Коршиноси рус: Тоҷикистон ба наздикӣ зери фишори иттилоотии ИМА қарор мегирад
Дмитрий Попов, роҳбари маркази таҳлилию иттилоотии Пажуҳишгоҳи тадқиқоти стратегии Русия дар минтақаи Урал гуфтааст, Тоҷикистон ва Қирҳизистон дар наздиктарин фурсат зери фишори шадиди иттилоотӣ аз ҷониби ИМА қарор мегиранд.
Ӯ гуфтааст, чанде пеш рахнагарон (ҳакерҳо)-и гуруҳи “Киберберкут” маълумотеро интишор доданд, ИМА қасд дорад иттилооти иғвоангезеро нашр кунад, ки миёни Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ, ба мисли Укроин тафриқа биандозад ва дар ин росто кишварҳое интихоб шудаанд, ки ба Русия муносибати хуб доранд.
Ин коршиноси рус изҳор намудааст, ки қисмати асосии маблағҳо дар доираи барномаи ҷамъияти сиёсии Амрико ба Тоҷикистон ва Қирғизистон равона шудааст. Барои мисол, - гуфтааст Попов дар такя ба мақолаи “Пуштибонии иқтисодӣ” (Economic Support Fund),-Амрико соли 2016 барои дастгирии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои Қирғизистон $41,5 миллион ва барои Тоҷикистон $22,9 дар назар гирифтааст. Илова бар ин, баъзе маблағгузориҳо тавассути сохторҳои вижа, бунёдҳои хусусии амрикоӣ, ниҳодҳои мутаҳидаи аврупоӣ, ки борҳо аҳ ҷониби Департаменти давлатии Амрико пуштибонӣ ёфтаанд, карда мешавад.
“Вазифаи маҳдуд кардани таъсири Русия дар Осиёи Марказӣ ҳеҷ гоҳ аз барномаи кори хадамоти сиёсати хориҷӣ ва махсуси амрикоие, ки дар минтақа вуҷуд доранд берун нашудааст. Ҳоло тамоюлоти аввалдараҷа ҳамгироии авруосиёӣ, таърихи умумӣ, низоъҳои қавмию ҳудудӣ ва тафсири ҳаводиси Укроин мебошанд. Мавзуъҳое таҳти султа қарордан, аз қабили ҳуқуқи инсон, мубориза бо терроризими ҷаҳонӣ дувумдараҷа шудаанд”,- изҳор доштааст Дмитрий Попов.
Ба назари Попов, Тоҷикистону Қирғизистон дар ин авохир бисёр иштироки фаъолона дар раванди ҳамгироиҳо бо Русия доранд ва мушоҳидаҳои охир нишон медиҳад, ки ниҳодҳои амрикоӣ ва ғарбгаро дар Осиёи Марказӣ аз шаклҳои анъанавии иттилоъпароканӣ (телевизион, радио ва матбуот) даст кашида, бештар ба Интернет таваҷҷуҳ доранд. Дар ин замина Амрико барномаҳои вижа барои таъмини фанниву молиявии интернетжурналистон ва блогерҳоро рӯйи даст мегирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |