Иршод СУЛАЙМОНӢ
Баҳси хатари вуҷуди “Давлати исломӣ” ба кишварҳои Осиёи Миёна дар ин авохир бисёр доғ аст. Хусусан, аз ҷониби Русия ва расонаҳояш мавҷ-мавҷи воҳима ба фазои ин кишварҳо ворид мешавад, ки сарҳадоти худро маҳкам бидоред. Ва агар наметавонед моро ба сарҳади худ бихонед.
Дар ҳақиқат “Давлати исломӣ” имрӯз “устухоне дар гулӯи таърих” аст. Ин лоиҳаи сиёсӣ, ки маълум нест хостгоҳаш куҷост, дорад ба мушкили рақами яки ҷаҳон табдил мешавад. Масире, ки ба ин гуруҳи худсохта аз ҷониби қудратҳо сохта мешавад ба Осиёи Марказист. Ҳамин пиндор дар гуфтугӯйи сиёсатпардозони кишварҳои абарқудрат шакл дода мешавад. Хусусан гуфтугӯҳо сари ин аст, ки яке аз кишварҳои давру бари мо 70 миллиярд доллар гирифтааст, то ҷойгоҳе барои ҷангиёни “Давлати исломӣ” бидиҳад.
Нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбарии Русия аз хатароти ин гуруҳ мантиқист. Вале дар баҳсҳои марбут ба ин ҳамчунин гуфта мешавад, ки омили вуруди ҷангиёни “давлати исломӣ” ба кишварҳои ОМ бо омилҳои дохилӣ якҷо шуда хатари инқилобҳо ва табаддулоти сиёсиву давлатиро ба миён меорад. Аз ҷумлаи омилҳои дохилӣ аз ҳама хатарзо қишри норозӣ дониста мешавад.
Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия рӯзи 20 май дар нишасти мақомҳои амниятии кишварҳои узви СПАД (Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ) дар Суғд гуфт, "ҳодисаҳои, ба истилоҳ, баҳори араб ва ҷанг дар Сурияу Ироқ, вазъ дар Қафқози Ҷанубӣ, Украина ва атрофи он зуҳури таҳдидҳои нави ҳарбӣ ва ҷо додани он дар фазои иттилоотиро ба таври аёнӣ ба намоиш мегузоранд".
Дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, "дар муборизаи давлатҳо аз барои манофеи худ "каҷравиҳо" - истифода аз зарифиятҳои норизоии ҷомеа, созмонҳои тундгаро ва эктремистӣ, сафарбариҳои ҳарбии хусусӣ - як амали маъмулӣ шудааст”.
Ба қавли Патрушев, ин гуруҳ (“Давлати исломӣ”) метавонад аз қишри норозии кишварҳои пасошӯравӣ истифода кунад. Қишри норозӣ дар ҳақиқат омили аз ҳама хатарзои иҷтимоӣ барои сарнагун шудани низомҳо ва табаддулоти давлатӣ мебошад. Намунаи барҷастаи он ҳаводиси “Баҳори араб” аст, ки ҳоло муҳим намебошад, ки ин ҳаводис худҷӯш буданд ё Ғарб роҳандозӣ мекард. Асл ин аст, ки қишри норозӣ омили калидӣ дар сарнагун шудани низомҳои 30-40 солаи осиёиву африқоӣ буд.
Дар кишварҳои ОМ қишри норозӣ ҳарчанд, ки дар асоси тадқиқоти мушаххас шиносоӣ нашудааст ва илман баҳогузорӣ нагардидааст, вале ба назар мерасад, ки хеле кам нестанд. Хусусан, ҳаводиси Андиҷони Узбакистон дар соли 2005, Жанозени Қазоқистон дар соли 2011, ду таҳаввулоти давлатии Қирғизистон ва чанд ҳодисаи хурди дигари Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин қишр хеле ҷиддӣ шакл гирифтаанд.
Қишри норозӣ қишреанд, ки бо амалкарди ҳукумат, мансабдорон ва ё сохторҳои алоҳида розӣ нестанд. Шакл гирифтани ин қишр нишонаи набудани адолат, риоя нашудани қонун, дуруст набудани роҳбарӣ, мавҷудияти коррупсия ва қонунӣ истифода нашудани зарфият ва дороиҳои давлат мебошад.
Норизоятӣ ҳама вақт вокуниш аст, посух аст. Ба сифати васоили эътироз ҳама зарфиятҳо (равонӣ, физикӣ ва зеҳнӣ) истифода мешаванд. Эътироз вокуниш ба шароити мавҷудияти инсон аст: агар шароит ба талабот ва озодиҳои дарунии инсон мувофиқ аст, норизоятӣ ва бархӯрд ба вуҷуд намеоянд. Вале агар шароит барои инсон созгор нест он ё эътироз мекунад ё итоат. Аз назари фалсафаи иҷтимоӣ эътироз нишонаи руҳи озодихоҳӣ, вокуниши озодӣ ба ноозодӣ аст.
Қишри эътирозгар бештар дар пайи омилҳои норозӣ будан аз низоми сиёсӣ, низомҳои саркӯбгари идоракунанда ва бисёр дур будани ҳокимият аз ҷомеа мебошад. Қишри норозиро бо силоҳи кимёвию, ҷанги бактерологӣ ва эъдом намешавад аз байн бурд. Саркӯб кардан ҳам дар кишварҳои гуногун натиҷа надод. Хусусан, таҷрибаи Мисри даврони Муборак инро хуб бозгӯ мекунад. Ҳамаи қишри норозиро намешавад ба маҳбас кашид ва ё бо зери фишор гузоштан аз онҳо халос шуд.
Қишри норозиро бояд шинохт ва онҳоро бояд розӣ кард. Дар ҳама кишварҳо барои кам кардани хатари қишри норозӣ ба субот ва амнияти давлат ҳамеша таҳқиқоти густарда ва илмӣ гузаронда мешавад. Дар Тоҷикистон чунин як таҳқиқот шуда ё не маълум нест, ба ҳар ҳол барои ҷомеа дастрас нашуд. Вале қишри муътариз дар Тоҷикистон ҳам шакл гирифтааст. Гуруҳи норозӣ аз ҳукумат ҳамеша ҷойе мекобад худро онҷо бизанад ва ҳаракатҳояшро шакл бидиҳад. Яке аз омилҳое, ки ҲНИТ дар соли 2010 дар интихоботи порлумонӣ райъи бештар гирифт худро ба онҳо задани ҳамин қишр дониста мешуд. Ҳамин ҳодиса бозгӯ кард, ки ҳама чиз мисле, ки “Шабакаи якум” нишон медиҳад нест ва қишри норозӣ ҷиддан шакл гирифтааст.
Ҳоло ки ниҳодҳои амниятии СПАД дар ҷаласаи худ дар Тоҷикистон қишри норозиро аз авомили эҳтимолие донистанд, ки дар баробари хатароти “Давлати исломӣ” омили барҳамзанандаи субот дар ин кишварҳо метавонад бошад. Таҷрибаи кишварҳои олам нишон медиҳад, ки ягон роҳи поин бурдани хатари ин қишр розӣ кунондани он аст. Роҳҳои розӣ кунондани он ҳам маълум аст. Вале як чиз дақиқ аст, ки саркӯб кардан яке аз ин роҳҳо нест.