Бахшҳо

Наметавон дар як замон ҳам боғурур буд, ҳам шукронаи мардикорӣ кард

Азизи НАҚИБЗОД

Медонем, ки ниёконамон худро аз табори озодагон мешумурданд ва зиндагиашонро бар мабнои нангу ор ва номус устувор медоштанд. Ин асосҳо имрӯз низ барои бунёди як миллати вораста ҳамчунон муҳиманд.


Идеологҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳам дар оғози истиқлоли кишвар барномаҳое рӯи даст гирифтанд, ки мақсадаш боло бурдани эҳсоси ғурури миллии шаҳрвандон буд. Аммо ин барномаҳо онқадар муваффақ нашуданд чун дар баробараш ғояҳое зиду нақиз мисли фалсафаи шукрона дар шууру майнаи мардум ҷой карда шуд. Охир наметавон дар як замон ҳам боғурур буд ва ҳам шукронаи мардикорӣ кард. Вале дар ин хусус гуфтему гуфтанд. Ҳоло дар мавриди ҳиммат мегӯем, ки низ барои сохтани миллат сахт зарур аст.

Ба назар мерасад, он қадар ки миллати мо ғурурашро ба хок яксон намуда, ҳимматашро ҳам аз даст додааст. Дар Маскав бо тоҷикони муҳоҷир вохӯрдам, ки мегуфтанд: “Ҳазор шукр, ки солҳои пеш инҷо меомадем, то пули 2-3 халта гандум кор кунем, ҳоло меоем, ки телевизор харему тӯй кунем”. Дар ин гуфтаҳо тамоми буду шуди ҳиммати як тоҷик хулоса мешавад. Ҷои афсус аст, албатта.

Аслан миллатсозӣ кори соддае нест. Барои бунёди миллат аз боғча ва филмҳои тасвириву адабиёти кӯдак корро оғоз бояд кард. Пас мактабу донишгоҳу адабиёту синамову театру расонаҳо боястӣ бар сари кор бошанд.

Дар филми гурҷие дидам, ки гурҷиеро тӯфони ҳаводис баАмрико бурда ва дар оғози рӯзгораш роҳу равиши зиндагӣ дар Амрикоро наёфтааст ва аз бепулӣ ранҷ мекашад. Рӯзе ки ҳамагӣ 6 доллар пул дошт ба қаҳвахонае медарояд ва як финҷон қаҳва мефармояд. Қиммати қаҳва 4 доллар буда, гурҷӣ 4 доллар пули қаҳваро ҳисобӣ намуда, 2 доллари дигарро ҳам ба пешхизмат “чойпулӣ” медиҳад. Дар ҳоле, бо ун 2 доллар метавонист бо трамвай ба ҷои зисташ равад. Вай чандин килуметр роҳро пиёда тай мекунад, аммо ғурури гурҷиро гиромӣ медорад. Ӯ бо ин амалаш мехоҳад нишон диҳад, ки гурҷиҳо мардуми боҳимматанд ва дар ҳич кадом ҳолате паст намефароянд.

Шумо дар кадом филми тоҷикӣ дидаед, ки аз ҳиммати тоҷик чунин васф кунад? Ё дар кадом китоби адибони тоҷик хондаед? Имрӯз тоҷик бо дарёфти маблағ барои харидани телевизор ва тӯй аз мардикорӣ дар Русия шукрона мекунад. Вале Зураб Тсеретелии гурҷӣ дар назди Кремлин галереяи шахсии худро дорад. Тасаввур мекунед, дар чанд гектар, дар дили Маскав. Ба замми ин ки президенти академияи хунари Русия асту асосгузори музеи санъати муосири Маскав. Инҷо танҳо як намояндаи қавми гурҷиро мисол овардам. Гурҷиҳое, ки дар Русия ва ҷаҳон ба қуллаҳо расидаанд, зиёданд.

Ташкилотҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ба шаҳрвандони мо маоше медиҳанд, ки нисбати моҳонаи ҳамин ташкилотҳо ба шаҳрвандони дигар кишварҳо медода чандин баробар камтар аст. Барои чӣ? Барои он ки лоиқ ба ҳимматамон аст.

Вақте қазияи бозори Шаҳритуз ва бигӯмагӯи Бурҳон Абдуллоев ва Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президент ба миён омад, тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тарзе амал намуданд, ки кор ба фоидаи додарарӯси президент ҳал гардад. Аммо касе нагуфт, ки бародарҳо инҷо масъалаи ҳимматро низ ба назар бояд гирифт. Нисфи бозор он ҳам дар ноҳия чӣ аст, ки ҳайсияти хонаводаи президет ва гузашта аз ин обурӯи кишварро зери суол барем?

Ва ин ки ҳаммиллатони мо ба мансабдорон хушомад мезананд, низ нишони беҳимматист. Ангор агар аз назари лутфи роҳбар дур бимонанд, аз гуруснагӣ мемурда бошанд.

Яке аз сабабҳои дар Русия мавриди масхараву истеҳзо қарор гирифтани тоҷикон ҳам ҳамин адами ҳиммати баланд аст. Барои як мард ончунон ки доштани нангу номус зарур аст, доштани ҳиммат низ шарт, балки фарз аст.
Мӯҳр
мали
Саакашвили губернатори Одесса, шогирдаш Кригашвили вазири тандурустии Украина, ана ғурури гурҷӣ, Кремл наздик аст девона шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)