Бахшҳо

Барои гирифтани шиносномаи тоҷикӣ чанд вақт лозим аст?

Гулҷаҳон ҚОДИРОВА

Дар мавриди бемасъулиятии бархе кормандони ниҳодҳои давлатӣ борҳо аз корафтодаҳо шунида будам. Мегуфтанд, барои як имзо ё ҳуҷҷат шаҳрвандонро рӯзҳову ҳафтаҳо сарсон мекунанд. Аммо ахиран худам шоҳиди хунукназарию бемасъулиятии масъулин шудам.

Чанде пеш, аниқтараш 24 феврали соли ҷорӣ барои гирифтани шиносномаи нави тоҷикӣ (бо сабаби гум шудани он) ба шӯъбаи шиносномадиҳию бақайдгирии ШКД-и шаҳри Кӯлоб ариза супорида, ҳуҷҷатҳои зиёде аз қабили гувоҳнома оид ба макони зист, гувоҳномаи оиладорӣ, нусхаи хатти ЗАГС, рақами мушаххаси андозсупоранда, гувоҳнома аз ШКД-ро омода намуда, маблағи ҷуброни гум кардани шиносномаю пули муқарраршуда барои гирифтани шиносномаи навро ба филиали “Амонатбонк” супоридам. Ин санадҳоро, ки барои омода намуданашон як рӯз сарф шуд, ба шӯъбаи шиносномадиҳию бақайдгирӣ пешниҳод намудаму рӯзи оянда баъди навбатпоиҳои тӯлонии рӯзи сарди пурбарф хабар доданд, ки баъди ду ҳафта метавонам омада шиносномаро бигирам. Он чи дар вақти навбатпоӣ шоҳид будам, қиссаи дигар аст, ҳар панҷ дақиқа ҷангу ҷанҷолҳои корафтодаҳо, ки навбаташонро нафаре бо “тағобозӣ” мегирад ва муносибати дағалонаи кормандон мавзӯи ин матлаб нест.

Аз корманде, ки изи ангуштону аксамро барои шиноснома гирифт, пурсидам, ки чун дар шаҳри Душанбе кор мекунаму наметавонам ду ҳафта ин ҷо интизор бимонам, оё мешавад, нафаре аз аъзои оилаамон омада, ҳуҷҷатро бигирад? Он корманд гуфт, ки “бемалол, назди худам фиристед, худам корро ҳал мекунам”. Бо назардошти рӯзҳои истироҳатӣ шиносномаи ман бояд дар 17 март омода мешуд ва ман дар ин сана модарамро барои гирифтани шиноснома фиристодам. Он рӯз ба модарам гуфтаанд, ки ҳанӯз омода нашудаасту ҳафтаи дигар биёяд. Ҳафтаи дигару ҷумъаи оянда ва ҳафтаҳои бешумори дигар паи ҳам гузаштанду аз шиносномаи ман хабаре набуд. Вақте бори охир ба модарам занг зада пурсидам, ки чӣ шуд, бо овози гирифта гуфтанд, ки кормандони ин ҷо ба сӯяш доду фиғон бардошта ва дағалона рафтор намуданд. “Чӣ, шумо магар намефаҳмед, тайёр нашудааст. Чӣ инҷо худатон танҳо ҳастед? Равед ҳафтаи дигар биёед”,- гуфтаанд ба модарам. Модарам ба ман гуфтанд, “бачам, беҳтар мебуд каме пули иловагӣ ба дасташон медодӣ, то ин вақт корат тамом мешуд”.

Ростӣ, ин суханонро аз даҳони чанд шаҳрванде, ки он рӯз бо ман навбат мепоиданд, шунида будам, ки инҳо шиносномаи нафаронеро, ки болои маблағҳои муайнгардидаи давлатӣ, пули иловагӣ медиҳанд, дар зарфи чанд рӯзаке таҳия мекунанд, вале агар пул надиҳӣ, ҳафтаҳои зиёд сарсону саргардон мешавӣ.

