Бахшҳо

Нороҳатии ҳизби Саидҷаъфар Исмонов аз муроҷиати ҲНИТ ба СММ

Шӯрои сиёсии Ҳизби Демократии Тоҷикистон бо нашри изҳороте аз муроҷиати Ҳизби наҳзати исломии кишвар ба Созмони милали муттаҳид ва давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон нигаронӣ кардааст.

Дар изҳороти ҳизб, ки зери имзои Саидҷаъфар Исмонов, раиси ин ташкилоти сиёсӣ ба дасти "Озодагон" расид, гуфта мешавад, Шӯрои сиёсии ҲДТ аз муроҷиатномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нороҳат шудааст: "Дар қисми аввали муроҷиатнома дар бораи “вазъи номуносиби бавуҷудомада… амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи Ҳукумати ҶТ нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гуруҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф…” ҳамчун далели аслии муроҷиатномаи номбурда баён шудааст”.

Масъулини ҲДТ аз он ибрози нигаронӣ кардаанд, ки ин ҳизб чун узви ИНОТ-и пешин низ яке аз ҳамшарикон ва калидии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ асту масъулини ҲНИТ бидуни гуфтугӯ ба онҳо ба СММ муроҷиат кардааст: “Роҳбарони ин ҳизб чаро бо ҳамсафони пешинашон боре ин масъаларо дар миён нагузошта, якбора бо ин шӯру ҳаяҷон қазияро ба саҳнаи байналмилӣ кашидаанд. Аъзои ҲДТ низ дар гирудорҳои сиёсиву низомии Тоҷикистон дар солҳои 1992-97 гирифтори мушкилот, таъқибу фишор шуда, баъзе аз аъзои он куштаву нобуд ва қисме ҳам бандиву зиндон шуданд. Вале ҳаргиз умед ва такя ба нерӯҳои сиёсии беруна накард, агарчи аввалин қувваи сиёсии оппозитсионӣ дар фазои сиёсии Тоҷикистон буд”.

Дар изҳороти ҲДТ таъкид шудааст, ҳукумати Тоҷикистон 18 соли пеш Созишномаи истиқрори сулҳро на бо ҲНИТ, балки бо ИНОТ имзо кардааст, ки он аз гуруҳҳо ва ниҳодҳои сиёсии гуногун иборат буд: “Вале имрӯз ҲНИТ танҳо худро саҳмгузор ва меросхӯри истиқрори сулҳ медонад ва саҳму ширкати дигар гурӯҳҳои сиёсии шомили ИНОТ-и пешинро нодида мегирад. Бояд иқрор шуд, ки ИНОТ моҳият ва вазифаҳои худро иҷро кард. Дар натиҷа ҳизбҳои сиёси дар интихоботҳо ҳар кадом вобаста ба мавқеъ ва сахмаш дар ҷомеа соҳиби райъи интихобкунандагон гардиданд, аз ҷумла ҲНИТ дар чор даъват соҳиби курсиҳо дар парлумон буд. Он замон аз фишору ба ном ноадолатиҳои Ҳукумат нисбаташон ин гунна эътироз надоштанд. Имрӯз ҲНИТ бояд ба интихоби мардум арҷ ва эҳтиром гузорад, зеро ин интихоби онҳо ва воқеият аст”.

Масъулини ҳизби таҳти раҳбарии Исмонов гуфтаанд, “агар натоиҷи охири интихоботи парлумонии 1 марти соли равон боиси шӯру валвала дар дохили ҳизб шуда бошад, пас аз мо бояд ибрат гирифт, чун дар се интихобот ноком аз курсии парлумонӣ гардидем, вале садои кароҳате бар наангехтем, зеро ин интихоби мардум буд”.

Демократҳои Тоҷикистон афзудаанд, агар ҲНИТ мушкиле бо ҳукумат дорад, ин мушкили як ҳизби сиёсӣ асту набояд аз он ҳамчун мушкили мардум ном гирифт: “Аз тарафи дигар маълум мешавад, ки ин ҳизб мушкилоте бо ҳукумати кишвар дорад. Шояд дар равобити ҳукумат ва ҲНИТ печидагиҳое ҳаст, ки мо аз вуҷуди онҳо ё хатари онҳо хабар надорем. Вале ин мушкили як ҳизб ҳаст, на мушкили мардуми кишвар. Аммо ҳукумат ҳам дар навбати худ бо назардошти таъмини бехатарӣ, оромӣ ва сулҳу суботи мардум бояд даст ба иқдомҳое бизанад. Қобили зикр аст, ки Ҳизби Демократии Тоҷикистон дар таърихи начандон дури худ печидагиҳо ва мушкилоти зиёде дошт, вале онҳоро бе дахолат ва дастгирии қувваҳои ғаразноки сиёсии беруна паси сар кард ва имрӯз бо боварӣ ва дастгирии мардуми кишвар ба сифати як ниҳоди сиёсӣ дар парлумони мамлакат соҳиби мавқеъ гардид”.

