Бахшҳо

АКС: 60 ҳазор ҷарима, 16 сол зиндон ва ҷузъиёти нави қазияи “Шайх Темур”

Додгоҳи Олии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми июл Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур”-ро ба 16 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.

Тибқи қарори додгоҳ “Шайх Темур” барои дузанагӣ, таҳқири ҷасади фавтидагон, яъне несту нобуд ё касиф кардани қабристон, аз ҷониби гуруҳи шахсон даст задан ба тамаъҷӯӣ, яъне талаби молу мулки ғайр бо таҳдиди зӯроварӣ, сохтмони худсарона дар қитъаи замин дар баробари 16 соли зиндон инчунин дар ҳаҷми 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё худ 60 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима шудааст. Бо қарори додгоҳ муҳлати адои ҷазо аз 16-уми феврали соли равон ҳисоб карда шавад.

Ба иттилои манбаъ ҳамроҳи Сатторов яке аз муридонаш Фузайл Низомов низ ба 15,5 соли зиндон маҳкум шудааст.

Аммо духтари "Шайх Темур" дар пайи эълони ҳукм дар суҳбат бо "Озодагон" онро "говсуд" унвон карда, изҳор дошт, ки аз болои ҳукм шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд. Ӯ иттиҳоми қаллобӣ алайҳи падарашро беасос хонда, илова намуд, ки “падарам ҳатто пулро намешиносад. Ҳозир ларзида шиштааст. Ба синни пирияш нигоҳ карда бояд озодаш мекарданду моро бесарпаноҳ намегузоштанд. Ӯ барои ба мактаб нарафтани фарзандонаш айбдор мекунанд, дар ҳоле ки дар макони зисташон мактаб ҳамагӣ то синфи 4 аст”.

Худи Сатторов рӯзи 7-уми июл зимни сухани ниҳоияш аз додгоҳ хост, ӯро сафед ва аз толори мурофиа озод кунад.

Ба қавли вакили дифоъ Саидмаҳдихон Сатторов дар сухани ниҳоияш дар мурофиа изҳор доштааст, ки “муҳтарам судя Шумо худ шоҳид астед, ки нафарони даъватшуда - шоҳидон дар мурофиаҳо гуфтанд, дар кирдорҳои ман зуроварӣ, фишор ва ҳеч гуна таҳдид дида намешавад. Хоҳиш мекунам дар хонаи машваратӣ нишондоди шоҳидон ва синну соли маро ба назар гирифта, дар моҳи Рамазон, маро аз толори мурофиа озод намоед”.

Додситонӣ барои “Шайх Темур” 18 соли зиндон талаб карда буд.

Номи “Шайх Темур” баъди он вирди забон шуд, ки Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми 6 феврали соли ҷорӣ филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод. Дар он аз мардумфиребиҳои Сайидмаҳдихон Сатторов, нақл мешуд.

Баъдан, Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дархости Додситонии кулл ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифт ва 9 июни соли равон дар боздоштгоҳи №1-и шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии ӯ оғоз шуд.


АКС: 60 ҳазор ҷарима, 16 сол зиндон ва ҷузъиёти нави қазияи “Шайх Темур”

АКС: 60 ҳазор ҷарима, 16 сол зиндон ва ҷузъиёти нави қазияи “Шайх Темур”

АКС: 60 ҳазор ҷарима, 16 сол зиндон ва ҷузъиёти нави қазияи “Шайх Темур”

АКС: 60 ҳазор ҷарима, 16 сол зиндон ва ҷузъиёти нави қазияи “Шайх Темур”
Мӯҳр
Бандаи Худо
Шайхи бечора як зани касали рухидоштаро никох карда аз барои савоб гирифтааст.Ай бойбовохо кадоми ту ин корро мекуни .Барои шумоён ин корхо нанг аст. Аз Аллох битарсед коркунони хифзи хукук на аз махлук.чунки фардо дар киёмат барои ин кирдоратон Аллох шуморо ба азоби сахти худ мубталло мекунад.

Мухтарам айбдоркунанда, судя ва дигар касоне ки уро ва ба монанди у дигаронро гунахкор мекунед!!! Вакт ёбед ва тафсири сури НУР ояи 19-ро аз назар гузаронед ва баъд хулоса кунед.

Озодагон! Якум маротиба шархи худро менависам. Илтимос чоп кунед.

Барои чи хамон мансабдорое ки пеши ами Шайх мерафт дар кинои шайхТимур нишоншон наметиян как будто хукуматдорой мо тифли бегунох.бояд озод шавад

бандаи Аллох
Шумо дар ТЕЛЕВИЗИОН шакли мантажшударо дидаед, агар шумо сабти аслияшро тамошо кунед, хакикат унчост...

Ин бандах,ора вазифа доро барои "результат" и кори худшун ба мах,кама кашидаанд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)