Қунғуротзода: Дӯконҳои ҳиҷобфурӯшӣ баста мешаванд
Фотеҳ Қунғуротзода Қулмурод, сардори навтаъини Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, дӯконҳои ҳиҷобфурӯшӣ дар пойтахти Тоҷикистон баста мешаванд.
Тавре манобеи “Озодагон” иттилоъ доданд, Қунғуротзода ин нуктаро ҳафтаи гузашта дар мулоқот бо тоҷирони “Корвон”, калонтарин бозори Тоҷикистон таъкид намуда, аз тоҷирон даъват намудааст, ба фурӯши сарулибоси барои фарҳанги тоҷикон “бегона” хотима диҳанд. Сардори раёсати умури дохилии Душанбе афзудааст, либоси сиёҳ дар ягон давру замон хоси тоҷикон набуда, мардуми Тоҷикистон ҳамеша бо либосҳои фароху шинам ва серрангашон фарқ мекарданд.
Ин таъкид ва мулоқот бо тоҷирони бозори “Корвон” дар ҳолест, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, рӯзи 20 апрел дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ дастур додааст, вуруди "сарулибоси барои фарҳанги мо бегона" ба пойтахт боздошта шаваду масъулин барои барчидани сарулибоси бегона аз пойтахт тадбирҳо андешанд.
Қабл аз аз дастур барои боздошти воридот ва барчидани "либосҳои барои фарҳанги тоҷикон бегона" аз нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ бо зикри таваҷҷуҳи рӯзафзуни бархе аз занони тоҷик ба либоси барои “фарҳанги мо бегона” супориш дода буд, ки барои ҷилавгирӣ аз ин раванд миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ гузаронда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |