Бахшҳо

Сардори Хадамот: Ахлотро оварда, ҳасибу катлету шашлик мепазанд (ВИДЕО)

Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти матбуотӣ аз бевиҷдонии бархе соҳибкорони тоҷик интиқод намуд, ки барои истеъмоли мардум маводи заҳролуду ҳар гуна “ахлот”-ро ворид мекунанд.

Сардори Хадамоти гумрук гуфт, ахиран як соҳибкори инфиродиеро боздошт кардаанд, ки дар ҳуҷҷатҳо глюкоза гуфта, амалан аз Эрон пусти мурғро ворид мекардааст: “Вақте борро кушоданд, 23 тонна пӯсти мурғро дарёфт карданд, ки аз он оби заҳр мечакид. Ин маҳсулот дар он кишварҳо истеъмол намешавад, он ҳамчун ахлот меравад. Аммо бархе соҳибкорони мо онро ворид карда, аз он ҳасиб, як намуди ғизо-киевски катлет ва инчунин “куриний шашлик” мепазанду ба мардум пешниҳод мекунанд”.

Абдуфаттоҳи Ғоиб инчунин “рейд”-и ахири ниҳодашро дар кишвар зикр карда, афзуд, ки бисёри бозичаҳои кӯдакона ба кишвар ғайриқонунӣ ворид мешаванд ва барои ҷилавгирӣ аз ин раванд имконоти ниҳоди зертобеяшро нокифоя хонд. Ӯ аз мардуми кишвар ва намояндагони ВАО даъват кард, ки дар мубориза бо чунин қонуншиканиҳо фаъол бошанд.




Айни видео дар bambuser
Мӯҳр
Ба рости аввалхо Абдуфатох Саидовро нагз намедидам. Холо бошад фикрам нисбаташ дигар шудааст. Кор кунй мешудааст ку. Эхтиромона хохиш ном ва ширкати ахлот меовардагиро ошкор намоед.

Чалолиддин
Хазор ташаккур ба Шумо чаноби Абдуфатохи Гоиб. Дар хакикат тамоми махсулоти гуштии аз Ирону Хиндустон воридшаванда бо бадтарин сифат вориди Точикистон мешавад. Хатто дар махсулоти гуштии аз Хиндустон воридшаванда тамгаи Иронро мезананд то мардум онро халол гуфта харидори намоянд ва номаълум ки он гушти кадом хайвон аст (фил ё каркадан). Барои дарёфти ин точирони худонотарс барои Шумо барори кор хохонем.

рано
на хисси одами на хисси милли на одамгари на имону на дин
ин чи хел халкай??

Махмасаид
Итари одамора пул те оташа шашлик мена

Худованд барои чунин одамон, ки лукмаи харом ба мардум мехуронанд азоби дардноке ваъда кардааст. Мардуми точик аз хад аз рамка баромадааст. Аз ин пас зуд зуд ошхонахоро тафтиш намудан даркор. Айб аст, ки Эронихо мегуянд, ки молеро мо ба ахлот мепартоем, Точикон бурда мехуранд. Мурдани чунин сохибкорон бех. Ин аз онхое, ки солхои пеш ба мардум гушти хар медоданд, батар хастанд. Рахмат ба Гумрук. Минбаъд хушёр шудан лозим.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)