Бахшҳо

“Гузашт”-и Ҳалимов Тоҷикистонро "ангуштнамо" кард

Пайвастани Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи дастаи таъиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон ба созмони экстремистии “Давлати исломӣ”, кишвари моро дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор додааст.

Тавре низоми ҷустуҷӯии Гугл нишон медиҳад, танҳо давоми чанд соати охир беш аз 100 расонаи русзабон хабари пайвастани полковники тоҷикро ба “Давлати исломӣ” нашр кардаанд. Аз ҷумла BBC Russian, Интерфакс, РИА Новости, Взгляд, Звезда, телеканал ДОЖДЬ, Московский комсомолец , Новая газета, ГОЛОС АМЕРИКИ, Вести.Ru, Полит.ру, Русская Служба Новостей, Комсомольская правда, РБК, 9 канал Исроил, ЕвроСМИ, FederalPress World News , Русская Служба Новостей, НТВ ва даҳҳо расонаи дигари ИДМ ин хабарро нашр карда, бархе аз расонаҳои Русия таъкид бар он кардаанд, ки собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон даъвои бозгашт ва барқарор намудани хилофат дар Тоҷикистону Хуросонро кардааст.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносонони дохилии Тоҷикистон низ пайвастани фармондеҳи воломақоми тоҷикро ба ҷабҳаи созмони террористӣ амали нангин барои кишвар хонда, Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ҳатто масъалаи истеъфои тамоми роҳбарони мақомоти қудратиро ба миён гузоштааст ва аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон даъват кардааст, ки сиёсати кадрияшро бозбинӣ кунад.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки як моҳ қабл аз шаҳри Душанбе бедарак шуд, рӯзи 27-уми май тариқи як навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба созмони “Давлати исломӣ” хабар дод.

Хабаргузории “Азия Плюс” дар пайи нашри ин хабар аз қавли як ҳамхидмати Ҳалимов, ки нахостааш номаш зикр шавад, иттилоъ додааст, ки Ҳалимов чанд сол қабл бо дастури Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои узвияташ дар ҳаракати “Салафия” аз мақомот ронда шуд: “Аммо баъди чанде дубора ба кор барқарор шуд ва унвони фармондеҳро низ гирифт”.

Мусоҳиби “Азия Плюс” изҳор доштааст, ки полковник Ҳалимов миёни ҳамхидматонаш нуфузе надошт ва ягон вақт қобили эътимод набуду наметавонад ҷонибдорон пайдо кунад. Ин ҳамхидмат афзудааст, ки Ҳалимов ҳатто дар ҳаққи Олег Захарченко, собиқ фармондеҳи “ОМОН”, ки зимни як амалиёт дар Рашт кушта шуд, ҳарфҳои нораво мегуфт: “Дар ҳоле, ки Захарченко барои кормандони “ОМОН” фармондеҳи воқеӣ ва як шахси нотакрор буд”.
Мӯҳр
Афсар
Агар вазири мвд каме нанги афсарӣ дошта бошад, бояд истеъфо диҳад.
Афсӯс, сад афсӯс, ки ҳатто ба қадри суханҳои Шабдолов ҳам намерасад.
Аз тарафи дигар ин нишонаи эътирози нафарони дохили системаи қудратии давлат аз беадолатӣ, фасод ва маҳалгароиси. Натиҷаи сиёсати "хирадмандонаи" кадрии ҳукумат аст. Ватандӯстиву ватанпарастиро ҳукумат танҳо дар гуфтану сурудану рақсу бозӣ медонад. Онҳо диданд ва медонанд, нафароне ки барои ин ватан ҷонашонро бохтаанд, аз ӯ чӣ "хизматҳо" дидаанд. Занону фарзандони нафарони қурбоншуда дар чӣ ҳолатанд.
Озодагон, чоп кунед, шояд нафари мехондагӣ аз он болоҳо пайдо шавад.

tojik xuja
BA KORGARONI AMNIYAT GUFTANIAM OXI CHARO SAXT NAMEQAPEN MANA HAMI SHAXS;Гулмурод Ҳалимов DAR DAVLATHOI ARAB XONDA TERORIST SHID IN BAGUMONI MAN YAK BADGUMONI VA NOUHDABAROI KORGARONI AMNIYAT HAST KI BO DIGARON BADGUMONI MEKUNAN VA AZ DARUNI XUD HARKOR MEKUNA VA BA HAR SOZMON MEPAYVANDAND

Ин аст окибати вазифахову унвонхои баланд додан ба чавонон. Охир онхо чавонанду, хисси милли надоранд ва лозим шавад дар 5 танга миллату давлаташонро мефурушанд....

Кулябец
Бародархо ин шахсро тахкир накунед! Мункин ягон проблема сари рохаш шудаасту ба Сирия рафтааст? Ё ноадолатиеро дидааст .
Бисёр аз Сирия рафтагонро наркоман эълон кардаанд, ё фанатик . Чи шуд, ки рохбари ОМОН ба Сурия рафт? Ин чо ягон сирре хаст!!!!