Инак, моҳи сеюм мешавад интизори шиносномаам ҳастаму ноилоҷ бояд бори дигар маблаги зиёд сарф карда, ба Кӯлоб биравам, то ин масъаларо худам ҳал намоям. Баъзан фикр мекунам, беҳтар буд пул медодам, аммо чун рӯзноманигор ва як шаҳрванди комилҳуқуқи ин кишвар фикр мекунам кори дуруст кардаам.

Ҳоло мехоҳам бипурсам, ки чаро кормандони давлатӣ масъулияти худро дуруст иҷро намекунанд ва бе дурушӣ ва эҳсосот бо зани солхурдае муомила карда наметавонанд? То кадом андоза чунин рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла шӯъбаи зерин асоснок мебошад ва оё барои гирифтани шиносномаи тоҷикӣ як шахрванд бояд чӣ қадар интизор шавад? Муҳлати дарёфти як шиноснома чанд рӯз аст?

Пеш аз сафари навбатӣ ба шаҳри Кӯлоб хулоса кардам, ки ба телефони боварии ВКД занг зада, оиди ин мушкилот шикоят намоям, чунки дар шӯъбаи шаҳри Кӯлоббуда ҳама айбро ба сари “Душанбе” бор мекунанд, ки шиносномаи шумо бо айби система то ҳол нарасидааст. “Мо ду маротиба мактуб кардем, ҷавобаш наомадааст”, - мегӯянд дар шӯъбаи дар шаҳри Кӯлоб буда.

Ба занги ман ба телефони боварии ВКД -- 221-21-21 дар санаи 29 апрел соати 14:00 корманди ин ниҳод Шоҳинов ҷавоб додаву арзи маро навишта гирифтанд ва гуфтанд, ки пагоҳ ин мактуб ба назди вазир медарояд ва сипас ба ман тамос гирифта ҷавобашро мегуянд. Айни ҳол интизори зангаму умеди охиринам ба вазир аст. Эҳтимол масъалаи шиносномаи ман то он ҳад душвор аст, ки онро танҳо худи Ҷаноби вазир метавонад ҳал намояд.

Имрӯз, 30 апрел соатҳои 11:00 дубора бо телефони боварӣ тамос гирифтам ва оиди аризаи дирӯзаам хотиррасон намуданд. Ба ман ҷавоб доданд, ки ин кор дар як рӯз ҳал намешаваду барои баррасии шикояти ман аз як то даҳ рӯз муҳлат даркор аст. Яъне, ба ғайр аз интизориҳои беш аз ду моҳ бо айби бемасъулиятии кормандони шӯъбаи дар шаҳри Кӯлоб будаи бақайдгирию шиносномавӣ, бояд иловатан боз ду ҳафтаи дигар (агар рӯзҳои истроҳатро илова кунем) интизор шавам.

Ҳайронам, ки чаро дар кулли кишварҳои дунё имрӯз ба қадри яке аз сармояҳои муҳимтарин - вақт мерасанду ҳар дақиқаву сонияи рӯзи нафарони фаъол баҳисоб тақсим шудааст, дар кишвари мо то ин ҳад нисбати вақти қимматбаҳои дигарон бепарвоию беэътиноӣ зоҳир мешавад? Ҳайронам, ки ҷуброни вақти барбодрафтаи худро аз кӣ ситонам. Оё нафаре аз ин ниҳоди давлатӣ ба ман кафолат дода метавонад, ки шиносномаамро дар муҳлати муайянгардида, яъне даҳ рӯзи оянда баъди дида баромадани шикоятам, ба ман пешниход мекунанд. Ё боз сарсониҳову интизориҳои дигар дер пеш аст?
Мӯҳр
Барои хама шархнависон изхори сипос менамоям, ки оиди мавзуи мазкур бетарафи зохир нанамуданд. Дар хакикат агар имкон бошад, ки болои фаъолияти чунин ниходхо чомеаи шахрванди бештар назорат намояду хисобот дихад, сифати кор ва рафтори баъзе аз масъулин бамаротиб бехтар мегардад. Ба хар хол мо чунин умед карда метавонистем. Он камбудию норасоихо дар фаъолияти шуъбаи мазкур ва инчунин забони гуфтори кормандони ин ниход он гунае буд, ки дигар рази он мушкил аст. Як нафар сари компютер нишастаасту дар дахони дар беш аз панчох нафар дар як даромадгохи тангу хурд навбат мепоянд. Оё намешавад, ки ба чои як нафар ду нафар мутахассисро мешинониданд, то кори мардум тезтар хал шаваду паи корхои дигарашон низ рафта тавонанд. Оиди он, ки баъди супоридани хама маблагхо ба бонк иловатан барои аксгири 20 сомони аз хар нафар мегирифтанд, вале вакте фахмиданд ман рузноманигорам ва инчунин як нафар корманди прокуратураи шахри низ он чо буд, гуфтанд, ки аксгири бепул аст, харчанд хар як шахрванди навбатпоидаистода исрор менамуданд, ки аз онхо пайваста 20 сомони барои аксгири меситонанд. эээээээ чунин камбудихо хеле зиёданду дигар намедони кучояшро зикр намоиву аз кадомаш худдори. Вой бар холи мардуми бечора

