Бахшҳо
23 июн 2015 11:15Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

АКС: Гулмурод Ҳалимов кушта не, маҷруҳ шудааст

Наздикони Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи “ОМОН”-и Тоҷикистон мегӯянд, хабари кушта шудани ӯро нагирифтаанд. Ба иттилои онҳо, ин хабарро мақомоти тоҷик низ тасдиқ накардаанд ва аз шарикони Гулмурод ҳам дар ин бора хабаре нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки зери номҳои мустаор аз созмони террористии “Давлати исломӣ” ҳимоят мекунанд, хабари кушта шудани Гулмурод Ҳалимовро рад карда, навиштаанд, ӯ дар пайи як амалиёт танҳо аз пояш ҷароҳат бардоштааст. Онҳо инчунин аксҳои Гулмурод Ҳалимовро нашр кардаанд, ки бо сару пойи докапеч бистарӣ мебошад.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, феълан иттилои дақиқе дар мавриди вазъи Гулмурод Ҳалимовро надоранд ва хабарҳо дар мавриди маргу маҷруҳшавияшро таҳқиқ хоҳанд кард.

Сомонаи хабарии “Арабӣ пресс”-и Лубнон аз ҳалокати Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон хабар дод, ки ду моҳи қабл ба созмони террористии “Давлати исломӣ” пайваст.

Сомона бо такя ба манобеи маҳаллиии худ иттилоъ додааст, Гулмурод Ҳалимов якҷо бо фармондеҳи дигари “ДИИШ” -- Абу Умар Чеченистонӣ рӯзи ҷумъаи гузашта дар шаҳри Муҳассан мавриди ҳамлаи ҳавоии артиши Сурия қарор гирифтааст: “Дар пайи зарбаи мушакии артиши Сурия биное, ки он ҷо бо иштироки Ҳалимов ва Чеченистонӣ ҷаласа ҷараён дошт, хароб шуд. Ҳалимов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, дуюмӣ ҷароҳати вазнин бардоштааст”.

Ба иттилои манбаъ, Ҳалимов бо Чеченистонӣ ду корвони бузури техникаи ҳарбиро аз Ироқ интизор буданд ва ният доштанд, баъди гирифтани яроқ пойгоҳи ҳарбӣ-ҳавоии минтақаи Дейр-аз Зуриро мавриди ҳамла қарор диҳанд, “аммо соати 11-и шаб дар пайи зарбаи ракета биное, ки дар он ҷо ҷаласа баргузор гардидааст, хароб гашт”.

Ба иттилои манбаъ, субҳи шанбеи гузашта ду корвони мошин, яке бо ҷасади Ҳалимов ба тарафи Ироқ ва дигаре бо Чеченистонӣ маҷруҳ ба тарафи Раққа ҳаракат карданд: “Дар пайи ҳамла дар шаҳри Муҳассан амалиёти густурдаи ҷангиёни ДИИШ оғоз шуда, дар шаҳри Раққа, беморхонае, ки дар он Чеченистонӣ табобат мегирад, таҳти муҳофизати шадид қарор гирифтааст”.

Гулмурод Ҳалимов, ки 27-уми май пас аз як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод, феълан бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, ин ниҳод бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 (иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо) алайҳи Ҳалимов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Манбаъ меафзояд, инчунин нисбат ба Ҳалимов бо иҷозаи додгоҳ “чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона” татбиқ гардида, ҳоло исми ӯ дар кофтукови байналмилалӣ қарор дорад.


АКС: Гулмурод Ҳалимов кушта не, маҷруҳ шудааст

АКС: Гулмурод Ҳалимов кушта не, маҷруҳ шудааст
Мӯҳр
salom bar tamomi mardumi Tojikiston, man Gulmurod Halimov hastam, shukri khudovand holam khubast, va tashakuri ziyd az tasakiaton. bazudi insho Allah ba Tojikiston khohem bargast. intizor boshed kheloham nazdik shudast...

Абдулло
О бача кариб бихишта харид... Ду се нафари дигарро куш мехари хах... Латхурии пойхоят маънои онро дорад, ки як поят дохили чанат рафт бокибонда не. Агар одами беачал намурад хам ту марав бар дахони аждар. Саъди гуфта буд...Ба фикрм хози фикр дора бихишт мерам мерава чашмоша мекушоя, ки дузахаю... Акалан Кулмурод мегуфт, ки кадом акида уро гумрох кард барои дигарон ибрат мешуд... Бароят дуо намекунам зеро ба миллатам хийонат карди!

555
гар суи хато рафт у аз бахри худо рафт.
бигзашта зи бахри хамаи айшу сафо рафт

Сарфароз
Ба Куруш

Аз ин шеъри бемаъният Олуча гули бодом, ман чойрезаки додом хуб нест магар.
Вазн мурдаги, кофия нол. Барои даъвои шоири холи ёши.

Э Абдулло кандта бзан. Патриотбой

калом
алаҳи Ҳалимов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст (?)

Аз марг чои гурез нест зар яки мо низ хохем мурд ва набояд ба марги якдигар шод шуд.
И шахс гуе ба сафи ДИИШ дромадай хато кардай ира худшам медона наке афсус дер шуд у барнамегардад. Ва хеч чизе бесабаб нест дар ин олам ва амали у низ ягон сабабе дорад. Имруз дар чамияти мо ки кариб хама Алхамдуллиллох мусалмонем карорхоеро мебароранд ки мутобики шариат нест е ба иззати нафси халк мерасад бисерихо токат мекунанд аммо шахсоне хастанд ки нангашон ба ин рох намедихад ба набастани сатру маньи хичобу риш ва пастзании харрузаи аьзоени ХИНТ .

банда
Ин нишонаи бандаро задани худост

куруш
дустам сарафроз
гар шеъри мо зи колаби одоб растааст
аз колаби мухаббати механ бурун начаст

Кулябец
Марг хамаро дастгир мекунад аз вай халоси нест!! Лекин барои марги касе хох дунман хох гайри дин шоди ё киноя нагуед .

кулоби
Коми ба ватани худ хиенат мекунад сазояш чунин хаст

хахаха кори хирс кариб тамом иншоолох

хахаха капаш дуд кард камбахала кати кисохои орзухои осмониш

Занчони
Аз мирии мо мардум агар гушна бимиранд.
З-он бех ки бимирем аз ин миршуданхо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)