Бахшҳо

Номҳои идеологӣ: “Хоҷа”-ю “сӯфӣ” бегонаанд ё “ов”-у “вич”?

Иршод Сулаймонӣ

Зоҳиран ба назар мерасад, ки як тоҷик ҳар аҷзое аз баданаш қисмат шудаву марбути ниҳодҳо шудаанд. Ҳоло каблуки кафшаш ба як вазорату ришаш ба вазорати дигару ному насабаш ба вазорати дигаре марбут шудааст. Вазоратҳо акнун ба ҳарими хусусии шаҳрвандон бепарда ворид мешаванд. Либоси як тоҷик ҳоло ҳассосият ба вуҷуд меорад, дар рӯяш риши арабӣ медамад, ному тахалусаш тафриқа меандозад, вале ҳеч не, ки тақдири тоҷик ва ояндааш нигаронии ниҳодҳоро ба бор биоварад.

Агар либоси як тоҷик махсуси ӯ нест, ришаш тоҷикӣ нест, руймолаш мансубаш намебошад, ном гузшта наметавонанд, каблуки кафшашро интихоб карда наметавонад, пас тоҷик салиқа, завқ шоистагӣ надорад? Агар ин чизҳоро тоҷик надорад, пас чӣ дорад?

Агар ҳар касе, ки мегӯяд Тоҷикистон кишвари муъчизаҳо нест, иштибоҳ мекунад. Муъҷизакории вазоратҳои мо дар ин авохир бисёр бесобиқа аст. Ҳоло як вазорат дасташро аз миёни пойи шаҳрвандон накашида (ташхиси пеш аз издивоҷи ҷавонон аз ҷониби вазорати тандурустӣ), ки дигараш дастдарозӣ кард. Иқдоме, ки вазорати адлия мехоҳад номи як тоҷикро мушаххас ва масдуд кунад ба эҳтимоли зиёд поёни ин муъҷизакориҳо нест. Ном дар ҳама ҳолат муайянкунандаи ҳувият, худии худ ва шоистагии инсон аст. Ин бармегардад ба фарҳанги номгузорӣ, ки аз чӣ сарчашмае об мехӯрад, аз кадом тамаддуне мерос мебарад ва ба чӣ тамоюлоти фарҳангиву иҷтимоие тасодум мекунад. Баҳсҳо сари номгузорӣ ҳарчанд, ки нав нестанд, вале бо иқдоми ахири вазорати адлия, ки мехоҳад аз роҳи қонун ин тамоюлро танзим кунад масъала комилан идеологӣ шуд.

Вазорати адлия пешниҳод кардааст, ки гузоштани номҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, номи ашё, маҳсулот, ҳайвонот ва паррандагон, инчунин номҳое, ки шаъну шарафи инсонро паст мезанад ва одамонро ба табақаҳои ҷудо менамояд, манъ шавад. Ин ниҳод бо илова ба номҳои “шаъну шарафи инсонро пастзананда” хостааст, номҳои ба фарҳанги миллӣ бегона - тахаллусҳои "мулло", "халифа", “тура”, ”хӯҷа”, "хоҷа", “шайх”, "валӣ", "охун", "амир", сӯфӣ" ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозии одамон мегарданд" манъ гарданд.

Вазорати адлия мехоҳад, ки номгузории ба фарҳанги миллӣ бегона манъ шавад. Дар ин росто, вазорат агар мехоҳад номгузории ба фарҳанги миллӣ мухолиф манъ шавад, пас бояд қонун ному насабгузории славянии русии –ову –вичро манъ кунад. Чаро дар тарҳи пешниҳодии вазорати адлия бекор кардани гузинаҳои ову вич нест. Магар ин гузинаҳои славянии русӣ мансуби тоҷиконанд ва ё ба “фарҳанги миллии мо бегона” намебошанд? Пас маълум мешавад, ки вазорати адлия на номҳоро ба фарҳанги миллӣ оид мекунад, балки масъала хосияти идеологӣ дорад.

Дақиқан ин идомаи корҳоест, ки бо номи хушсадо ва қашанги фарҳанги миллӣ анҷом дода мешаванд. Вале аз тарафи дигар, ин задани латмаи бузург ба фарҳанги миллӣ аст. Ҳоло мушаххас нашуда ва ё дақиқтараш мушаххас накардаанд, ки мақсуд ва манзури мақомот аз таъбири фарҳанги миллӣ чист? Ҳар падидаи диниву исломие, ки вориди фарҳанги тоҷикон шуда бошад зоҳиран аз назари мақомот падидаҳои бегона ба фарҳанги миллӣ талаққӣ мешавад. Аз дохили ҳувияти тоҷикӣ кашидани фарҳанги динӣ ҳарфи бисёр дурусти файласуфи маъруфи тоҷик Меҳмоншо Шарифзодаро ба хотир меоварад, ки “мо бо ин кор мехоҳем ҷанги тамаддунҳоро ба дохили ҳувияти тоҷикӣ биоварем”.

Гузашта аз ин табақаҳои суфиву амиру хоҷаву шайху охуну халифа ҷузъе аз фарҳанги миллии мо ҳастанд, ки дар сарнавишти миллату мардум дар давоми асрҳо ба ҳар шевае таъсир доштаанд. Ҳоло ин табақаҳо дигар дар Тоҷикистон табақаҳои расмиву эътирофшуда боқӣ намондаанд, вале ба маънои он нест, ки онҳо аз фарҳанг ва суннати мо тард шаванд. Агар мо ба номгузории вожаи бисёр рӯҳнавози сӯфӣ мухолафат дорем, пас сарнавишти адабиёти суфия ё тасавуфии мо аз устод Рӯдакӣ то аллома Айнӣ чӣ мешавад? Ин адабиёт ҳам ба фарҳанги миллиамон бегона аст? Фалсафаи тасаввуф чӣ? Ростӣ, мантиқи вазорати адлия ва дигар идеологҳои мо бисёр ҳайратовар маълум мешавад.

Бо ин ки дар таркиби номи Ҳофиз вожаи хоҷа ҷой дорад, ҳеч гоҳ ин эҳсос дар ҳеч кадом ҳофизпажуҳе ба бор наомада, ки мояи тафриқаандозист. Балки эшонро бо ифтихор Хоҷаи Шероз ном мебаранд. Аз ҷониби дигар вожаи хоҷа падидаи бегона ба фарҳанги миллии мо нест, балки як вожаи форсии ноб аст.

Вазорати адлия ва вакилони муҳтарами Маҷлиси Намояндагон агар мехоҳанд аз падидаҳои бегона фарҳанги миллиро наҷот бидиҳанд воқеан ҳамун пасвандҳои ному насабсози – ову –вичро барҳам бизананд. Зеро замони мо дигар замони идеологиясозиҳои сиёсӣ нест, балки замони муколама ва тафоҳум аст, бигзор ирода ва раъйи ҷомеаи рӯшанфикрӣ ҳам дар ин маврид ба эътибор гирифта шавад. Тасмимҳои фарҳангӣ набояд аз пеши мардум аҳли адабу фарҳанг гирифта шавад. Шояд ин иқдом натиҷаи баръакс бидиҳад, зеро мушоҳида мешавад, ки дахолати ҳукумат дар шахси вазорату ниҳодҳо ба зиндагии хусусии мардум авҷ мегирад. На илм ва на ахлоқи роиҷи башарӣ ҷонибдори дахолат ба ҳаёт ва корҳои шахсии инсонҳо нестанд. Ҳоло агар як тоҷик бихоҳад, ки ба писараш Обама ва ё Мойкл ном бигузорад посухи вазорати адлия чист? Ё бо таваҷҷуҳ ва алоқае, ки дар замони Шӯравӣ мардум ба роҳбарони морксизм доштанду баргирифта аз ҳарфҳои аввали ин пешвоҳои морксизм фарзандонашонро МЭЛС ном ниҳода буданд, онҳоро чӣ бигуем. Ё ҳазорон тоҷике, ки дар Русия таваллуд шудаанду Нинаву Наташаву Лена ном гирифтаанд ва агар биёянд барои зоднома гирифтан чи бархӯрде сари онҳо сурат мегирад. Бисёр хуб мебуд агар вазорати адлия таърифе ба ибораи “ба фарҳанги миллӣ бегона” медошт!
Мӯҳр
Хуросон
акнун русхои хамкорамон дар Свердловк моро таъна мезананд, ки ягон аз нобагихои шарк ки риш доранд, точик нестанд. Зеро Точикистони сохибистиклол ришро намепазирад. Рома як хамкорам мегуяд, ки Садриддин Айни аз Шумо нест, гарчанде Камоли писараш аз Шумост. Синову Умар Хаям тоже не таджик. У Вас только мертвые души имеет права на бороду, к примеру когда в Таджикистане неприемлима имет бороду Исмоили Сомони с бородой смело смотрит к стороне вашего парламента в центральном площадей Таджикистана

Хак бо чониби шумо аст, ин вазоратхои хукумати имрузаи ватан чанг бо Исломро шуру кардаанд, хозир нестанд хатто асаре аз ислому мусалони дар давлати 90% мусалмонзода бубинанд.

Фируз
Эй вазорати беадл - тахаллусҳои "мулло", "халифа", “тура”, ”хӯҷа”, "хоҷа", “шайх”, "валӣ", "охун", "амир", сӯфӣ" ро ку ном гирифти. пас чаро пешниход накарди, ки калимаи "Пешвои миллат" хам аз мо нест! Шумо дигар кор надорен! духтархои худатона миниюпка пушонда дар кучахо сар метен онхо хубу духтархое, ки руймолча мебанданд ганда?. Аз сатр ку сухан накардам холи! Як чои бе сиёсат масчид буд хафтае як маротиб амри маъруф мешуд ончоро хам сиёсати кардед. Бечора имомхатибон ахбори шабакахои телевизониро аз минбар мехонанд. Холонки он ахборхо 24 соат тарики 4 шабака ба мардум пешниход мешавад. Мардумро Шумо тафрикандози кардаистодаед на каси дигар. Пушти ин кори ахмаконаи шумо дастони хочагони дохиолию хоричиатон мебошад. Озодагон илтимос чоп кун!

офарин
Офарин устод бисёр ҳам хуб навиштед. Рости ман устод Иршодро мешинохтам вале акнун фаҳмидам, ки устод қалами бурро доранд.

Хеле навиштаи хуб ва саривакти, э кош дар вазорату ниходхои давлати ба гуфтахои Иршоди азиз сарфахм раванду панд гиранд.

ХЕЛЕ ХУБ, НАВИШТАИ ОЛИ... АКНУН АФРОДИ БОАКЛУ БОСАВОДУ БОФАРХАНГУ БОМАДАНИЯТЕ ДАР ВАЗОРАТХО ДАРКОР КИ ИН НАВИШТАХОРО ДАРК КУНАД, КИ МУТАССИФОНА НЕСТАНД, КИ НЕСТАНД...
ХАМА ГУШНАМАСТХО ДАР ВАЗОРАТУ ИДОРАХО ЧАМЪ ШУДА САВОД ДАР ХАФТ ПУШТИ ОНХО ДИДА НАШУДААСТ... ЛЕКИН КАСДИ ОНХОРО АЗ ИН АМАЛАШОН БОЯД ДОНИСТ ВА ОН ИН АСТ КИ МАРДУМРО АЗ МАСАЛАХОИ АСОСИ КИ ЧОИ КОРУ МАЪОШИ ХУБ ЗИНДАГИИ ОЗОДОНА ДОШТАН АСТ БО ЧУНИН САФСАТАХО ДУР МЕСОЗАНД... ТО ЧАНД РУЗИ ДИГАР ДАР ОН КУРСИ ИСТОДА ДУЗДИАШОНРО ДАВОМ ДОДА АЗ ХОЧАГОНИ ХРИЧИАШОН ДОЛЛАР ЁБАНД... ВОЙ БАР ХОЛИ точик, ки мисли ин навишти ман паст шудааст...

Офарин ба бародар Иршод Сулаймони. Як чизро кайд карданиам, ки агар ин номхову ин хуруф (алифбои араби) барои мо бегона бошад, пас вой бар холи он насле ки баъд аз 10-15 сол ба воя мерасанд. Мо дар чахон аз Хоча Хофизу Бедил, Саъдиву Чалолиддини Руми фахр мекунему фархангамонро муарифи мекунем. Пас насли мо агар хуруфи форсиро хондаву навишта натонад пас номи он бузургон аз хотир хохад рафт. Пас ба фарздхо омузонидан даркор интернетро барои кинову барномахои хозиразмон, ки хочахои хоричи барои нест кардани фарханги шарк омода кардаанд.

Ҳақ асту рост оқои Суламон, воқеан як таҳлили аҷоиб. Ҷои суоле барои касе боқӣ намонда аст, ҳатто барои мақомоти кишвар, посухи дардоншикан. Ҳамонанди ин таҳлил бисёртар нависед, мо интизорем.

Акай журналист, мегум хами номи "К,УЛ" ба монанди Махмадк,ул ё Бобок,ул - ина вазорат фаромуш кардай чи бало?

махмадбудбутак
Таҳлили олӣ, офарин ба ақлу тарбияи баландад Иршодҷон, ҷои таассуф аст, ки кулли миллатҳои дунё барои ҳайсияту ҳуввияташон муташаккилона мубориза бурда ба дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимои ва илмиву фарҳангӣ ноил мегарданд, тоҷики бечора бесарнавишту муҳоҷир ва ба иғвои ду се ғайритоҷик, ту Суғди, вай Хисори, уш Бадахшони номгузори шуда, ҳеҷ не ки як миллати воҳиду муқтадир гарданд.

карим
хакер-ин хукумати мо аксараш "кул"-у "бек"ай барои хамин инхо ичозатай.хуласи гап хамин ки точики набошад мешавад.

Рогуншо
Номи ба фарханги милли комилан мувофик: ЭРИС -

ҚУЛ аз СаидҚУЛ, БЕРДӢ аз ХудоБЕРДӢ, ҚУНҒУРОТ аз ҚУНғротЗОДА бардошта шавад....

Хочаи Суфи
Хоча бигу ки ман манам ман на манам на ман манам... Калимаи аввалаш ба "Фарханги миллии мо бегонааст магар"?

АБДУЛЛО
ПУЛИ МАН БА ШИКАМИ ХУДАМУ КУДАКХОЯМ КАРИБ КИ МЕРАСАД. МАН БА ХАР СОЛ ЯК БОР ХУЧЧАТ ИВАЗ КАРДАНРО КУВВАТ НАДОРАМ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)