Бахшҳо

Рашт: Қатли модар аз дасти писару келини “зинокор”

Раёсати умури дохилии Рашт як сокини 24-солаи ноҳияро ба иттиҳоми қатли модари 61-солааш боздошт кардааст.

Тавре аз Вазорати умури дохилӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дастгиршуда дар пайи он ки модараш шоҳиди ҳамхобагии ӯ бо ҳамсари бародари муҳоҷираш шудааст, даст ба куштори ӯ задааст: “Модараш санаи 4-уми июни соли равон соати 14:00-дақиқа шоҳиди он шудааст, ки дастгиршуда бо ҳамсари 25-солаи бародари муҳоҷираш муносибати шаҳвонӣ менамояд. Модари 61-солаи гумонбаршуда, ин ҳолатро дида, писарашро барои ин амали ғайриинсонӣ сарзанишу маломат карда, таҳдид мекунад, ки ӯро ба кормандони милитсия месупорад. Ҳамсари бародараш ба таҳлука афтода ба гумонбаршуда мегӯяд, ки акнун модарат сирри моро дар байни ҳамдеҳагон паҳн карда, моро шарманда мекунад. Барои ҳамин ту бояд ягон кор кунӣ, яъне модаратро ба қатл расонӣ”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҷавон маслиҳати ҳамсари бародарашро қабул карда, тақрибан соати 15:00-и рӯзи 4-уми июн, замоне, ки модараш барои гирифтани об меравад, бо тахта ба тарафи чапи сари модараш мезанад: “Гумонбаршуда модари азҳушрафтаашро ба ҳаммом партофта, баъди 3 соат доду фарёд мезанад, ки гӯё модараш бемории сактаи дил доштаасту ҳангоми ба ҳаммом даромадан, ғалтида ба ҳалокат расидааст”.

Манбаъ афзуд, ҷанозаи модар 5-уми июн ба хок супорида шуд, вале дар пайи тафтишот баъди 16 рӯз асли воқеа маълум ва муттаҳам боздошт гардид: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
Точики асил
Хукми катл ё сангсор намудани писару келин. То ба дигарон панд шавад.

Токатбой
Усмон,Дар Шурави на масҷид буду на муллои хондаги. Ҳама мусулмон буданду адлу инсоф доштанд. Инро би ки Худо дар инс арзаминчи ҳодисаҳоеро додааст!

Худованд точикистони моро нигадора аз ин бадбахти басари мо омадара курбони,

курбони,Ин чо ислом чй дахл дорад?Дар мамлакатхои исломй чунин чиноятхо каманд магар?

Насим
Ба "Аллох"-ном Аввало номи худатро навис ин минтака чиро ва киро дар назар дори чангал хама хайвонро дорад худо чумла муминро инсофу эмон дихад махалгарои накунед зодаи душанбешахр точикам ман

Saif
Ачабо....ба ин мардум чи шуда бошад? харруз як хабари шум..яке аз дигаре бадтар...яке занашнро катл мекунаду дигаре хушдоманро ва инак модарро... Аллох хидоят кунад миллати моро!! ба сари одамони хайвонсират фикрхое меояд, ки акли шайтон намегирад... хамаи ин аз беимони аст!!.. беимон ,Худонотарс ба хар кор кодир аст...

Амирали
Азам,
Азам,
Ахмадчон,

хакикат талх аст
Худованд рахмат кунад! Ин аввалин натичахои бастани масчидхову тарошидани ришу гирифтани сатр аз сари занон аст


Адл
Бечора бародар дар Россия машаккат кашидаву ин ду худозада ин чо барномаи дом 2 танкиди карданд. Рафторе, ки инхо карданд ягон одами солимакл намекунад . Ба модари хеш, ки чунин вахшониятро раво дидаанд, бигузор худованд чазои ин ду палиди русияхро дихад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)