Бахшҳо

Абдураҳмонов: Истеъфо додам, гарчанде гуфтанд, назди Ҷаноби Олӣ сиёҳат мекунанд

Исфандиёр Абдураҳмонов, раиси ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан”, қаноти ҷавонони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон бо нишони эътироз аз мақомаш истеъфо додааст.

Дар ин бора Абдураҳмонов дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода, сабаби ин иқдомашро дар "бахилӣ ва маҳалчигии кормандони Кумитаи Марказии ҲХДТ" арзёбӣ кардааст: “Давоми се моҳ ман ба ҳайси раиси “Созандагони Ватан” сидқан фаъолияти фундаменталии натиҷадор кардам. Аммо аз дастаи маҳалгароӣ ва ҷудоиандозии бисёре аз кормандои Кумитаи марказии ҲХДТ истеъфо додам. Гарчанде бисёриҳо ба ман гуфтанд, истеъфо надеҳ, ки дар назди Ҷаноби Олӣ сиёҳат мекунанд. Бигзор ҳақ ба ҳақдор бирасад. Агар барои суханҳои ҳақам азоб кашам, ин азоб паси сар мешавад, аммо бигзор Тоҷикистон обод шавад”.

Оқои Абдураҳмонов дар пайи тағйироти кадрии чанд моҳи қабл дар ҲХДТ соҳиби мақоми раиси “Созандагони Ватан” шуд. Ӯ Адҳамҷон Мирсаидовро иваз кард, ки дар дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон вазифа гирифт.
Мӯҳр
Тоҷик
Дар ҳақиқат боре бо яке аз роҳбарони сузандагони ватан суҳбат доштам.Ба рости шармам омад аз чунин олдам,ки ҷонишини аввал шуда бо забони ширини адабии тоҷики сухан ронда наметавонад ва аз суханрониаш маълум аст.ки интеллект хеле дар сатҳи поён аст.Мумкин ин ҷавон дидааст,ки дар ин ҳукумат шахси босавод мақоме дарёфт карда наметавонад ва танҳо маҳал роли асосӣ мебошад барои тарки ин дурӯяҳоро кардааст.Офарин бародар ба суханҳои бузчаҳои "сузандагони"Ватан аҳамият надеҳ.Асосаг виҷдонат бояд пеши ту тогза бошад ин "шутҳо"мақарабозҳои дарборӣ бо кадом мусиқие ки навозанд рақс карда гаштан мениранд.

Хакикат
дар бораи махалчиги сухан мегуеду боз худ мепурсед ки и бародар худ аз кучояй. охир мо хама аз ТОЧИКИСТОНЕМ-ку то он вакте ки махалчиги аз байни мову шумо наравад ВАТАН обод нахохад шуд...боз хамун гапхои кухна, равад ана рафт, наравад ана нарафт- то кай бошад ин дуруябозихо??? Дар хакикат хозир кор кардан дар чунин мухите ки бародар Абдурахмонов доштааст, хело вазнин асту на хар кас метавонад токат бикунад. танхо онхое токат мекунанд, ки тарозуанд!!!!!!!!!!

Тоҷик
Дуруст гуфтед. Дар КИ вилоят ва шахру нохияхои ин хизб низ шахсони тасодуфи, такаллубкору фиребгар, дуруггу, хушомадчи хеле бисёр шудаанд. Баъзан хафи кас меояд ба ХХДТ, ки чунин нокасонро дорад.

Парво накун Исфангдиёр бийо пеши худам дар хизби навтаъсиси худам,ки бо номи Хизби Чангалбон ташкил кардам шуморо бо хайси чойнишини аввал кабул мекунам.Барои он ин хизбро таъсис додам,ки халк аз чангал хезум мебурдаги баро хотири алаф ва хезуми чангал ба мо овоз дихад мисли хизби Аграри (((().

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)