Хохари азиз! Аз Шумо эхтиромона хохиш дорам, по реформаи ислохоти полисия шинос шуда фикру мулохизаи худро нависед. Мо бояд системаи полисияро (милисияро) хатман ислох кунем. Дар айни замон дар ВКД, Раёсатхои ВКД даар вилоятхо Шурои чамъияти оид ба ислохоти милиса (полисия) ташкил карда шудааст. 27-29 .04.15 с. дар Душанбе якумин чаласа барпо шуд. САХА (ОБСЕ) ба ин ислохот маблаг чудо намудааст, холо кабули таклифу пешниходхо сар шудааст. Пешниходи худро метавонед ба почтаи электр. ман нависед, ман аъзои Шуро аз вилояти Сугд мебошам. b.zafar56@gmail.com

ЧАБРДИДА
ЛРИИЛИЛИЛИЛИЛТОТЛОТ

Собир,
кух не бародари азиз, аз чули беоби пиеда омаааагиян!.

Ахсан , хохарам масъалаи доги рузро барраси кардед. Модоме, ки милиса ба ин кор олуда аст, аз давлату давлатдори ба фикрам ягон мукаддасот намондааст. Халки одди кучо равад. Ба ки даъво кунад.

салом. на танахо дар мавриди шиносномадихи, балки дар тамоми сохахо хамини гуна аст. Ман як нафар шахванди шахри Вахдат. солии 2011 бинобар надоштани манзили иистикомати ариза барои китъаи замин барои аанзили зист пешниход карда будаам. аз худи хамон сол инчониб дар пушти дари идораи чамоату хукумати шахри Вахдат овораю саргардон гаштам. Пеши раиси чамоат пас аз давиданхои зиёд ба хукумат расид. Муддати як сол мешавад, ки дар биинои хукумат хайма задаам. инаш пеши ваяш ваяш пеши инаш равон мекунанд. Дар кабули раиси шахр бошад боз хамон раиси чамоату раиси дастгох гап задан намемонанд. Бо азобхои зиёд дар кабули шахр иштирок кардам. супориш дод ки таъмин кунед. акнун аз ин супориши дода боз ду мох сипари шуд. муовинаш пеши як каси дигар равон мекунад, унаш бо ном Акобиров вазифаашро намедонам пеши раиси дастгох. хулоса аз давидан монда шудам. вадаашон танхо мо ба шумо занг мезанем. аз онхо дараку харак нест. Хохиш дорам як ба хамин масъала хам рушанни андозед. То ба доди мо мерасандд, ки заминхоро одамони пулдор аз хазор то сехазор доллари харида тамом мекунанд. пулдорхо замин доранду боз мехаранд мардуми камбагал чи кор кунад!!!!!

Афсонаи зӯр пеҳҳҳҳҳш

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)