Бахшҳо

Падари Ҳасану Ҳусейн: Ҳусейнамро наҷот диҳед!

Маҳмадалӣ Боев, падари дугоникҳо Ҳасану Ҳусейн аз мардум ва мақомоти Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки барои наҷоти Ҳусейни 5-солааш ба ӯ кӯмак кунанд.

Ин сокини шаҳри Норак мегӯяд, 5 сол қабл соҳибу ду писар, Ҳасан ва Ҳусейн шудааст, ки аз онҳо Ҳусейн мубталои бемории нуқсони дил-“тетрадо фалло” мебошад. Маҳмадалӣ Боев аз қавли духтурон афзуд, ки фарзандаш аз кӯдакӣ ба ин дард гирифтор будааст ва ҳар вақт аз муоинаи табибон мегузаштааст: “Соли равон вақте ҳолаташ вазнин шуд, ба беморхонаи Ибни Сино овардам, дар онҷо гуфтанд, ки дар дилаш чор нуқсон ё худ бемории “тетрадо фалло” дорад ва бояд ҳатман ҷарроҳӣ шавад. Дар беморхонаи Медгородок низ ҳамин гапро гуфтанд, ки ҷарроҳии саривақт лозим, вагарна ҳолати кӯдак аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд. Барои ин амалиёти ҷарроҳӣ 4,5 ҳазор доллар лозим гуфтанд, ки ҳеҷ вақт чунин маблағ надоштаам ва барои дарёфти чунин маблағ имкон надорам”.

Маҳмадалӣ Боев мегӯяд ҳолати писараш ниҳоят вазнин мебошад: “Ин бисёр дардовар аст, вақте мебинӣ фарзандат дар пеши чамонат аз дард азоб мекашаду ту коре карда наметавонӣ. Бовар кунед ҳар гоҳ, ки бо чашмони маҳзунаш тарафи ман менигарад ҳазор бор мемираму зинда мешавам. Дарди ҷонгудоз ва нигоҳи маъюсаш на танҳо ҷисми ӯро балки ҳама вуҷуди маро ба дард мекашад. Гоҳо мебинам Ҳасан медаваду меҷаҳад, хурсандӣ мекунад, аммо Ҳусейн дар гӯшае мешинаду ба дигарон менигарад. Ӯ ва ман умед дорем, ки рӯзе мерасаду мисли Ҳасан ва дигар кӯдакони солим шодию хурсандӣ мекунад”.

Ин сокини Норак афзуд, соҳиби 6 фарзанд мебошад ва маблағе, ки ҳаррӯза кор карда меёбад, ба таъмини ғизои оила масраф мешавад: “Тӯли солҳои зиёд дар Русия муҳоҷир будам ва имсол бо сабаби бад шудани вазъи муҳоҷират ба Русия нарафтам. Ҳоло дар Ватан мардикорӣ мекунам, маблаги мегирифтаам танҳо барои ғизои оила сарф мешавад, пасандоз барои табобати писарам надорам”.

Афроде, ки тавон ва хоҳиши кӯмак ба ин хонавода ва Ҳусейни хурдсол доранд, метавонанд бо рақамҳои 93 128 95 96 (+992931289596) бо Маҳмадалӣ Боев дар тамос шаванд, ё ба суратҳисоби зерин маблағ гузаронанд:

Падари Ҳасану Ҳусейн: Ҳусейнамро наҷот диҳед!


Счет: 20216972002674370001

Корсчет: 20402972714031

Бик ISO AGIBTJ22008

Бик 350101403

ИНН: 050000115

Боев Махмадали Рачабхолович

МХБ-и ЧСК «Агроинвестбанк», ш. Норак

Адрес: куч. Рудаки, 17.

2-16-99 Отдел «ДЕПОЗИТА»

АСНОДИ ТАШХИСИ ТАБИБОН:

Падари Ҳасану Ҳусейн: Ҳусейнамро наҷот диҳед!

Падари Ҳасану Ҳусейн: Ҳусейнамро наҷот диҳед!

Падари Ҳасану Ҳусейн: Ҳусейнамро наҷот диҳед!
Мӯҳр
чигархун мешави инхел холатро фахмида...(((((((((

ttr
Салом Илтимос аз тариқи смс роҳандози намоед онҳое ки маблағи кам мегузаронанд ба осони аз тариқи шумораи падари бемор ба ҳисоби телфогаш мегузаронанд банк рафтан дигар ҳоҷат намемонад

Э бача, балнисаи Ибни Сино моли кй боша? Ростай ки меган ай мувоай? Номшона ки грифтй бадант чаврак мезана. Э беинсофое.

БЕНОМ
Ба бародари азиз маслихат дода мешавад, ки дар назди беморхонаи Ибни Сино ширкати сугуртави фаъолият дорад. шумо метавонен фарзандатонро бо арзиши камтар сугурта намоед. беморхона дар навбати худ уро аз хисоби маблаги сугуртави чаррохи мекунад. хатман истифода намоед. Худованд ба фарзанди Шумо шифо бахшад

ЭЙ МАРДУМ ОЕ МО ДАР АМРИКО ЗИНДАГИ ДОРЕМ КИ БАРОИ ЯК ЧАРОХИ ОДИ ШАХРВАНДИ ТОЧИКИ ХУДАМОН ДАР БЕМОРХОНАИ ДАВЛАТИ КИ БАРОИ ХИЗМАТИ МАРДУМ АСТ 4500 ХАЗОР ДОЛЛАР БОШАД... КАНИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИ ВА КАНИ НАЗОРАТИ ХУКУМАТИ ЧТ.
ЧОЙКОР НЕСТ АГАРХАМ БОШАД БО МАОШИ 400 ТО 800 СОМОНИ БО ИН МАБЛАГ ШИКАМИ ФАРЗАНДОРО СЕР МЕКУНИ Е КИ ТАБОБАТ.
КАНИ ИНСОФ....ВОЙ ДОД АЗ ИН БЕИНСОФИ.....

АБ
Бародарон химмати кумак Карданро доред кумак кунед дину оин,сатру ришро дар инчо мухокима накунед.
Худован шифои Комил дихад.
ОМИН !!!!

АЗ АКАИ МАХМАДАЛИ ВА ОЗОДАГОН ХОХИШ МЕКАРДЕМ,КИ БА ФОНДИ РУШДИ ТОЧИКИСТОН МУРОЧИАТ КУНАНД ОНХО АЗ ШИРКАТХОИ МОБИЛИ ДАРХОСТИ РАКАМИ МАХСУС БАРОИ СМС ФИРИСТОНДАН МЕКУШОЯНД ВА ХАМА ШАХРВАНДОН УМЕДВОРАМ КУМАКИ ХУДРО ДАРЕГ НАМЕДОРАН. БА НАЗДИКИ ПАДАРИ САФИЯ НОМ ДУХТАРАК БО ЧУНИН КАСАЛИ ДИЛ МУРОЧИАТ КАРДАНД ВА ЯК КИСМИ МАБЛАГ МАХЗ БА ВОСИТАИ СМС КИ АРЗИШАШ АЗ 1 СОМОНИ ТО 3 СОМОНИ БУД ЧАМ КАРДА ШУД. БА ИН ДОДАР ХУДО ШИФОИ КОМИЛ АТО КНАД. ИН ША АЛЛОХ КУМАК МЕКНЕМ. Реквизиты:
Общественный фонд «Рушди Точикистон»
РМА 020043775
РЯМ 0210020388
Юридический адрес: Таджикистан, Душанбе ул. Рудаки 127
Тел: Моб.: (+992) 909 005050

Бародари Кулоби
Салом! Худован подшохи ин олами бузург аст. Хусейнчон бароят шифои комилу очил аз Худованд хохонам бароят хамаруза дуо мекунам... Аз дастам хар чи ояд бароят мекунам. Худованд мушкилиатонро осон гардонад...

як бандаи Худо F...
Эй бародарони муъмину мусулмон дар хамин вакт бояд дасти якдигар бигирем ва ин додари мехрубонамонро Хусейнчонро начот дихем аз ин дарде, ки у дорад.Дар хар як намози худ аз Худованд талаб менамоем, ки ин беморонро шифои комил ато бигардо. Ояндаи мову шумохо инхо мебошанд бародарони АЗИЗ. Пагох вомехурем падари Хусейнчон....

Як бандаи Худо,F...
Эй бародарони муъмину мусулмонон дар хамин вакт бояд дасти якдигар бигирем ва ин додари мехрубонамонро Хусейнчонро начот дихем аз ин дарде,ки у дорад. Дар хар як намози худ аз Худованд талаб менамоем ин беморонро шифои комил ато бигардон, ояндаи мову шумохо инхо мебошанд бародарони азиз. Пагох вомехурем падари Хусейнчон...

Эй бародарони муъмину мусулмонон дар хамин вакт бояд дасти якдигар бигирем ва ин додари мехрубонамонро Хусейнчонро начот дихем аз ин дарде,ки у дорад. Дар хар як намози худ аз Худованд талаб менамоем ин беморонро шифои комил ато бигардон, ояндаи мову шумохо инхо мебошанд бародарони азиз. Пагох вомехурем падари Хусейнчон...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)