Бахшҳо

"Ҳайфи ту"-и Кумитаи дин ба барандаи Висоли ҳақ: Агар инсоф медоштӣ...

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо нашри изҳороте ҳарфҳои барандаи шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ”-ро нисбати ҳукумату давлати кишвар буҳтону туҳмат хонда, аз масъулини он хостааст, ба ин гуна барномаҳои худ хотима бахшанд.

Масъулини кумита гуфтаанд, суханҳои Муҳаммад Ансорӣ, барандаи “Висоли ҳақ” дар бораи “маҳдудиятҳои динӣ” дар Тоҷикистон ва маҳрум мондани занону модарони тоҷик аз ҳаққу ҳуқуқи хеш, аз ҷумла пӯшидани сару либоси исломӣ “шаттоҳӣ”-е беш нест. Дар изҳороти мазкур, ки торнамои расмии кумитаи нашр кардааст, гуфта мешавад, Муҳаммад Ансорӣ бидуни огоҳии дақиқ аз вазъи воқеии Тоҷикистон ба таҳияи ин гуна барномаҳо пардохта, ҳадафи ӯ “нохун задан ба эҳсоси мазҳабии эшон” мебошад.

Масъулини Кумитаи дин мегӯянд, барандаи “Висоли ҳақ” дар ҳоле ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро ба ҷонибдори аз фоҳишахонаҳо ва бастани масоҷиду мадрасаҳо муттаҳам мекунад, ки дар давраи истиқлолият беш аз чаҳор ҳазор масҷид дар қаламрави кишвар ба қайд гирифта шуда, муассисаҳои динӣ фаъолият доранду Қуръони карим, “Саҳеҳ”-и Бухорӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва ройгон тақсим шудааст: “Агар ин нафар заррае ҷавонмардӣ медошт, такрор ба такрор намегуфт, ки “Занҳои тоҷик ба хотири чанд пуле танфурӯшӣ мекунанд. Зеро ки таълимоти паёмбари Ислом (с) ба касе ин ҳақро надодааст. Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст: Аз ҳафт ҳалоккунанда бипарҳезед ва яке аз инҳо (ҳалоккунандаҳо) туҳмати занони покдоман аст (ривояти Бухорӣ). Дар ҳоле, ки Ансорӣ хуб медонад, марказҳои танфурӯшиву одамфурӯшӣ дар кадом кишварҳо воқеъ гардидаасту ки аз хидмати онҳо истифода мебаранд. Ҳайфи ту! Агар ту инсоф медоштӣ, набояд муборизаи беамони мақомоти қудратии тоҷикро нисбат ба ин амали нангин нодида мегирифтӣ. Вале афсӯс, ки чанд беномуси дигаре дар тақвияти туҳмату буҳтонҳои ӯ нисбат ба Давлату миллат чоплусиву лаганбардорӣ мекунанд”.

Дар изҳороти кумита таъкид шудааст, дар Тоҷикистон ҳеч гуна қонуне дар бораи манъи пӯшиши либосҳои исломӣ қабул нашудаасту Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар низ дар робита дастури мушаххасе надодааст: “Танҳо Сарвари давлат пешниҳод намуд, ки бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии кишвар ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ хоҳарон ва модарони мо ба ҷои таќлид ба бегонагон аз пӯшиши миллие истифода намоянд, ки дар худ ҳам меъёрҳои муқаррарнамудаи динӣ ва ҳам унсурҳои фарҳангии ниёконро ифода намояд”.

Дар охири изҳорот аз суханҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дини мубини Ислом, ки “фарҳанги исломии мо ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ бисёр ҷиҳатҳои арзишманд ва зиндагисоз дорад, ки истифодаи дурусту оқилонаи онҳо метавонад барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва ҳифзу таҳкими сулҳу амнияти умумӣ ва суботи сиёсии мамлакат хизмат намояд” гуфтааст, ёд шуда, аз Муҳаммад Ансорӣ даъват гардида, даст аз “туҳмату буҳтон” бардорад.

