Бахшҳо

ВИДЕО: “Ришҳота қоқоқоқ метарошам...Киай шӯйи ин ҳиҷобдор?”

Дар шабакаи иҷтимоии Ютуб навори баҳси маъмурини пулис бо тоҷири ришдор дар мавриди ришу ҳиҷоб нашр шудааст, ки дар он маъмурин аз зӯр кор гирифта, ниҳоят тоҷирро боздошт мекунанд.

Дар ин навор маъмур дар хитоб ба тоҷири ҷавон, ки риш дорад, таъкид мекунад, “ҳозир ришҳота қоқоқоқ метарошам. Гир ришата, ман дигар набинам. Мумкин нест”.

Сипас, ба занҳои ҳамроҳи савдогар, ки зоҳиран наздиконаш будаанду яке ҳиҷоб доштаасту дигаре не, хитоб карда, афзудааст, чаро ин хоҳар ҳиҷоб накардаасту ӯ дорад: “Накунад, ҳамин хелӣ. Ин мумкин нест, ин тоҷикӣ нест. Ин тоҷикай турк нест ку ё аз Арабистон”.

Тоҷири ҷавон дар посух мегӯяд, ин занҳоро шавҳарҳояшон алоҳидаанд ва якеро мумкин шавҳараш иҷозат додааст. Маъмур дар пайи ин посух мехоҳад, шахсияти мардеро муайян кунад, ки занаш ҳиҷобдор аст ва дод мезанад, “шӯйи ҳамин киай? Киай шӯйаш?”

Дар идома бо овози баланд “ин ҷо биё, ин ҷо биё”-гӯён аз гардани тоҷири ҷавон дошта, ӯро кашола карда мебарад. Зане дар навор наздикони ҷавонро ором карда, мегӯяд, ҳеч гап не, ҳозир ришашро тарошида раҳояш мекунанд.

Тавре аз навор бармеояд, ин ҳол боиси нороҳатии бархе аз ҳозирин шуда, ки мегӯянд, "ин чӣ хелӣ гап аст, ки мардумро дар ҷойи ҷамъиятӣ “издиватся” мекунанд". "Қонунай",- мегӯяд дигаре ва сеюмӣ посух медиҳад, ки "демократияаш ҳаминай баъд?"

То ҳол, Вазорати умури дохилӣ ин наворро шарҳ надодааст. Нашри навори мазкур дар ҳолест, ки ахиран аз ҷониби маъмурини пулис маъракаи густурда алайҳи ришу ҳиҷоб роҳандозӣ шуда, дастури махсуси Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон низ содир шудааст, ки ба ҷилавгирӣ аз майли бархе аз занон ба либоспӯшии барои фарҳанги тоҷикон бегона равона шудааст. Аммо роҳбарияти мақомоти умури дохилӣ таъкид карда буд, ки ин маърака тариқи корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ роҳандозӣ шавад, на тариқи зӯроварӣ.


Мӯҳр
Сугд
ВКД-ро Раиси Чумхур таъриф кард гуфта, милисахо ба конуншикани даст
заданд.Сардори ШКД аз худо тарсидан даркор, ки шахрванди н.Панчакент
бо задан риштароши карден.Охир хуб мешуд,ки фахмондадихиро пеша мекардед.

Зинда бошен милисахои азиз. Бахудо вактхои охир метарсиди дар кучахо барои. Хама ришдору монашка гирифта буд. худатро дар Кандахор хиёл мекарди.

бечора
милитсия ки дар чои чамъияти конуна вайрон мекуна, хукукои шахрванда поймол мекна, дигар чи чои гап ба рохбари и милитсияхо. бачахои бозор хамакаса намешен зану мард таги шата гирен хамихел милитсияра 4 милитсия агар хамакаса овоз меброварден хамаш кокс медодан
хич вакт президент намега милитсияра ту рафта барои хукумату давлата дар чои чамъияти проблема кун. тем более мардума зиди президент мекунанино

Ин милисахои ТЧК-ра бган сала биëр мераван кала миëран. Раиси Чумхур нагуфт ки рафта издиватса када риштарошию руймолкаши кунед. Инхел рафтор окибати хуб надорад. Милитсия аз рохзан бояд фарк кунад. Хама кор бояд бо розигии мардум хал шавад. Милисахои мухтарам худатон нагз медонед макони фоишахо кучодай. Як бегох астановкаи ру ба руи бозори саховат оед фоишахо бо мардони зинокор озодона нарху наво доранд . Чи коркуни Хукумати чи шахрванди одди хама дар назди конун як.Лек баъзе коркунони хукумат гуë Точик нестанд суханхои кабех мезананд ин хаки мардуми кишвари азизи мо нест бояд коркуни хукумат ибрати мардуми одди бошад. Мо хама як миллат бародару хохарем ва бо якчояги метавонем масъалахои кишвари худро хал кунем. Худо ин миллати азизи моро дар панохат нигох дор. Ва Имону инсофу шарму хаëро ва хамдигарфахмиро насиби ин миллати азиз гардон.....

И устои ришгир ачикиëш мондаги зеби кинои баевики дора. Пули бе дарду миëни давлата зада маст шидагихай намедона дига чикор кна риштарошира сар кай . Бовар кнен расияда и корора фахмидем ай хандара берн бромадем хавои тоза гирифтем. Як урускати бахс кадем ки Точикистон пешрафта шидай хамаи праблемоша хал кай ришу фаши мардума ройгон метроша урус и корора хит кад ай хандара хавои тозара захри танамон кад. хай карочи рузмон хамхел харуз гзаштестай ташакури мухтарам ба дикататон

Эй Худо дар дигар давлатхо аз касмос сухан рафтестодай пешравии илму техника дар ин нав аз ришу бурут.
Айб аст проста....
Радиои озоди дигар Шумониз ин хел дар байни чомеа тафрикаву бахсхоро наандозед.
Шумодани шармаст, мавзуьи дигар нест як навовари аз дунеи илму техника нависенки токи хонандахотон як чизе хубе аз шумо гиранд.

ЧАРОГИ ЗУЛМИ ЗОЛИМ ТО ДАМИ МАХШАР НАМЕСУЗАД, АГАР СУЗАД ШАБЕ СУЗАД, ШАБИ ДИГАР НАМЕСУЗАД

Маънави
Бисёр дуруст мешуд агар, шахсоне, ки ба синни 60 норасида ришашонро аз 5-10 см. дароз кунанд, ба чазои маъмури кашида шаванд. Дар пойтахт мегарди, мардхои чавон ришашон ба кади синаашон расида, маълумот ба дарачаи пасттарин, боз чояш расад ба мардуми аз худ калон насихату рох нишон медиханд. Маъмурони хифзи хукук чазояшонро тиед.

umar
Man medonam ozodagon fikri bandaro chop namekuned lekin bo yak bori digar mefiristam!! Tojik na dar vatan sohib darad na berun az vatan aslan tojik mardsham namonday musalmonsham kamay!!in dahshata bined Valohi bilLLohi talohI JIHOd FArz SHUDAGiaY!!!!

Хукунмат дорои азиз ин рафтори шумо рохи хали масъала нест! давлати мо демократи хукук бунед ва дуняви мебошад мегуеду риши мардумро метарошед руймоли занхоро аз сарашон мегиред! пас агар демократия бошад ба ришу руймоли мардум кор нагиред! озододагон чоп кунед илтимос. . .!

мусалмон
Ин тоза шуруъи кор аст
маъмум мешавад ки риш ва хичоб аз бегонагон аст аммо пироханхои аз ноф боло вадоманхои кутохи танхо болои шармгоро мепушанд аз бегонагон нест

Дер йо зуд Худованд муттаьол подошли ин амалхоро хохад гардонд. Оноре, ки Паси парда барои ин гуна конунхо имзо мекунед боре хам фикри онро намекунед: ин дунйо ба касе намонд ба ману шумо низ нахохад монд.

адвокат
ин кор руирост таҳқири ҳуқуқҳои шаҳрвандон аст
Мувофиқи қонуни ҳозираи Тоҷикистон ҳеч кас на аз милисаҳои
бесаводи бефарҳанг ва на дигарон ҳақ надоранд ки румоли занҳоро аз сарҳояшон кашида гиранд

Ба Сино ва Беном. Падару модар ба фарзанд бо умед ном мегузорад, ки шахси сазовори чамъият гардад, лек ин бародар номи табибу олими машхурро расво кардааст, барои ришу сатр чангчуй мекардааст, дигаре аз боаклии худ номашро наменависад, маълум ки шахси бекор мебошад, хайфи умр ки бо чунин рафтору беакли мегузарад... Бародарон асри 21 хаст, одамон кайхонро фатх намуда истодаанд, Шумоён бошад дар фикри пашму латтабози... Як самолёти калонда бор карда, пеши бародарни ИГИЛашон бурда монанд, ки аз хуну мурда сер шаванд.... Озодагон,ту дастгири хакикату оромии чомеа хасти, барои хамин илтимос чоп кун, ки инхо чашмонашонро кушода, атрофа бинанд.

Ба фикри ман ин нодуруст ихали коро шудангира хазаби мардум бисёртар меша нисбати давлат.... аз хама хубуш ягон хучат тихан барои ришдоро..касе ки риш мехоха мондан аз муфтиёт ё аз хукумат рафта ягон хел хучат гиран ..

агар хами хели мардума издиватся кардангиран ягон гап меша байни халку милисахо .... аку худо нишон надихад...

Илтимос далат нав обод шуд , нав точикистон ТОЧИКИСТОН шудестай.. чазир накунен .. хами давлати тенча.. БАРОДАРО бийоен ДУЪО мекунем ки хами давлати мо тенчи амони хичвакт дигар чанг нашава... омин

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)