Вазорат: Ҳар нафаре то охири намоз намеистад, ғайриҳанафӣ аст!
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳар сокини кишвар, ки намоз ба поён нарасида, масҷидро тарк мекунад, ҳамчун пайрави равияҳои ғайриҳанафӣ дониста хоҳанд шуд.
Бароталӣ Ҳамитзода, сардори Воҳиди махсуси Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 3 июл дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе гуфт, “нафароне, ки дар вақти намозгузорӣ тартибро риоя накарда, аз байни намоз хеста мераванд, ҳамчун узви равияҳои ғайр дониста шуда, нисбати онҳо чораандешӣ мешавад”.
Ба гуфтаи Ҳамитзода, ҳоло дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намозгузорон барои шиносоии пайравони равияву ҳаракатҳои ғайриҳанафӣ гуруҳҳои корӣ ташкил шудааст: “Дар ҷумҳурии мо бояд як мазҳаб - мазҳаби Имоми Аъзам амал намояду фаъолияти дигар мазоҳибу равияҳо бар асоси қонун манъ мебошанд. Ба хотири ошкор кардани чунин равияҳо аз ҳисоби намозгузорон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуруҳҳои корӣ ташкил шуда, аъзои ғайримазҳаби Ҳанафияро ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидан пешниҳод мекунанд”.
Намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъкид кард, ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ қарорҳое алайҳи ришу ҳиҷоб гирифта нашудааст ва иқдомоте, ки роҳандозӣ мешаванд, ба хотири гиромӣ ва нигаҳдошти фарҳангу арзишҳои миллӣ мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |