Бахшҳо

Артур Гулкоров: Агар дар Тоҷикистон духтариямро ошкор мекардам...(ВИДЕО)

Баҳси аз писар ба духтар мубаддал шудани Артур Гулкоров, фарзанди Малика Қаландарова, ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ шоми 23 апрел дар барномаи "Пусть говорят"-и Андрей Малахов тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия пешкаши омма гардид.

Малика Қаландарова, ки дар 34 солагияш унвони ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравиро гирифтааст, дар ин барнома иқрор мекунад, ки писараш аз хурдӣ бештар ба лавозимоти духтарӣ таваҷҷуҳ дошт ва атрофиён ҳамеша ба ин таъкид мекарданд: “Тасаввур кунед, ки рӯзе писарам омаду ба ман эълон кард, ки модар ман писар нестам, ман духтарат ҳастам, мешунавӣ, ман духтарат астам. Ман шах шудам ва чизе ҷавоб додан натавонистам”.

Артур Гулкоров, ки ҷинсашро иваз карда, ҳоло номи Самира Мазаалро гирифтааст, дар ин шоуи телевизионӣ гуфт, ҳақиқатро пинҳон карда намешавад: “Дар Тоҷикистон, дар оилаи машҳур калон шудаам ва тасаввур кардан ҳам наметавонистам, ки ҳақиқатро ошкор кунам. Дар он ҷое, ки модарам зиндагӣ мекунаду ман калон шудаам, ҳамааш аз Осиёи Миёнаанд ва ба зиндагӣ як нигоҳ назар меафкананд. Агар ҳақиқатро ошкор мекардам, метавонистанд, маро латту кӯб кунанд, даҳонамро банданд ё маҷбурӣ зан диҳанд, ки инро намехостам”.

Самира Мазаал мегӯяд, бо вуҷуди машҳур шуданаш хушбахт набуд ва ду бор қасди худкушӣ кардааст.

Малика Қаландарова дар барнома изҳор медорад, ки баъди огоҳ шуданаш аз қасди худкушии Артур, қарор кард, барои духтар шудани ӯ кӯмак мекунад. Худи Самира Мазаал низ мегӯяд, тамомаи хароҷоти ҷароҳӣ барои тағйири ҷинсро модараш пардохта, дар маҷмӯъ барои ду ҷарроҳӣ 37 ҳазор доллари амрикоӣ харҷ шудааст.

Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ ин қазияи писарашро як зарбаи сахт барои худ хонда, афзуд, аксаран ба ҷои дастгирӣ ба маҳкумсозиҳо дучор мешавад: “Падару бародари Артур муддати тӯлонӣ натавонистанд, ин тағйиротро қабул кунанд. Махсусан падар гиря мекард ва аз мардум дурӣ меҷуст. Ӯ ҳамеша фахр мекард, ки ду писар - ду қанот дорад ва ин ҳодиса барои ӯ дардовар буд. Ба ман гуфт, ки ту Артурро дар атрофи худ нигоҳ доштӣ ва ба Маликаи дуюм табдил додӣ”.

Самира Мазаал мегӯяд, ниҳоят падараш ӯро қабул кард ва бо ӯ суҳбатро ҳамчун духтар оғоз кард: "Ба модарам ҳам гуфтам, ки ҳамеша дар орзуи духтар будӣ ва ниҳоят Худо ба ту дар 60 солагӣ духтар ато намудд".


Ҷузъиёти бештари қазияро дар навори зер тамошо кунед:


Мӯҳр
Кулоб
ЭЙЙЙ МАРДУМ ШУМО БА ОЗОДАГОН ЧИ КОР ДОРЕН ВАЗИФАШОН ХАСТ ИЧРО МЕКУНАНД ХУБ БЕСАВОДЕН ДЯЯЯЯЯ!!!!!!

Борис
Браво Малика вам надо было рожат да рожат минимум 15 детей

Аз ГЖК
Мутаасифона аксари хонандагони сайти Озодагон камсаводон ва ё мутаасибони дини хастанд ки буе аз фархангу дониш набурдаанд хамеша бесаводона хатто дар бораи исломи худашон бахо медиханд бесаводхои азиз дар дунё маризии табииест ки гермофродит мегуянд ин маризи дар замони гузашта аз чумла паёмбари ислом низ буда ва хамеша аз он ки ун замон хамма сарбасар бесавод ва камсавод буданд паёмбари ислом хам махсусан занонро аз инхо ба дур доштанро маслахат дода. дар чахони имруз хатто бехтарин факехон ва олимони ислом хам ки пайравонаш акабмондатарини башаранд фатвохое дар ин хусус бароварда ва илчи ин касалро дар иваз кардани чинс донистаанд. равед акнун муллохчахои чалласавод сайтхои пешвохотонро хонеду бинед.

Тагири хилкат паёмадхои нохубе дар чомеа меорад, лаънати худо бар инхел бандахои носипос!! Агар ба тарихи башарият назар афканем хамеша Яхудихо дар мухолифат ва нофармони аз хукми Худо собикадор будан ва то имруз хастанд ва мемонанд.


ин барои миллати мо шармандагист, наздик аст он руз ки дар Точикистон хаминхелхо пайдо мешаванд. камтари дигар ба зиди ислом мубориза барад хукумат аз инхам бадтар мешавад чомеаъ

канчитаи точик

рахим
Насрин,
доги чи?? зиеда аз 1 миллион точик дар руссия мисли гулому бесохиб - ана ин доги миллат!
аз дасти скинхед мисли гусфанд кушта шудани чавонони точик дар кучаи масква - ин доги миллат аст!
кори пасттарин дар масква ба точик мерасад мисли кучаруви туалет тоза кардан - ин доги миллат аст!

Малика Каландарова раккосаи точик ба хисоб меравад, харчанд ки ў худ точик нест. Ў "малика"-и сахнаи точик аст. Кани имрўз оё мо раккосаи машхур дорем? Раккосахои касбии имрўзаи мо мисли хаваскор мераксанд. Фарзанди Маликаро бошад, бо ивази чинс кори хуб кард. Чаро? Чун ки дар замони мард буданаш мисли занхо мераксид, ки ин кораш ба мард будан намезебид. Акнун ў метавонад озодона ракси занона карда гардад.
Ба чомеаи точикистониамон гуфтани хастам, ки таънаро бас кунанд. Албатта иваз кардани чинс шармандаги аст, аммо ў раккосаи мохир аст. Ў дуруст мегўяд: мо ба хает бо як нигох назар мекунем. Мисоли равшан куштани Фархунда аст. Факат замони ояндаро ба пеши назар оваред, ки дар он замон на мо зиндаему на Самира. Фарзандони мо дар ТВ Самираро дида мегўянд: "раккосаи бехтарин будааст".

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)