Бахшҳо
28 май 2015 05:34Тоҷикистон / Сиёсат

Командири "ОМОН" гуфт, “ба Давлати исломӣ пайвастам”

Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори тадвину танзимшудаи видеоие дар бораи полковник Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН-и Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон нашр шуд. Ӯ дар ин филм бо либоси сиёҳ, ки хоси ҷангҷӯёни гуруҳи ДИИШ мебошад, пайдо шуда ва худро муаррифӣ мекунад.

Гулмурод Ҳалимов дар ин филм, бо забони русӣ худро комилан муаррифӣ менамояд ва хотирнишон мекунда, ки дар Русия ва солҳои 2003 ва 2008 дар Амрико давраҳои омӯзишии низомиро гузаштааст. Инчунин мегӯяд, ки Академияи ВКД-и Тоҷикистонро бо рутбаи майор хатм намудааст.

Ҳамчунин мегӯяд, ки аз хурдсолӣ бо Ислом ошноӣ дошт ва намоз мехонд: “Замоне дар мактаб мехондам, таърихи тоҷикон, таърихи исломро омухтам. Онҳо чӣ гуна зиндагӣ мекарданд ва чӣ гуна бояд зиндагӣ кунанд. Замоне “Давлати исломӣ” пайдо шуд мегуфтанд, ки гуруҳи давлати исломӣ аст, вале дар воқеият ин “Давлати исломӣ” мебошад ва тасмим гирифтам, ки ба он бипайвандам. Ин ҷо шариат аст, шариате, ки дар Қуръон гуфта мешавад".

Ҳалимов дар ин филми 12 дақиқаӣ аз қавонини Тоҷикистон, ки ба назари вай мухолифи шариат мебошанд, интиқод мекунад. Ӯ дар хитоб ба муҳоҷирини тоҷик мегӯяд, "ғуломи кофирон набошед ва ғуломи Аллоҳ бошед". Ҳамчунин паёме хашин ба Амрико ва амрикоиён мезанад ва онҳоро ба он гунаҳкор мекунад, ки чӣ гуна ҷанговаронро омода мекунанд, то мусалмонҳоро бикушанд. Собиқ фармондеҳи "ОМОН" дар навор аз ҷаласаҳои Вазорати умури дохилӣ зикр мекунад, ки ба гуфтаи ӯ роҳбарони ин ниҳод зидди ҳиҷобпӯшии духтарон дастур дода, бархе масъулини вазорат барои бадном кардани ҳиҷобпӯшон ба фоҳишаҳо ин либосро мепӯшонанду онҳоро ба навор гирифта, тариқи шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон нишон медиҳанд. Собиқ фармондеҳи "ОМОН" таҳдид кард, ки ба Тоҷикистон бо ҳадафи барқарор кардани хилофати исломӣ бармегардад.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол мақомоти Тоҷикистон ин видеоро шарҳ надодаанд.

Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон як моҳ қабл аз шаҳри Душанбе бедарак шуд. Ба иттилои манобеъ силоҳ ва ҳуҷҷати полковники милитсия Ҳалимов дар ҳуҷраи корияш ёфт шуда буд. Дар пайи ғайб задани Ҳалимов расонаҳои Тоҷикистон аз пайвастани ӯ ба созмони террористии “Давлати исломӣ” хабар доданд, аммо мақомот расман ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд.

Гулмурод Ҳалимови 40-сола, ки тайи се соли охир вазифаи сардори Дастаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба уҳда дорад, соли гузашта бо фармони вазир унвони полковникиро гирифт. Ӯ, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ дорад, барои шуҷоату мардонагӣ дар амалиётҳои гуногун дар минтақаҳои Тоҷикистон бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.
Мӯҳр
тахлилгар
Яке аз хатогихои нобахшидани ва таърихии рохбар ин таъини кадрхои гайриточик ва точикбадбину игвогар дар раъси макомоти хифзи хукук аст, боз вакт аниктар довар аст!

Чавонмард
Бародаро ношукри аз инда мешавад дига,
ту худобехабар фикри зану фарзанд, падару модар, хешу табор ва дигару дигарро накарди. ношукр. ту агар имону вичдону нангу номус медошти дар Ватан мемондию аз хатари беруна сарзамини худро хифз мекарди..... Хар он чи Хукумат мекунад барои ояндаи неки мардумаш мекунад. Ки мардум серу пур бошанд, ободу осуда зиндаги кнанд, мехохи зодгохи ту ранги Сурияву Ирок бошад?????? ман меоям бо чиход.. ба сари падару модар меои???

Макомот бояд бо ин суханони тахкир омезаш алайхи хичобу духтарони мусалмон чаввоб гуяд , ба шумо мухтарам Вазир коргарони адели яку чор ки хак додааст ки ба арзишхои мусалмонон даст дарози мекунед .

Хукумат сиёсаташро нисбати ДИН бояд дигар кунад.Чунки динни Ислом динни хак аст. Ин наворхои видиоие, ки кариб дар хар ду хафта дар бораи муллоххо дар каналхои телевизиони нишон медиханд 80% дуруг ё "падстава" мебошад. Ин полковник метавонад як лидери намояндаи осиёи миёна дар давлати исломи шавад ва сафи чавонони точик аз 365-400 то 1500-2000 расад, ки ин хатари хеле бузург ба амнияти давлатамон мегардад. Худо нишон надихад, ки мисли Сурия вакте, ки 70% давлат дар дасти терористхо бошад баьд Асад дар бари имомхатиб истода намоз мехонад алакай дер мешавад.

Агар дар Гарму Помир дар мардумозори ширкат карда бошад, Худо рахгумаш кард. Аз он су часадашро меоранд. барои 4 сум таёранд, Ватанашонро фурушанд. Президент бояд чорахои катъи андешад,

ранги саг мемури иншолох, ту бо точикира фуромушкада руси гапмезаниву урусора кофир мегуи ту аз кофирда бади хиёлут хамаи чавонони точик ранги ту бепадаранмо якмаротиба туворихоша солхои 1992 дидаем ва дигар намехохем ки ашк дар чашмони модари точик пайдо шавад. бародарон, чавонон хар яки мо аклу заковати худро дорем дар кучои набошем бояд ба ин гуна хоинони миллат санг занем. БАРОДАРОНИ МУХОЧИР- ба гуфтаи ин хонасухта бовар накарда чабр ба милат ва оилаи худ накунед. фикри оила ва падару модар ва фарзандхои худро кунед. Иншолох хамаш хуб мешавад. Пулод Алендари точикира бовар накунед. И хиёлш ки ба парондани ярок хамаш хал меша не хато мекуна Чазота худо медиха уймурод.

Бародар
Точикон як бор ба сарашон бало овардаанд бас аст ними зиёди мардум кур курона ба дин эътикод доранд чунки табармусулмон мебошанд дар хунашон мусулмони нест ориёи мебошанд хуни нохак нарезед мусулмон шав гуфта агар ин гап нодуруст аст гуед пас мусулмон нестед дуруггуи торикии имон аст монед мардум оромона кору зиндаги кунад нишон дихед ки мусулмони асил чи тавр кору зиндаги мекунад он тарафаш барои гапу чанг чой намемонад ба кариби рамазон аст ришу сатрдор нархи бозора ба осмони хафтум мебардорад ончо оллох таъоло мебинад ва худованд онхоро ба газабаш гирифтор мекунад дар руи замин чангу хунрези ана ки аст сабабгор,якдигарро бахшед

Мухочир
Дар вкд барои намозхон чои кор вучуд надорад! дар вкд намозхонро хеч вакт унвон намедиханд! Ин мардакро худи хукумати точикистон барои шиносои кардани чавонони точик (чосус) равон кард!

Подабон
Мегуянд бехтарин нишонзан (снайпер) будааст. Бубинед дар дасташ камони латапечи снайпери дорад.

ируз пага хама ай ин ноадолатистон вой доод гуфта баромада мераван агар хукумат конунхои зидиисломияшро бас накунад!!!!!!!

Рустам
Халки точик то кунун чунин хиёнаткорону хиёнатпешагонро надидаасту ёд надорад, ки зидди ватани худ сухан кунанд.

НАТИЧАИ БО ХУДОВАНД ЧАНГ ЭЪЛОН КАРДАН ХАМИН АСТ ХОЛО ШАРМАНДАГИХО АЗ ПЕШАСТ...

КИ ХАСТЕТ ШУМО КИ БАР ЗИДИ КОНУНИ АЛЛОХ ТАЪОЛО КОНУН МЕБАРОРЕД????
ДАР ТАЪРИХ НОМИ ШУМО ХАМЧУ ДУШМАНИ ХАЛКИ ТОЧИК ВА ДУШМАНИ ДИНИ ИСЛОМ ХОХАД МОНД!!!

бовар куне и як дуруги махзай ки полковник чиход рафта бошад..о и мучохид ки мебуд,мемурд аввал ахлу оилаша дар ислом тугри мекард.додараш гуфта бд мо ягонтамон хурофоти нестем дар оила.ягон кору бори дига дорад касе чиход мехоха ба нафси худ чиход куна ахлу оилаша
ба рохи дуруст бара,хиенат накна ба ватан.ана инай циход.

точик
Чавонмард,
Чавонмард,
Чи хел ношукри неъматхои Худовандро истифода мебаред у бар зидди фармудахои Худованд мубориза мебаред боз аз шукронакуни гап мезанед, хукумат барои халкаш чи кор кардааст гайр аз байраки баланду театри калонтарин ба ки даркор театр мардум чои кор надоранд бо театр рафтан Шикам сер нашавад хамааш бас набуд ки ба дину номуси мардум дастдарози карда истодааст.. Хукумат бояд ба халк такя кунад на ба армияи руссияву дигар давлатхо вакте халк хукуматро дастгири накунад бо тупу танки руссия хеч кор карда намешавад. Холо хам дер нашудааст агар Точикистон бароятон арзиш дошта бошад аз паи ислохи камбудии худ шавед.

мухочир
Агар ин нафар як зарра дар вучудаш эхоси марди медошт, хиёнаткор ва ватанфуруш намешуд. Ба фикрам давлати исломи ваъдаи зиёди моли дод ва у тарки Точикистон кард

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)