфиатчу огохи дорад. Дар Точикистон ба хурмати дини мубини ислом барои намозгузорон хама шароит мухаё аст. Агар ХНИТ дилсузи халку ватан мебуд, оид ба пешгирии чангхои тахмили дар Сурия, Ирок ва дигар минтакахо сахм мегузошт. Хукуки шахрвандонро оиди аз як хизб баромадан ва ба дигар хизби дилхох шомил шудан набояд поймол созем. Талаботи конун бояд риоя гардад.

ХНИТ хакки бадном кардани давлату хукумат ба хоричиёнро надорад. Бо ин кораш бояд тибки конунгузори ба чавобгари кашида шавад.

ХНИТ бояд аввал дар назди худ хисобот дихад, ки ба манфиати миллат ва давлат чи кор кардааст.

Гумш кнен хами ХНИТ-а аз ин хизб факат проблема. монен мардум тенч бгардан.

мархум Нури барои манфиати миллат аз мухолифат ба давлат даст кашиданд, аммо Кабири ба манфиати миллат чи кор кард?

Ба тамоми аъзоёни ХНИТ гуфтаниам, ки бехуда фикру акидахоятонро ба харчо накунеду фикри фарзанду модарро кунед. Мо намехохем чангхои солхои гузаштаро. Илтимос мардумро бероха накунед. Худатон ба худатон савол дихед, ки хамин ХНИТ ба мо чи фоида дорад?.

Вазорати адлия дуруст кайд намудааст, ки чунин мурочиатхои ХНИТ ба хоричиен гаразнок аст. Ва хело хам ба маврид оварда, ки “Ягон давлат ва ё созмонҳои байналмилалӣ ҳуқуқи мудохила ба масъалаҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоранд”. Гумон намекунам, ки рохбарияти ХНИТ инро надонад. Пас ин маънои онро дорад, ки ХНИТ дар дохили кишвар заминахои мавчудияти худро аз даст дода, мехохад, мисли солхои навадум дар зери химояи бегонагон дар кишвар ба хукумати конуни таъсир расонад. Аз тарафи собик кумандонхои ИНОТ бошад, ироаи пешниход оид ба баста шудани ХНИТ вокеан хам як амали часурона ва дар айни замон ватандустона хаст. Ин маколаи онро пеши ру меорад, ки "Афлотун дусти ман аст, аммо хакикат болотар аз уст". Яъне Шох Искандару дигарон ва хатто аъзоени феълии ХНИТ аллакай бегонапарастиву тафрикаандозии ХНИТ-ро дарк кардаанд. Дарк кардаан, ки ХНИТ мисли кирме, ки дарахтро аз дохил мехурад, Точикистони тозаистиклоламонро мехохад бо кумаки хоричиен дубора ба гирдоби мусибатхо гирифтор кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)