Дар поёни изҳорои ҲДТ даъват шудааст, ин гуна мушкилиҳо аз роҳи гуфтугӯ ва муоколама бояд ҳал шавад. Онҳо инчунин таъкид кардаанд, ҳеч неруи сиёсие дар Тоҷикистон ҳақ надорад, барои ҳалли мушкилиҳои дохилии худ такя ба неруоҳи берунӣ кунад: “Ҳеҷ кас ва ҳеч як гуруҳи сиёсӣ ҳақ надорад, ки барои ҳалли мушкилиҳои худаш такя ба неруҳои сиёсии беруна гузорад ва бо ин роҳ дубора нооромӣ ва суботи ҷомеаро халалдор созад. Намунаи “кумаку дастгирӣ”-и хориҷиёнро мо дар мисолҳои чанд соли охир дар Украина ва кишварҳои арабӣ баръало мушоҳида намуда истодаем. Сулҳу Ваҳдати Тоҷикистон намунаи беназири бунёдкорӣ, осудагӣ ва пешрафт аст, ки дар таҳкими он танҳо ниҳоди сиёсии солим ва соҳиби боварии аксарияти мардум метавонад саҳмгузор бошад”.
Мӯҳр
дута аъзо дошта тура чиву изхорот пахш карданат.

Tojik
durust gufted Ismonov wale kasone ki sulh kardand raisoni peshini in hizb bud ki dar pushti pamjara qaror dorand wa bajoi on kas ba misli shumo baleguro sari hizb mondand ki harchize onho xostand hamon kuned... HNIT to prezident noma nawishtu murojiat kard wale baraks shud... Ozodagon!!! ozodona...

Точик
Шумо он хизби демократие нестед, ки узви ИНОТ буданд, шумо хизбе мебошед, ки бо ... ракс мекунед.

DIPLOMAT
хнит ШУМО КУЧОБА ШИКОЯТ НАКУНЕД ЯК ЧИЗИ МУХИМРО БОЙ ДОДЕД ЭХТИРОМУ БОВАРИИ ХАЛКРО

хизббезор
Охохохоо хари маро хандонди Исмонов. Мо ба ин хона ба шод омадаем. шод бош чура салом омадаем.....увахахаахахаха wink

Зоро
ту хам гап мезадаи-ха ё касе и гапхоро ба ту нишон дод. О дар вакти бастани созишномаи сулх ту-ку аскари Фронти халки буди-ку. Шарм доштан лозим, шарм! Шармро,ки надони, хомуш бош. Мехмони нохондаи созишномаи сулхи, бача!

Хизби ХДТ хизби чавон ва ояндадор аст! Mо бо Шумоем Исмонов С. И.

Наим: ба Руслан
Номзадии Исмонов барои раиси ХДТ шудан ба воситаи Рачаби Мирзо ва Мамлакат Чайчиева бо Искандаров мувофика шуда буду раисии Исмоновро Искандаров хост. Подоши амали ночо хеч вакт натичаи мусбиро намедихад. Хулосаи калом хамин,ки ба Искандаров харчи шуд, ошнохояш карданд. Акнун Рачабу Мамлакат сарашонро намедонанд дар кучо зананд.

хайём
Ин "сиёсатбоз" аз хоби гарони 4моха хестай-мй ? Мавзуъро барои "ИЗХОРОТ" ёфт!? Дар парлумон хап мешина ...

Чаноби Исмонов Саидчаъфар ! ин одамхое , ки посуххои бахилона , гаразнок менависанд, як чизр наменависанд , ки чихел ин Хизби аввалини давраи истиклолиятро Шумо раис шудед, барои он ки Шумо бехтарин сиёсатмадор пуртокат ва дурбин будаед, тавонистед .Агар шумо хари онхоро хандонда бошед чунин як бемаъни навиштааст. дар ин ч,ода мегуянд, ки хандаи хар-ро факат хар мебинад !!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Шумо зинахои гуногуни хаётро дидаед , мо чавонон аз Шумо хама вакт чонибдоори менамоем , Чавонон бо Шумоанд. Шумо бехтарин сиёсатмадоред ва изхороти Шумо доруш шифои як кисми касалии ин чомеъа аст. Б Р А В О ИСМОНОВ !!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)