рустам
хай чи шудас агар чунин сиесати кадри бошад дигарон низ мераванд дар Точикистон тапнхо хешу таборхо мемонанд

Хокирох
Чаноби Оли! То кай ба рохбарони ноухдабарои худ бовар мекунед? Чи тавр шудааст, ки баъди бо айби хамкори бо Салафихо ва аз вазифа барканор шудан, у дубора ба вазифаи баландтар сохиб гардид. Ин магар хиёнат ба Шумо ва Давлат нест?

Абдулло
Окибат гургзода гург шавад гарчи бо одам бузург шавад.

ватандор
Лекин бародаро ман як чизро мехохам аз мушохидаам пешниход кнам.
Наворро ахамият дихед. сару либоси ин номарди ватанфуруш хамин хел тоза озода ки меги дар ягон бог сайру гашт дорад. Ин майдони чанг нест, шахрхои сурия ва ирок аз дасти чанг ба харобазор мубаддал гаштаанд...
и хоин бошад, тоза озода сайру гашт дорад, ку майдони чанг ку дигару дигар.... лаънат мехонам ба ин номарду хоине, ки ба сари мардуми худу ватани худ санг мезанад бо ангушт ишора мекнад... Точикистона бо ташаббусхои чахониаш мешиносанд имруз бошад дар сархати расонахо бо як бузаш карор дорад... мардум нангу номуси точиконаро фаромуш накнед. Хеч набошад ба хотири ояндаи тинчу ободи фарзандон талош варзем. Иншооллох ояндаи Точикистон нек аст агар мо муттахид бошем, дар гирди рохбари худ, аз давлатхое ки ба хоку хун огуштаанд сабак гиред.... Боки Худованд хамаи мову Шуморо нигох дорад

Одил
Бояд вазири корхои дохили барканоршаванд чун т бесмасулатиашонро нишон медихад дар базе кишвархо дар инхел холатхо то сарвазир бар канор карда мешавад агар барканор нашаванд худашонам имруз ё фардо баин созмонхо пайваст мешаванд

истефо истефо ана ку капатон дудд кард масчид хоро бастед чавононро ман кардед сатро ман кардед то чулуи ифротгариро гиред заначит точикистон хдш терорист омода мекардай ачоиб Баъдиин чавонони содаи мо фикрмекунанд ки ДОИШ хак аст ва сафшон эхтимоли зиёд биёр шавад Хак ба Шоди Шабдол истефо

БИСЁР СИГНАЛИ ЧИДДИ БАРОИ ХУКУМАТ. ЧОРАХОИ ФАВРИЮ МУШАХХСАС БОЯД, НА НОДИДА ГИРИФТАН! БОНГИ ИЗТИРОБ БОЯД ЗАД! ПАГОХ ДЕР, ХЕЛЕ ДЕР ХОХАД ШУД!

Патриот
Курнамак, худатро модаратро Ватанро фурухти агар ба хоки Точикистон кадам мони хар ду поятро мешиканам ва......................

Ин касофат Точикистонро бадном кард, у точик нест. Бигзор дар хоки хамон арабу давлати хорича несту нобуд шавад.

БАНДАЙ АЛЛОХ
Асалому алайкум бародарон
Дустони азиз ватан модар аст кадри ватанро донед дуст доштани ватан аз шохай имон аст пайгамбар ( С ) мегуяд дуст доштани ватан аз имон аст расулалох вакте аз ватан хичрат карда баромадан суй ватан назар карда гиря кардан бародарон ба фиреби ин гурухо фирефта нашавен хусусан дар россия дар точикистон гурухи 24 баромадагияй хамаш даст парвардай давлатхой абар кудратан инхо мехохан раисчумхур чаноби оли ва падари гамхори милатро аз байн баран ва точикистони азизи моро ба давлатхой хамсоя таксим кунан то дигар номи Рудакиву Руми гум шавад озодагон хохиш дорам чоп кун

МУХОЧИР
МО ДАР ИН ДУНЁ ХАМА МУРАНДАЕМ ИН БАРОДАРАМ МЕМИРАД

ТОЧИК
Экспэрт,
Ба фохишахо касе касдан хичоб напушонидааст. Ту чи хел эксперти, ки намедони солхои дароз фохишахои сатрпуш фаъолият мекунанд!!! Хама дузду гар холо хочиву хочибиви шудааанд.... Кадом як фиребгару харомхурро мебини хочи шудааст!!! Дин як никобе барои онхо гаштааст, зеро бечора мардум ба инсони диндор бовар мекунад. Барои хамин хама бозору магозахо пур аз фурушандахои ришдору сатрпушанд, вале дар аст аксарияти онхо дар фикри фиреби мардуманд. Номатро дигар кун, Экперт, зеро хамаи динхо як максад доранд, фиреби мардуми одди...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)