Изҳороти Кумитаи дин дар ҳолест, ки масъулини шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ” дар пайи маъракаҳои зидди ҳиҷобу риш дар Тоҷикистон аз тасмими худ дар мавриди таҳияи барномаҳо дар бораи фазои динӣ ва мазҳабии кишвар хабар доданд. Шабакаи моҳвораии “Висоли ҳақ” бо намоиши як барнома, ки дар он Муҳаммад Ансорӣ сухан мегуфт, ҳукумат ва давлати Тоҷикистонро ба шиддат зери тозиёнаи танқид қарор дода, ба ҷонибдорӣ аз фоҳишаҳову фоҳишахонаҳо муттаҳам кард.
Мӯҳр
Сухане гуфт. Рост гуфт. Лекин. Бародаро инро бидонед,ки. Ин шабакахо. Ифроти хастан. Агар инхо. Хак бошанд. Мусалмонхоро. Ба вахдат сулх даъват мекардан.

сино
точик,
Хайр одам аз модар бериш таввалуд мешудааст бояд ба гуфти худат риш намонад.Боз одам белибос таввалуд мешавад бояд либос напушад??? Хайр ришатро тарош белибос зимистону тобистон гаштан гир метавони оилави ин амалро куни.

Инсон
Бахудо касам як чизаш аламовар аст ки охир меган ки дар бозор сатру хичоб нафурушед ин аз точикон нест охир европоиро мефурушанд ин магар аз точикон аст ? ина мархмат одами ба акл хулосаша мебарора

Эй бародарони Точик!-Шумо хобед ё бедор... Фикр мекунам, ки хобед... Ба гирду атроф нигаред, асри 21 фаро расидааст, тамоми дунё аз пай илму тарракиёт хаст! Шумо бошед, ба гайр аз салаю ришу сатри арабитаборони калтакалосхур дигар ягон мавзуъ надоред...Солхои 1992 аз пай ришу фашу салаю сатр шуда, кариб буд ки Ватанро аз даст дихем, чудоихохон моро истифода бурда тавонистанд, ки натичаи он хазорон хазор точикон ятим, маъюб, занхои бева ва мардуми дар ба дар гаштем. Охир кур асояшро як бор гум мекардагист, наход ки имруз хам мо ба ин ба ном мусулмонхо бовар кунему аз пай чудоиандозию ташвикоти расму усули бегонагон шавем? Бе хамин ришу фашу сатр 70 сол зиндагии хуб доштем, мусулмони хам буд, хурмати калонсолону падару модар буд... Хозир чи, дар хар махалла Худо ба шукр масчид хаст, рав намозата хон, ягон кас ба ту кор надорад, аммо хурмату изат нисбати падару модару калонсолон намондааст. Бадбахти дар он хаст, ки имруз мо бегонапараст шудаем!!! Ба хамаи ин нигох накарда, бародарони азиз, Вахдату якпорчагии Ватанро хамчун гавхараки чашм нигох дошта, дар хифзи он сина сипар мекунем!

сино
Фирӯз
Додар аз радиову телевизори Тоҷикистона тамоша кардана гап занданиҳот мисли диктори TV шудааст.

он чие ки аён аст хочат ба баён нест! аз дуруг гуи пархез намо

Мо мардуми точик аз кадим либоси миллии худро доштем. Ин сатру хичобу риш кучо пайдо шуд. Баъзе аз занону духтарони мо сатрро модда кардаанд чи лозим аст. Ин паст задани фарханги милли мебошад.

бандаи Худо
Пушидани сатр, мондани риш ин худнамои мебошад. Шуморо, ки риш лозим мебуд, инсон аз модар бо риш тавлид мешуд, ки Худо инро мефармуд. касе, ки сару либоси дини мепушад, мебинед, ки он шахс бесавод аст, ё фаранг надорад.

Аз Худо тарс пушидани сатр ин худнамои нест ин фармудаи Аллох аст хамун Худое ки ту мункари куръонро офарид фармони хамун аст.Риш бошад ин суннати пайгамбар ва чехраи зебои Мухаммад с.а.с аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)