ВКД: Нафаре, ки тоҷири ришдорро боздошт кард, милиса нест (ВИДЕО)
Масъулини Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри раддияе ба матлаби “Озодагон”, ки таҳти унвони “Ришҳота қоқоқоқ метарошам...Киай шӯйи ин ҳиҷобдор?” чоп шуда буд, посух гуфтаанд.
Дар раддияи вазорат, ки торнамои расмии он нашр кардааст, гуфта мешавад, навори матлаби “Озодагон” аз саҳифаи сохтае ба интернет роҳ ёфта, ҳадаф аз он поин бурдани обрӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тоҷик мебошад: “Омӯзиш нишон дод, ки навори номбаршудаи видеоии шабакаи иҷтимоии “Ютуб”, аз ҷониби шахсе бо номи “Тоҷикон”, ки аслан бо чунин ном дар Тоҷикистон ягон нафар шаҳрванд зиндагӣ намекунад, гузошта шудааст. Ворид шудан ба саҳифаи фейсбукии “Тоҷикон” нишон дод, ки ин саҳифа бо мақсади иғво андохтан ва паст намудани обрӯ ва нуфузи мақомотҳои давлатӣ таъсис дода шудааст”.
Масъулини вазорат дар мавриди боздошт ва зуроварӣ алайҳи тоҷири ришдор дар баҳсе, ки маъмурини пулис низ ҳузур доранд, изҳор доштаанд: “Зимни тамошои навор нафари дастрасшаванда на аз ҷониби кормандони милитсия, балки аз ҷониби нафари айнакдоре, ки либоси шаҳрвандӣ, куртаи ранги сабзи хатҳои чоркунҷадор дар тан дорад, ба як тараф кашола карда мешавад”.
Навори видеоии “Ришҳота қоқоқоқ метарошам...Киай шӯйи ин ҳиҷобдор?” рӯзи 19 апрели соли равон аз сӯи корбаре ба ном “Сафаров Сафар” ба саҳифаи Ютуб роҳ ёфтааст. Дар раддияи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳоле аз он ҳамчун омили пастзанандаи обурӯи маъмурини пулис ном гирифта шудааст, ки дар он зуроварӣ алайҳи як тоҷири ришдор аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба навор гирифта шудааст. Тавре мушоҳида мешавад, як гуруҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тоҷири ришдор дар мавриди ришу ҳиҷоб, ки маъмурини пулис низ ҳузур доранд, баҳс карда, зӯр кор мегиранду ниҳоят тоҷирро боздошт мекунанд. Дар ин навор маъмур дар хитоб ба тоҷири ҷавон, ки риш дорад, таъкид мекунад, “ҳозир ришҳота қоқоқоқ метарошам. Гир ришата, ман дигар набинам. Мумкин нест”.
Сипас, ба занҳои ҳамроҳи савдогар, ки зоҳиран наздиконаш будаанду яке ҳиҷоб доштаасту дигаре не, хитоб карда, афзудааст, чаро ин хоҳар ҳиҷоб накардаасту ӯ дорад: “Накунад, ҳамин хелӣ. Ин мумкин нест, ин тоҷикӣ нест. Ин тоҷикай турк нест ку ё аз Арабистон”.
Тоҷири ҷавон дар посух мегӯяд, ин занҳоро шавҳарҳояшон алоҳидаанд ва якеро мумкин шавҳараш иҷозат додааст. Маъмур дар пайи ин посух мехоҳад, шахсияти мардеро муайян кунад, ки занаш ҳиҷобдор аст ва дод мезанад, “шӯйи ҳамин киай? Киай шӯйаш?”
Дар идома бо овози баланд “ин ҷо биё, ин ҷо биё”-гӯён аз гардани тоҷири ҷавон дошта, ӯро кашола карда мебарад. Зане дар навор наздикони ҷавонро ором карда, мегӯяд, ҳеч гап не, ҳозир ришашро тарошида раҳояш мекунанд.
Тавре аз навор бармеояд, ин ҳол боиси нороҳатии бархе аз ҳозирин шуда, ки мегӯянд, "ин чӣ хелӣ гап аст, ки мардумро дар ҷойи ҷамъиятӣ “издиватся” мекунанд". "Қонунай",- мегӯяд дигаре ва сеюмӣ посух медиҳад, ки "демократияаш ҳаминай баъд?"
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |