Бахшҳо

Абдулқодирзода дар намози ҷумъа: ҲНИТ моро ранҷонид!

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз муроҷиати Ҳизби наҳзати исломии кишвар, ягона ҳизби сиёсии динӣ дар Осиёи Марказӣ ба Созмони милали муттаҳиду давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон, шадидан ибрози нигаронӣ карда, онро “сафсата ва беасос” хонд.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раҳбари ин ниҳод, рӯзи 3 июл дар хутбаи намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “дар моҳи мубораки Рамазон кори нохубе шудааст, ки тамоми ходимони дин, аз ҷумла аъзои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистону имому сархатибони масоҷиди кишварро ранҷонидааст ва ин кор изҳороти бемантиқу беасоси Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад”.

Абдулқодирзода ҳарчанд таъкид кард, ҳоло гуфтанӣ нест ҲНИТ-ро аз хориҷ киҳо пуштибонӣ мекунанд, вале гуфт, “тамоми ҳизбу ҳаракатҳои динӣ аз сӯи доираҳои манфиатхоҳ пуштибонӣ шуда, ҳадафи онҳо тафриқаандозӣ миёни мусулмонон мебошад”.

Ӯ дар идома афзуд, “ҲНИТ омада-омада дар моҳи Рамазон як изҳороте ба СММ кардаву гуфтааст, гӯиё Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон барҳам хурдааст, ки ин ҳама сафсатаҳои бемаънӣ ва дурӯғ мебошад. Дар моҳи Рамазон ин гуна кор кардан аз нигоҳи Ислом нест. Бояд ҲНИТ ҳадди ақал инсоф мекарду дар моҳи Рамазон ин корро намекард, чун моҳи Рамазон моҳи ухувату бародарӣ аст”.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар номаи шикоятие унвонии Дабири кулли Созмони милали муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви гуруҳи тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон - Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон аз фишорҳои зиёди мақомот хабар дода, хостори мудохилаи онҳо ба вазъияти мавҷуда шудааст.
Мӯҳр
боби мулло, ягон заррае норохат нашаве. хамаш айби хамин мардуми кухани Душанбе, ба мардуми баъди соли 1993 ба шахр омадагон факат кассаму дуругу ва бо падару модар бо харфи ТУ мурочиат карданро ибрат додаанд. охиста охиста хамаш чо ба чо мешавад. Ба хама рузадорони мардуми Точикистон тан сихативу имону инсоф хохонам.
Озодагон, хамчунин ба Шумо, ки аз хар навигари, хабар медихед.

масчохи
Нахзатиен чаноби муфти кори хуб кардаанд.Акалан намешуд муфти ин рафторхои хукумат бар зидди нахзатиро миенарав шуда бо хуби халлаш мекардед е ин ки аз мансаб махрум мешавед .

точики
Ту дар минбар хакки мудохала ба ин мавзуро надори ин сиёсат хаст миёни хизбу хукумат Ту ин чо чи мехохи
Фаромуш накун ки пеш аз Ту низ буд у холо дар зери Хок мехобад, аммо у ба нахзатихо гуфтабуд агар хама фармудахои он хочахоро ман ичро мекардам кайхо аз дин мерафтам . ...

Яке ба хнит зулм мекунаду золими. Дигаре аз номи дин ба гушат насихати бародари.
Аку ме фора шон ки пашша дигар дар пешашон быз нага.

Ogoh
Чаноби муфти фардо назди Аллох ба ин чи чавоб медихи? Мардумро гуфтем гулу гаранг хастанд , о Аллох аз хама чи бохабар куууу!

Abdullo
Dar mohi sharifi ramazon gimnazyai islomira bastand,in kadar xinandaho ba har taraf pareshon,karib hazor javon duxtar mexondand,aknun onho be hijob meshavand,hej gap ne aaa,,umuman xafa nashuded ku..
Masxara bozi ham ba meeri xudash budagist..Дарвеш,

Юсуфчон
ХУДАКТА ИКА ГАМ НАТЕВУ НАРАНЧ. МАРДУМИ ШАРИФИ ТОЧИК ХУДШОН ХУБ ФАРК МЕКУНАД РОСТА АЗ ДУРУГ. МАСЧИДОРА БАСТАН - ХАП. САТРУ ХИЧОБА МАН КАДАН - ХАП. ТО 18 СОЛА БА МАСЧИТ МАНЪ - ХАП ВА ..... АНА АКУ АЙ БОЛОШОН КИ ШИКОЯТ КАДИ БЕДОР ШУДАНЕЕ. БО МЕРАНЧИДИЯН ГУЁЁ )))) АЙБАЙ. СИЁСАТ НАМЕЗЕБАТ .

Ислохотхох
Чаноби Абдулкодирзода фарзи Худоро инкор мекунанд дилат намеранчат, то 18 масчид намеравад дилат намеранчад... Агар болои хнит фишор бошаду аз хукукхои худ истифода кунад дилат меранчад??? ин як шармандагист дар ин мохи бузург, ки хукумат шарм намедорад дар оинаи нилгун наворхои фахшангезро мемонад хай ба андешаи шумо аз ххдт хеч кас чунин кор намекунад?

СУХРОБ
НАХЗАТИХО НЕ ТЕРОРИСТХО ПЛАНОТОНА ХУКУМАТ БАРБОД ДОДЕСАЙ

мухтарам Сайидмукаррам Абдулқодирзода ман дар як муассисаи таълими кор ва фаъолият мекунам дар муассисаи таълимии мо буданд хонандагоне, ки бо либоси точики ва руймол ё сатр ба дарс меомаданд ё муалимахое буданд, ки бо либосхои точики руймол ё бо сатр буданд ва фаъолият мекарданд аммо рохбари муассиса ба онхо ичозати пушидани ин хел либосро надод гуфто ки инхел мумкин нест дар муассисаи таълими фаъолият кардан. Ва дар байни муалимахо як муаллимае буд, мини юбка бабар мекард, ки аз зону поёнаш луч буд ва як куртаи кутохе дошт ки ... метофт хулоса як либоси шахватонае дошт ва бо хамин ахвол назди хонандагон баромада дарс мегуфт хонандагон ки ба воя расидаги буданд дарсро нею уро тамошо мекарданд магар ин расми усули мост магар ин муаллима ба хонандагон ба мисли давлатхои европа дарси шахватпарасти дарс медихад пас ин хонандагон ё духтарони наврас аз муаллимаи худ хамингуна либоспуширо меомузад пас чаро барои ин хел либоспуши ичозат хаст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)