Бахшҳо

Парлумон, гап бизан!

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Хитобаи раиси палатаи поёни Парлумони Тоҷикистон, ҷаноби Шукурҷон Зуҳуров ба вакилони тозаинтихоб дар ду ҷаласаи ин ниҳод, ки фаъол бошед, ҷойи нигаронии амиқ ва таҳлили ҷиддӣ дорад!

Парлумоне, ки 13 доктори илму профессор ва 16 номзади илм дорад дар баробари пазириши қавонин ва дигар созишномаву санадҳо хомӯш менишинанд. Ман гумон намекунам, ки ин ҳама вакил ҳарфе барои гуфтан надошта бошанд, хусусан замоне, ки номзад ва доктори илм мебошанд.

Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи 29 апрел аз хомӯшӣ ва фаъол набудани вакилони тозаинтихоб дар ҷаласаҳо интиқод намуд. Дар ин ҷаласа 6 масъаларо бе ягон суолу баррасӣ вакилон қабул карданд, ки Зуҳуров хитоб намуд: “Пешниҳод, дархост ва суолро ироа кунед. Ҳамин хел омада нишастан даркор нест. Аз интихобот ҳам 1,5 моҳ гузашт. Ба масъалаҳо ворид шавед. Фикру андешаҳоятонро, ки аз мулоқот бо интихобкунандагон бармеоянд, баён кунед”.

Ҳамин ҳолат ва вазъият доштани парлумони мо аз қабл пешгӯӣ мешуд. Замоне ки номзадҳои ҲНИТ ва ҲКТ интихоб нашуданд ва ё ба бовари аксари кулли соҳибназарон раъйи додаи мардум ба эътибор гирифта нашуд ва номзадҳои соҳибназару озодфикрро нагузоштанд вориди порлумон гарданд, ҳамин гуна руҳия доштани порлумони мо пешгӯишаванда буд.

Парлумон муҳим нест, ки аз вакилони якатафаккура иборат бошад, парлумон ҷойи баҳсу баррасӣ, ҷойи суҳбатҳои коршиносона, ҷойи шинохтани ҳақиқатҳо ва пазириши қонунҳои дурусту огоҳона мебошад. Чун аксари қавонин аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мешаванд, табиист, ки дар ин қавонин манфиатҳои мансабдорон ва мақомоти давлат бештар ифода шудааст. Вазифаи вакилони парлумон аст, ки ба унвони намояндаи мардум дар мудирияти кишвар дар ин қонунҳои манофеи мардумро суроғ кунанд ва вориди қонунҳо намоянд.

Ба назар мерасад, аксари вакилоне, ки мансабҳои баланди давлатӣ доштанд ва доктори илм низ мебошанд аз вакил шудан норозӣ ҳастанд. Ё вакилоне, ки дар бахши машвараи давлат пешинаи фаъолияти зиёд доранд ҳам дар ин ҷаласаҳо хомӯшанд. Ин ҳолати аҷиби парлумони мо бисёр нигаронкунанда мебошад.

Виктор Янукович, раисҷумҳури собиқ ва фирории Укроин гуфта буд, “ман алакай шарм медорам, ки ба парлумон биравам, замоне, ки ба парлумон меравам ва аз парлумон хориҷ мешавам зарур мешавад, ки худамро табобат кунам”. Раиси ҷумҳур аз парлумони кишвараш ҳарос дошт. Дар мо баҳси раиси ҷумҳур ҷудост, вале вазирону муовинони вазир ҳам пеши вакилони мо бидуни ҳарос ва “шарм” ворид мешаванд. Зеро аз ҷониби вакилон ҳеҷ кадом вокуниш ва пешниҳодоту нуқтаназарҳои ҷиддие дар баробари қонуну лоиҳаҳое, ки онҳо рӯнамоӣ мекунанд, баён намешавад.

Ҳоло хеле зуд аст, ки тамоми фаъолияти парлумонро хулоса кунем, вале зарбулмасали мардумӣ ҳам дорем: “Гӯсолаи мешуданӣ аз почааш маълум”. Хомӯшии вакилон ва бидуни арзёбӣ қабул шудани масъалаҳо нақши парлумонро ба унвони як шохаи мустақили ҳокимият ва аз ҷониби дигар шохаи бисёр муҳим дар ниҳодина шудани демокросӣ камранг менамояд. Бо ин ҷасорате, ки мушоҳида мешавад метавонем бигӯйем, агар раиси феълии парлумон Шукурҷон Зуҳуров, ки худ як фарди огаҳ аст, дар сафи ин вакилон набошад, ҷаласаҳои парлумон бисёр беруҳ ва бебаҳс мегузаранд.

