Бахшҳо
26 июн 2015 15:45Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Тоҳомуҳаммадӣ: Тоҷикистониҳо худро порае аз тани Эрони бузург медонанд

Намояндаи Вилояти фақеҳ дар устони Ҳамадони Эрон гуфтааст, тоҷикистониҳо худро пораи тани Эрони бузург медонанд.

Оятуллоҳ Ғиёсиддин Тоҳомуҳаммадӣ, намояндаи Вилояти фақеҳ дар устони Ҳамадон пас аз сафар дар садри як ҳайат аз вилояти Хатлон гуфтааст, мардуми Тоҷикистон худро як пораи тани Эрони бузург медонанд: “Ҳарчанд 70 сол зери султаи комунист будан таъсири худро барҷой гузошта, аммо ҳанӯз расм ва ақидаҳои динии худро фаромӯш накардаанд”.

Намояндаи Вилояти фақеҳ, як ниҳоди низоми исломии Эрон ба хабаргузории “Форс” гуфтааст, кишвараш метавонад дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд ва ҳам пайёми Исломро тарвиҷ кунад. Вай бо ишора ба забони форсӣ ҳамчун омили муштараки мардуми ин ду кишвар афзудааст, “мардуми Тоҷикистон ба Эрон ва Имом алоқаманд ҳастанд ва давлати Эрон метавонад дар ин роҳ равобити байналмилалии хуб эҷод кунад ва кишварерро, ки ба Эрон гароиш дорад, аз кишварҳои куфр наҷот диҳад”.

Оятуллоҳ Ғиёсиддин Тоҳомуҳаммадӣ ва ҳайате аз Эрон зимни сафар аз Тоҷикистон аз маҳалли дафни Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, яке аз чеҳраҳои олами Ирфон низ дидан кардааст. Дар тавсиф аз Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Тоҳомуҳаммадӣ гуфта, “ӯ як дунёи покӣ, ҳимматбаланд, иродаи хастанопазир, арзишҳои илоҳӣ, мардумдӯстӣ ва хидмат ба мардумро дар худ ҷамъ карда буд”.

Ин намояндаи Вилояти фақеҳ бо ишора ба ин ки сафири Эрон дар Душанбе аз аҳли вилояти Ҳамадони Эрон аст, зикр намуда, “дар он ҷо лозим буд, бо шахсиятҳои динии Тоҷкистон, чеҳраҳои сиёсӣ монанди намояндагони маҷлис, устондорон ва сармоягузорон, иртибот барқарор шавад, ки ин иттифоқ ба хубӣ рух дод”.
Мӯҳр
Ёдовар мешавем ки забони давлатии Ҷумҳурии
Тоҷикистон ки расман “забони тоҷикӣ” номида
мешавад, аслан забони форсӣ аст ва бино бар додаҳои
торихӣ ва забоншинохтӣ, дунболаи забонест, ки аз
замони Ҳахоманишиён (порсии бостон), Ашкониён
(паҳлавӣ), Сосониён (порсии миёна) ва рӯзгори
Сомониён (порсии нав ё порсии дарӣ ё форсӣ) то
Манғитиён, яъне аз соли 558 пеш аз милод то соли
1920 милодӣ, камобеш 2500 сол, забони кишвардориву
диндориву донишу адабу фарҳангу ҳунар дар Эрону
Турон будааст. Агар забон ойинаи фарҳанг аст, пас
забонамон бояд фарҳанги 2500-солаи
кишвардориямонро низ бозтоб диҳад. Зинда бод дустии Точикистон у Эрон ва Афгонистон..... Мо кор надорем ба масхабу пайравии онхо лекин мо Форси забонем ва аз Форси забон будан фахр мекунем..... Забони мора бо Форси буданаш эътирофу арц мегузоранд.....

ислом.70mail.ru
Озодии дар кафас буда! Чаро кометарихои маро чоп намекуни? Охир ман факат хакро менависам е ки мадху ситоиш кунам баъд чоп мекуни? Е ки ягон сухани зидди сиесат гуфтам ки чоп накарди? Факат ту монда буди ки каме дили мо тасалло мегирифт акнун ки ту хам дар фасод олуда шуди фикр мекжунам? Агар аз хад гузаронда бошам бахшиш. Бародарони азиз албатта як каф хоки пои хаммилатамро яъне мардуми Форсро ба миллиард Араб намедихам. Зинда бод миллати Форсу Точик. Соле дар Аврупо бо як таксисти Эрони тасодуфан во хурдам вакто ки бо хамрохам сухан гуфтем у аз хурсанди зор зор гиря мекард ки шумоен хамзабони ман будаед, ин худ нишонаи хамхуниро нишон медихад. Биеед бародарони азиз бозичаи дасти бегонахо нашавем. Худованд мову шуморо аз фитнаи замона нигах дорад ОМИН.

Бигзор хамзабон бошем,бигзор бародар бошем лекин мо худро ягон порае ё чузъи ягон давлат хис намекунем.Мо ТОЧИК ва ТОЧИКИСТОНием!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)