Бахшҳо

Ансорӣ аз Абдулқодирзода ва Давлатов хост, дар барномааш иштирок кунанд

Муҳаммад Ансорӣ, барандаи шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ” аз Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Сулаймон Давлатов, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон даъват кардааст, дар барномаи навбатии ӯ иштирок кунанд.

Ин даъвати Муҳаммад Ансорӣ аз раҳбарони ду ниҳоди марбут ба дини Тоҷикистон тавассути саҳифаи ин шабакаи телевизионӣ дар Фейсбук сурат гирифтааст. Барандаи Висоли ҳақ навиштааст, барномаи навбатии ӯ рӯзи чаҳоршанбеи 29 апрели соли равон, соати 22:00 ба вақти Душанбе шурӯъ хоҳад шуд.

Даъвати Ансорӣ аз Абдулқодирзода ва Давлатов дар ҳолест, ки ниҳодҳои таҳти раҳбарии онҳо дар пайи пахши нахустин барномаи “Висоли ҳақ” дар бораи маҳдудиятҳои динии Тоҷикистон, бо пахши изҳоротҳо ҳарфҳои барандаро туҳмат ва шаттоҳӣ хонданд. Дар изҳоротҳои ин ду ниҳоди марбут ба дини Тоҷикистон таъкид шуд, ки қонуну санадҳои қабулнамудаи ҳукумати кишвар дар робита ба дин ва расму ойин “ҳаётан муҳим” буда, нишондиҳандаи ҷомеаи озод аст.

Аз сӯи дигар, Сайидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, барандаи “Висоли ҳақ” дар ҳоле дар бораи маҳдудияти динӣ ва фишору таъқиби диндорон суҳбат мекунад, ки “шояд ба монанди Тоҷикистон миёни кишварҳои мусулмоннишин давлате пайдо нашавад, ки дар он Ислом бо чунин пешрафт тараққӣ ва нумӯъ карда истода бошад ва мусулмонон тамоми ибодат ва маросимҳои динии худро дар як фазои орому осуда анҷом дода истода бошанд”. Ӯ ҳамчунин аз масъулини ин шабака даъват кард, то ба Тоҷикистон биёянд ва вазъро бо чашми худ бубинанд.

Шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ”, ки дар Тоҷикистон низ бинанда дораду ҳоло бо хатти кирилӣ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро боз кардааст, ахиран аз тасмими худ дар мавриди таҳияи барномаҳо дар бораи фазои динӣ ва мазҳабии Тоҷикистон хабар дод. Дар барномаи аввали он, ки Муҳаммад Ансорӣ сухан мегуфт, ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро ба шиддат зери тозиёнаи танқид қарор дода, ба ҷонибдорӣ аз фоҳишаҳову фоҳишахонаҳо муттаҳам кард.
Мӯҳр
Safar
Суханеки муккарам зад 100% но друст аст тамоми чахон мушкила даран ва хостан базе махдудиятхо бар зидди дини ислом. Точикистон дар чои аввали он давлатхое аст ки махдудиятхо дар дини ислом гузоштааст
1 расман мамнуь будани талими исломи ба фарзандон то 18 солаги
2. Расман мамнуь будани рафтани фарзандон ва чавоно ба масчид то 18 солаги
3. Маньи садои рухониён ва фуруши наворхои онхо
4. Гардондани масчидхо ба макони тафрехи
5. Маньи гаштан бо риш
6. Маньи фурухтани сатрхои исломи
7. Маньи рафтани чавонон ба хач то 35 солаги
Инхо чузве аз ин хама махдудиятхо аст.
Мархамат муфти тавони дар ин хама чавоб гардон дар телевизор ки инхо хама бофтаву друг аст !!!

1111111111111111111111111111111111

Билол
Ба фикрам дар сар надорад он кадар чуръату саводе ки мустаким баромад кунад .

Абду
Мукаррам бас кун пушти гуши мардум макароновезиро! марди баро тарики скайп бо Ансори бахс кун!

Мукаррам бас кун пушти гуши мардум макароновезиро! марди баро тарики скайп бо Ансори бахс кун!

Исфара
Ку бинем зарбулмасали "Хона шеру майдон гариб" то кучо ба инхо рост меояд))))рузи29.04 2015с маълум мешавад ИНШООЛЛОХ!!!

Хоким
дар он чо дигар дуруг гуфта наметонад. равад шарманда мешавад наравадхам шарманда мешавад чикор мекарда бошад АЧОИБ.

Man bovari doram ki inho hatto dar Tv baromad kardanro nisfi M ANSORI nametavonand------------------ Agar zur boshand baroi javob dodan ba nazdashon meraftand

ислом
Саидмукаррам кист аз номи дини ислом ва аз номи тамоми точикон гап мегуфтааст

Мехрон
Ин чо Касе аз номи Каси дигар,бахогузори накунед!
Ин Ансори худаш кист,як бандаи гарки гунох!
Аввалин,ки касе хукуки ба додани,масьалахои рузи Точикистонро,дар кадом мавзуе набошад,надодааст ва намедихад!
Уро барои паст кардани Шаьну Шарафи Точикистону точикистонихо,ба Суд додан даркор!
Ин як намуди Бе Аклии Инсон аст,ки Биниро ба Табаки Хамсоя мерасони,ки бурдани шуда буй мекашад,ки аз дохили он табак,буи кадом намуди хурок ба машом меояд?!

Мухтарам Муфти иштироки шумо дар ин барнома хатмист агар иштирок накардед шумо шарманда мешавед агар иштирок кунед ба хама мефахмонед ки дар дини шумо намоз бади 18солаги фарз мешавад ба хама мефахмонед ки сатру сиёхпуши дар дини шумо нест.Чаноби Мукаррамзода хакро нотарсона иброз кунед мо тарафдори шумо.Озодагон чоп кун илтимос

Мухибуллох
Фарз кардем барандаи ТВ-Висоли Хак ба шумо чун7ин савол дод:

1-ум Конуни дар бораи масъулити падару модар то 18 сола ба масчид мумкин нест???

2-ум Дар чойхои чамъияти намоз гузоридан мумкин нескт?

3-ум Сатрро манъ кардед??? (бар хилофи Куръон)

4-ум Ришхои мардумро мачбур тарошидестен???

5-ум Овози азонро аз мадрасахо манъ кардед???

6-ум Фуруши дискхо ва сатрхои исломиро манъ кардед???
7-ум Мулохоро дар ТВ подстава карда махкам кардед???
8-ум номхои исломиро манъ кардед Мухаммаду Абубакру Усмонро агар кудак номхои исломи дошта бошад метириска намедихед ку???!!!!!


abdulloh
Ассалому алайкум

Рахмати Худованд бар Устод Мухаммали Ансори

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)