Ҳарчанд ҳайатҳои парлумонҳои пешин низ чандон фаъол набуданд, вале вуҷуди вакилоне чун Суҳроб Шарифов, Муҳиддин Кабирӣ, Шодӣ Шабдолов, Исмоил Талбаков баҳсҳоеро дар ҷаласаҳо ба вуҷуд меовард. Ҳоло бо вуҷуди ду фраксия дар парлумон ин гуна баҳсҳо вуҷуд надоранд ва баъид аст, ки дар оянда ҳам бишавад. Хусусан баҳсҳои ҷиддӣ дар мавриди масоили ҷиддии давлату миллат. Ду ҳизби нав: сотсиалистҳо ва демкратҳо ҳам шомили парлумон шуданд. ҲХДТ, ҳизби аграрӣ ва ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки аз пеш парлумонӣ буданд, акнун сафи ҳизбҳо ба 5 расид, вале ба назар мерасад, ҳамаи ин ҳизбҳо як мафкура ва як навъи бархӯрд ба масъалаҳоро доранд. Баъди ин гуна парлумони хап нуқтаназарҳо дар мавриди кисагӣ будани ҳизбҳои ворида тақвият меёбанд. Ва ба истилоҳи раиси ҲКТ ин ҳайат ҳамагӣ як қанотанд ва бо як қанот ҳамин қадар парвоз мекунанд.

Феълан, барои Тоҷикистон парлумони ба истилоҳ хап зарур нест. Мо дар вазъе қарор дорем, ки парлумон бояд бештар фаъол бошад. Баррасиҳои ҷиддӣ кор дорем ва муҳим аст, ки вакилон ҷасорат ва иродае дошта бошанд, ки мансабдорон, вазиронро ба парлумон даъват кунанд ва аз онҳо барои фаъолиятҳои нокофияшон гузориш талаб кунанд. Масалан ду раиси Бонки миллӣ барои камбудҳои бисёр ҷиддӣ дар корашон аз мансаб сабукдӯш мешаванд, вале парлумони мо на дар гузашта ва на ҳоло онҳоро даъват намекунанд, ки “биё пеши мардум посух бигӯй, ки чаро чунин мекунед?!” Мисли ин садҳо мансабдори дигар дорем, ки ба иштибоҳоти ҷиддӣ роҳ медиҳанд, вале ҳеч надидем, ки ба парлумон даъват шаванд ва вакилон аз онҳо суолу дархост кунанд.


Ҳоло парлумони мо ҳеч нақши назоратие бар ҳукумати иҷроия надорад. Аслан парлумони бидуни салоҳият бар назорати ҳокимияти иҷроия чандон парлумони қобили баҳс нест. Вале дар доираи салоҳият ва ваколате, ки дорад, агар парлумони мо фаъол бишавад ва ҳарфи мардум, мушкили мардумро дар қонунҳо ифода кунад ва ба баҳси вазирону роҳбарон бигузорад, хеле ҳарфи ҷиддист. Вагарна вазифаи онҳо танҳо аз расондани нуктаҳои паёми ҳамасолаи Президенти Тоҷикистон ба интихобкунадаҳо иборат мебошаду хайр!

Дар ҷаласаи аввалини парлумони тозаинтихоб, Президенти кишвар -- Эмомалӣ Раҳмон ба вакилон гуфт: “Парлумон ҷойи тақсимоти молу мулку мавод нест. Парлумон пеш аз ҳама масъулияти баланд ва касбии ҳар як вакил дар қабули ба манфиати ҷомеа ва давлат мебошад. Ҳар як узви парлумон бояд масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам дар ҷодаи ҳимояи манфитаҳои милливу давлатӣ дошта бошад. Парлумон бениҳоят бояд фаъол бошад. Ҳар шахси мансабдор, аъзои ҳукумат, аз президенти малакат сар карда дар назди парлумон ҳисоботдиҳанда аст. Яъне парлумон ҷойи баҳс аст”.

Дар ҳақиқат парлумон ҷойи баҳс аст, ҷойи баҳсҳои ба хотири манофеи миллат ва давлат. Вале парлумоне, ки дар натиҷаи муҳандисии интихобот сари кор меояд ва камтар бар асоси ирода ва раъйи мардум гузида мешавад, наметавонад ҷойи баҳс бошад. Парлумоне, ки вакилонаш на бо дағдағаи доштани паём ва ҳарфе барои гуфтан вориди он шудаанд, балки бештар аз мансабҳои давлатӣ ба ин макон бадарға гардидаанд, наметавонад аз мансабдорон ва Президент гузориш тақозо намояд. Парлумони феълӣ иштироки мардумро дар мудирияти ҷомеа таъмин карда натавониста истодааст. Шояд натавонад. Вакилони арзанда ва шоиста дар миёни 63 вакил зиёд аст, аммо руҳияи умумии парлумон барои баҳс ва баррасӣ созмон нашудааст. Вале як чиз мусаллам аст, ки мо ба парлумони хубтар ва фаъолтар ниёз дорем, ҳоло ки оғози кори парлумон аст талош бояд шавад, ки ҳамин ниёз бароварда гардад.
Мӯҳр
Izzat Amon,
Ба фикрам ин Рузноманигор аз ЗАРХАРИДхои хоричиен аст ё ДАСТИ СЕЮМе, ки дар Точикистон фаолият дорад. Вагарна дар бораи ПОРЛУМОН ё хамон ПАРЛАМЕНТ - и азизу чоночони мо ин хел ТУХМАТ намекард ва суханхои НОРАВО намегуфт. Ба ДОДГОХ кашида шавад

Сироч
Офарин Иршод яке аз камбудихои асосии чомеъаро матрах намудай.Асосан парлумон чои бахс ва мунозира аст на чои хомуш шиштан ва тугмаи ха-ро зер кардан.Парлумоне ,ки бо такалуби райи мардум ташкил шудааст хохем ё не хамин тур боки аст.Чун,ки агар онхо аз тарики интихоботи шафоф вакил мешуданд дар назди халк чавобгуй мешуданд ва хоху нохох дар барраси ва кабули конунхо фаъол мешуданд.Холо ,ки вакилхо аз боло таиншудаанд барои шахсони дар боло буда чунин вакилони гапзан даркор нест.

Низомудин,
Гунохи Иршод чист, вакте худи мухтарам Шукурчон аз хоби вакилони нав норохат аст. парлумон чои маишат нест, чои кор аст, ки тавассути кабули кавонини зарури ба хаети мардум бехбуди бахшад, на баръакс,......

Низомудин,
Гунохи Иршод чист, вакте худи мухтарам Шукурчон аз хоби вакилони нав норохат аст. парлумон чои маишат нест, чои кор аст, ки тавассути кабули кавонини зарури ба хаети мардум бехбуди бахшад, на баръакс,......

Филолог
Ба Самеъ:
Пеш аз эрод гирифтан нисбати Иршод, дар имлои худатон намунаи забони модариро бояд намоиш медодед. Асос: дар матни навиштаи шумо ибораи "... аз бегарзи шумо ... " чи маъни дорад?

Филолог
Мухтарам Иршод! Ман хам тарафдори аксари хонандагони маводхои ба мавзуъхои мубрами руз бахшидаи шумо шуда, пешниход менамоям ки дар таълифотатон аз забони оммафахми модарии точики истифода баред. Ман мухлиси эчодиети шумо хастам ва доимо интизори чопи маводхоятон мебошам.

99
"Вале парлумоне, ки дар натиҷаи муҳандисии интихобот сари кор меояд ва камтар бар асоси ирода ва раъйи мардум гузида мешавад, наметавонад ҷойи баҳс бошад. Парлумоне, ки вакилонаш на бо дағдағаи доштани паём ва ҳарфе барои гуфтан вориди он шудаанд, балки бештар аз мансабҳои давлатӣ ба ин макон бадарға гардидаанд, наметавонад аз мансабдорон ва Президент гузориш тақозо намояд"
Ҳақ асту рост!!!
Ин парлумон не, "ШУЪБАИ БАДАРҒАИ ҲУКУМАТ БО ДАСТИ КОМИССИЯИ ИНТИХОБОТ"-ист!


холид
Мо мардуми одитарин бисер хуб фахмидем хама калимахоро афсус гушхои кари шумо ва аклхои шахшудаи шумо сухани хакро намешунавад
чун ки шумо аз хурдани зиеди пули халк равган гирифтаед))))
е ин ки хеле хуб фахмидеду худро ба нодони мезанед!!!!!

Девсавор
Ин Иршод як чизое гуфтан мехохад аммо хар замон вакт карда китоб хонданаш даркор китобхои гуногун романхо маколахои публицисти, Гулистон ва Бустони Саъди Шохнома албатта хаммаша хондан шояд вакт надошта боши ё хавсала аммо камтар хондан хам даркор китоб 1400 сол боз факат як китоба хонда гашта гашта маъруза кардани хамин шайху муллохо моро бас!!

Точик
Мардум ин рузхора хечгох фарумуш намекуна. Ба суханони и дарошкахо гуш накун дар бораи як лугат инкадар такирут кардестан иё хамука савод доранд. Мардуми точика куштестан дар Руссия хама дар дахонуш об гирифта гаштай, точик дар ватануш кадр надора хукош поймол мекунанд хозир руссия усу беста. ХАЛК ФАРОМУШ НАМЕКУНА КОРХОИ ШУМОРА!!

ҳақҷу
Дар байни мардум мақоли хубе вуҷуд дорад "Гапи ҳақъ руи шум" ё инки "Соле, ки накуст аз баҳораш пайдост"! чаласаи якуми бо хуни ҷигар интихобкардаи вакилони мардуми аз тарафи халқ яъне парлумон бо ин тарзи хоболуди ва ба даҳон об гирифтани вакилон суръат гирифта бошад вой бар ҳоли мардуми бечора ки бо сад орзуву армон барои беҳбудиҳо ва шароити хуби зиндагиро баъд аз Худованд орзу намудан ба вакилони худ овоз додаанд!!! Ба овози амонат додаи мардум хиёнат накунед муҳтарам ДЕПУТАТҲООО!!!.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)