Бахшҳо

Интиқоди Зуҳуров аз “хомӯшӣ”-и вакилон: 1,5 моҳ гузашт, фаъол бошед!

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 29 апрел аз хомӯшӣ ва камфаъолии вакилони тозаинтихоб дар ҷаласаҳо интиқод намуд.

Зуҳуров дар пайи он, ки вакилон 6 масъалаи ҷаласаро бе ягон суолу масъалагузорӣ қабул карданд, аз онҳо даъват намуд, ки фаъол бошанд: “Пешниҳод, дархост ва суолро ироа кунед. Ҳамин хел омада нишастан даркор нест. Аз интихобот ҳам 1,5 моҳ гузашт. Ба масъалаҳо ворид шавед. Фикру андешаҳоятонро, ки аз мулоқот бо интихобкунандагон бармеоянд, баён кунед”.

Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласаҳои гузаштаи вакилони тозаинтихоб низ даъватҳои Зуҳуров барои пешниҳоди дархосту суолҳо бепосух мемонданд ва масъалаҳои ҷаласа бе масъалагузорӣ қабул мегардиданд.

Дар ҷаласаи 29 апрели Маҷлиси намояндагон вакилон лоиҳаҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Созишнома оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай, Дар хусуси Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон “Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бозхонд намудани Шоҳиён Шермуҳаммад аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба тасвиб расонданд.
Мӯҳр
навбатчи
Ба Тамошобин, тамошобин зур нагуфт, тамошобин тамошобин аст. Ба сахнагузорандахо зуранд, ки парлумони касбиро ба сукут овардаанд

Muhtaram Zuhurov,
Az posux dodanu mas'alaguzori kardani namoyandaho chi sud? Yagon chiz ba onho vobastagi nadorad, be ovozi onho ham hama konunho meguzarand, baroi hamin xudashonro gham nametiyand

O in vakiloni toza intikhob maqoli khalqii Dahoni pushid hazor tilloro khub az bar kardagi. Az hamin lihoz domulo Zuhurov hejgoh ba davathoi shumo hamro nakhohand shud. Agar hamroh shavand dar davari digari intikhobot partiyai jono -jonamon onhoro az ruikhati khesh partofta va boz nafaroni khomushi digarashro peshnihod khohad kard.

Довуд
Кандаша занад акаи Шукурчон. Холо гапи хубшон зад. Охир вакилони мухтарам маоши дарачаи аъло мегиред, кастюмои зебоя мепушен, туфлихои лакированныя мепушен, причоска ялт-ялт, шикамо сер, охир аз барои Худо хамон майнаи сара ба фикр кардан мачбур созен. Конце концов ин МО-ХАЛК шумора интихоб кардем, ки барои ин миллату давлат кор кунед.

[b]навбатчи
Бародар ин лоихаи конунхор хеч кас тайёр намекунал факат "Копи пейст "аз конунхри Россия мекунанд
Мо сазовори чунин вакилон хастем ва миллати мо хам мисли онхо чунин хоб аст[ Гуё димедрол хурда бошем .
Окибат ба хайр бошад

Эх Шукурчон, Шукурчон ту хам неки суханхои ЧО-ро такрор карди да сад бор хам гуи намешунаванд, намегуянд факат кнопка пахш мекунанду халос, аклашон факат хамонро мегирад ин "НАМОЯНДАГОНИ МАРДУМИ"

ЗИНДА БОД ШОДИИ ШАБДОЛ !!!!! ХАКИКАТАН ХАМ ПАРЛУМОНИ ШУКУРЧОНИ ЗУХУР БО ЯК КАНОТ ПАРИДА НАТАВОНИСТА ИСТОДААСТ-А? АЙБИ ДЕПУТАТХО НЕСТ, ЧУНКИ ИНХОРО БАЗУР ДЕПУТАТ КАРДОСТАНД .... ОЗОДАГОН , ОХИР ДАР ИН БОРА (ПАРЛУМОНИ ХОБОЛУД) ДИГАР НАНАВИСЕД!!!!!

Агар нек андешем, ин вазъияти парлумон як фочиаи миллат аст, зеро маълум, конунхое кабул хоханд шуд, ки аз дигар конунхо, бахусус Россия нусхабардори- копия шудаанд ва албатта, на ба хамаи талаботхои Точикистон мувофиканд. Вале ба ном "депутат"хо онхоро якдилона кабул мекунанд, аз он намеандешанд, ки хар овози онхо ба хает ва дар умум такдири миллат таъсиргузор хохад буд.
Окибаташ бахайр шавад.

Мухтарам Зухуров, лутфан "намояндагонро" аз хоб бедор накунед. Инхо нав чояшонро ефтаанд. Кадом конуне хаст, хох вай нусхаи руси, хох хитои, хох куриеи шимоли акнун бахузур кабул кардан гиред. Монед инхо хоб кунанд. Ба мо маълум аст ки инхо кианду чианд. Мутассифона Точикистонамон боз панч соли дигар хоб меравад.

Баланд сухан накунед, ин 'вакилон' барои 'хизматхои шоёнашон' ба истирохати 5 сола таин гардидаанд, онхоро бехуда аз хоб бедор накунед.
Ё вичдонашон дар азоб аст, ки хатто сухан намекунанд.

кулябец
Чаноби Зухуров ин вакилонро зиндагиашон тенч ва рузгорашон обод хаст! Чи бахс мекунанд? Ба онхо номи вакили дошта бошанд басанда аст. Шумо дар парлумон як мухочири босаводро мехмони яксоата гиред раисии парлумонро партофта мегурезед!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)