Ҳукумат ва шахсият
Иршод Сулаймонӣ
Мо, хоста бошем ё на дар ҷомеаҳои сунатии Шарқ ва (ҳатто) тамоми дунё нақши шахсият ё шахсиятҳо дар мудирияти ҷомеа ва идоракунии давлат хеле калидӣ аст. Барои мисол, дар Афғонистони ҳадди ақал 100 соли ахир нақши шахсиятҳо дар сиёсат ва низом бисёр калидӣ будааст. Ин ба он хотир аст, ки дар ин мудат сохтори давлат дар шакли як низоми воҳид ва мунназам ниҳодина нашуд, балки дар ҳар даврае шахсиятҳо болотар аз низом нақш доштанд. Ва дар ин даврон сарнавишти ин кишвар ба шахсиятҳо гиреҳ хӯрдааст.
Баҳси шахсият дар тамоми улуми башарӣ бар ин назария гиреҳ мехӯрад, ки нақши шахсият дар сохтмони таърих бориз аст. Вале ин таърихсозӣ аз чӣ роҳе сурат мегирад: идеологӣ ё иҷтимоӣ? Сохтмони таърих табиӣ ба вуҷуд меояд ё маснуӣ? Ҷавоб ба ин суолот ҳам сода асту сангин. Мо агар ба таърихсозии ду чеҳраи коммунизм Ленин ва Брежнев чира шавем дармеёбем, ки Ленин як чеҳраи табии таърихсоз буд, аммо Брежновро ҳарчанд зӯробазӯр таърихсоз гуфтанд, нашуд. Чун таърихсозии маснуӣ умри дарозе наметавонад дошта бошад.
Баҳси ба таври расмӣ пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон ҳам бар мантиқе бармехӯрад, ки дар боло гуфтем. Вале баҳси мо дар ин навишта дигар аст. Нақши шахсият ва шахсиятҳо дар ҳукумат. Дақиқтар агар ҳарф бизанем таъсири шахсияти мансабдорҳо ва ё мансабдорони бошахсият ба мудирияти давлат ва тасмимгириҳои сиёсӣ.
Феълан, тавре мушоҳида мешавад мансабдорони бошахсияти расмии таъсиргузор дар ҳукумати Тоҷикистон тақрибан вуҷуд надоранд, агар Маҳмадсаид Убайдуллоевро сарфи назар кунем. Шахсияти як мансабдор дар низом чӣ метавонад ба бор биовард? Пеш аз ҳама вуҷуди мансабдорони бошахсият дар низоми сарварӣ намегузорад шахсиятпарастии роҳбари аввал рушд кунад ва авторитаризм ва худкомагии роҳбари якум бештар шавад. Аз ҷониб дигар шахсияти мансабдорон метавонад ба тасмимгирии сиёсӣ таъсир гузорад ва ба ин тартиб нагузорад, ки фикри як инсон меҳвари тамоми сиёсатҳо қарор бигирад ва ҳукумат аз як ҳукумати плюралистӣ ба ҳукумати моноидеологӣ табдил шавад.
Дар ҳукуматдории Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳукумати аввали солҳои навадум мансабдорони бошахсияте ворид буданд, аммо натавонистанд ба сарнавишти кишвар рақам бизананд. Агарчӣ ин як баҳси ҷудогона аст, вале инро бояд ишора кард, ки ҳукумати аввали солҳои истиқлол як ҳукумати ниҳодина набуд ва тамоми сохтори сиёсӣ ва маъмуриро таҳти контрол надошт. Аз ин рӯ, шахсиятҳо натавонистанд дар инсиҷоми неруҳо ва рушди давлат ва ё буҳрони сиёсӣ таъсир бигузоранд.
Вале ҳукумате, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ таркиб ёфт аз шахсиятҳои муассири ҷангсолору ақидасолор ва технократ иборат буд. Вуҷуди ин шахсиятҳо дар Ҳукумати Тоҷикистон то соли 2006 боис шуда буд, ки тасмимоти сиёсӣ бар мабнои манфиати тамоми қишрҳои ҷомеа гирифта шаванд. Масалан, агар як бори дигар ба номи баъзе аз ин шахсиятҳо ишора кунем: Саидамир Зуҳуров, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Муродалӣ Алимардон, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Талбак Назаров, Мирзо Зиёев, Саламшоҳ Муҳаббатов ва дигарон аз нафароне буданд, ки агар ҳузури мустақим дар тасмимгириҳои сиёсӣ надоштанд, вале рӯйи шахсияташон ҳисоб мешуд.
Аммо ҳоло дар ҳукумати ҳамин шабу рӯзи мо мансабдорони бошахсиятеро наметавонем ном бубарем, ки битавонад ҳади аққал дар қабули қарор таъсиргузор бошад. Бо камоли таассуф ҳоло чунин мансабдори бошахсият дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон қариб, ки намондааст. Муродалӣ Алимардон бо вуҷуди тамоми навоқисе, ки замони роҳбарии Бонки миллӣ содир кард аз ҷумлаи чунин мансабдорони шахсиятдор буд, ки аз ҳукумат дур андохта шуд. Ҳоло чаро бояд мансабдорони бошахсият дар ҳукумат ҳатман вуҷуд дошта бошанд? Инҷо бармегардем ба таҷрибаи замони Шӯравӣ. Шахсияти Мирзо Турсунзода. Турсун Улҷабоев яке аз пуркортарин ва шояд ҳалолкортарин масабдорони рақами аввали даврони Шуравии Тоҷикистон буд, валле дар айни замон аз бешахсияттарин роҳбарони ҷамоҳири Шӯравии собиқ дар замони худ буд. Як нақл вуҷуд дорад, ки замоне фарҳангиёни Тоҷикистон мехостанд ҷашни Ҷомиро дар кишвар ба таври расмӣ таҷлил кунанд. Лоиҳаи ҷашнро ба дасти Турусун Улҷабоев медиҳанд, то биравад дар Маскав бо муншии идеологии ҳизби комунисти умумииттифоқ масъала ба тавофуқ бирасонад. Аммо чун Улҷабоев меравад ба Маскав ин корро бо муншии идеологӣ ҳал карда наметавонад. Чун дар як ҳукумати бебовар ва мухолиф ба анъанаҳои гузашта қабулонидани бузургдошти чеҳраи диниюу тасаввуфие чун Абдураҳмони Ҷомӣ коре осон дониста намешуд. Ва Улҷабоев чун медонист, ки бидуни тавофуқ дар ин замина ба Тоҷикистон баргардад эътибори камтаре дар пеши фарҳангиён хоҳад дошт. Фикр кард ва ёдаш Турсунзодаи бошахсият расид, ки дар ҳамон шабу рӯз дар кадоме аз истироҳатгоҳои Русия буд. Турсунзодаро занг мезанад ва Турсунзода омада ин масъаларо бо ҳамон муншии идеологӣ ҳал менамояд. Яъне нақши як шахсият дар тасмимоти сиёсӣ то чӣ андоза метавонад муассир бошад. Гапи раиси як созмони иҷтимоӣ аз ҳарфи роҳбари давлат боэътибортар буд. Ин албатта бармегардад ба шахсияте, ки Турсунзода дар паҳнои Шӯравӣ дошт, вагарна тамоми боқии кишварҳои ворида дар ИҶШС ҳам раиси Иттифоқи нависандагон доштанд, вале ҳама Турсунзода набуданд.
Аммо ҳоло дар тамоми идораҳои роҳбарии кишвар мақомдорони сатҳи аввал як ибора доранд “аз ҳеч кас шахсият насозед”. Инро касе, ки ба вазорату идораҳо ва ё Ҳукумати Тоҷикистон наздикӣ дорад борҳо, балки садҳо бор шунидааст. То ҳатто дар як муассисаи дараҷаи панҷуму шашум ҳам ин пиндор муд шудааст. Барои мисол раиси як идораи нигоҳбонии мошинҳои як ниҳоди муътабари ин кишвар ҳам ба коргарони зертобеаш гуфтааст, ки аз касе бояд шахсият сохта нашавад. Чаро бояд аз ҳеч касе шахсият сохта нашавад? Ва сиёсати маҳор кардани шахсиятҳо ҳам дар ҳукумат ва ҳам дар ҷомеа чаро роҳандозӣ мешавад?
Ҳар ҷомеаи озод ва демкоратӣ барои рушди шахсиятҳо, ҳам сисёӣ ва ҳам иҷтимоиву илмӣ замина мегузорад. То шахсиятҳо битавонад дар мақоме, ки кору фаъолият мекунанд пешрав гарданд. Ҳукумат вақте аз ҳукумати шахсиятсоз ба ҳукумати шахсиятпараст табдил мешавад, намегузорад чеҳраҳои пурнуфузи дигаре дар илм, иҷтимоъ ва сиёсат пештоз гарданд. Мо бояд байни шахспарастӣ ва шахсият фарқро гузошта битавонем. Шахсият касест, ки бо кору пайкор, ҷавонмардӣ ва қаҳрамонкориҳояш ба дили тамоми мардум, ҳатто фаротар аз маҳдудаи миллат ва давлати худ роҳ меёбад. Барои мисол Аҳмадшоҳ Масъуд. Ҳоло касеро маҷбур намекунанд, ки ту дигар акси Масъудро пеши шишаи мошнинат нагузор, болои мизи корат намон ва ё дар утоқи корат овезонаш накун.
Аммо шахсиятпарастӣ кори маҷбурӣ, амали иедологӣ ва бештар замонасозӣ аст, ки умри кутоҳ дорад. Шахспарастӣ дар ҷомеаҳое авҷ мегирад, ки мансабдорон тамоми айбу нуқс ва ноуҳдаброиву корношоямии худро дар зери як шахсияти сохта пинҳон мекунад ва ин шахсияти сохтаро ба сифати сипари идеологӣ истифода мебаранд.
Ҳамеша тарси аз даст рафтани қудрати сиёсӣ, молу сарват ва дигар дороиҳо ҷомеаҳоро ба сӯйи шахспарастӣ савқ медиҳад, вале вуҷуди шахсиятҳои пурнуфуз дар сиёсат бар хилофи рушди шахспарастӣ ва мунҳасир шудани тасмимоти сиёсӣ ба рушди ҷомеа боис мегардад. Албатта мо ин баҳсро ҳам мавриди назар дорем, ки корро на шахсияти мансабдор, балки дониш ва маҳорати ӯ пеш мебаранд. Вале як мансабдорои боилму дониш ва бошахсияте бошад метавонад пурманфиаттар кор кунад.
Сиёсати шахсияткуш ба зарари ҷомеа тамом мешавад. Агар дар кутоҳмуддат ба манфиати соҳибони қудрати сиёсӣ бошад, дар дарозмуддат ба зиёни миллату давлат аст. Решаи маҳор кардани шахсиятҳои мансабдор дар ҳукумат дар он аст, ки шахсиятҳои ғайрирасмии дигаре дар тасмимоти сиёсӣ ва қабули қарор ҳузур пайдо мекунанд ва барои ҳимояи манфиатҳои худ намегузоранд, ки мансабдорон дар мақомҳои калидии ҳукумат бошахсият бошанд.
Вале бояд донист ва ҳатман ҳам медонанд, ки нуфуз ва обрӯйи як мансабдор ба шахсияти ӯ бастагӣ дорад. Шахсияте, ки дар заминаи дониш, таҷриба, ҷавонмардӣ ва ҳунари мудирият сохта шуда бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |