Бахшҳо

ВИДЕОИ гирдиҳамоии 15-уми апрел ва изҳороти эътирозгарон

Як гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 15-уми апрел дар баробари сафорати Олмон дар Душанбе гирдиҳамоии эътирозӣ барпо карданд, бо пахши як изҳорот тақозо кардаанд, ки Ҳукумати Олмон барои иҷоза додани баргузории эътироз дар Берлин ба гурӯҳҳои экстремистии “Ватандор”, “Гуруҳи 24” ва “Тоҷикистони нав” аз мардуми Тоҷикистон узр пурсад.

Ин гуруҳ, ки дар баробари сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон даст ба як эътирози кӯтоҳмуддат зада будаанд ва мушаххас нашуд, ки чӣ мехостанд, як изҳоротеро бо номи “Изҳороти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди сафоратхонаи Олмон” дар сомонаи ҳафтаномаи “Фараж” соати 21.26 шаби 15 ба 16 апрел нашр кардаанд. Дар матни изҳорот омадааст, ки он аз номи 500 нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, ки 15.04.2015 дар назди сафорати Олмон воқеъ дар шаҳри Душанбе ҷамъ омадаанд, вале аз ному насаби муаллифон ва ё ҳамон 500 нафар ишорае нест.

Зикри 500 нафар дар ҳолест, ки худи сафорати Олмон ва шоҳидони ҳодиса дар суҳбат бо “Озодагон” теъдоди эътирозгарони рӯзи 15-уми апрелро ҳудуди 15-20 нафар гуфта буданд.

Дар ҳамин ҳол дар матни изҳорот 4 талаби асосӣ пеш гузошта шудааст. Муаалифони изҳорот талаб кардаанд, ки Ҳукумати Олмон барои иҷоза додани митинг ба Шарофиддин Гадоев ва Додоҷон Атовуллоев ва дигарон дар Берлин аз мардуми Тоҷикистон узр пурсад ва бо ин ки Олмон мисли Тоҷикистон узви пулиси байналмилалӣ интерпол мебошад, ин нафаронро дастгир кардаву бо роҳҳои дипломатӣ ба Тоҷикистон супорад.

Ҳамчунин дар ин изҳорот талаб шудааст, ки “зарари моддӣ ва маънавие, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шудааст аз ҷониби чинояткорони дар кофтукови байналмиллалӣ қарордоштаи «Гурӯҳӣ-24», ки айни замон дар Олмон паноҳ бурда истодаанд,талаб менамоем, ки пурра барқарор карда шаванд”.

Талаботи 4-уми муаллифони изҳорот зоҳиран нокомил баён шудааст ва мушаххас нест, ки онҳо чӣ мехостаанд.

Бояд гуфт, ки рузи 14 апрел як гуруҳ шаҳрвандони Тоҷикистон, роҳбарони баъзе гуруҳҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон аз қабили “Ватандор”, “Гуруҳи 24”, “Озодӣ ва Адолат” ва “Эҳёи Тоҷикистони нав” дар баробари сафорати Тоҷикистон дар Берлин гирдиҳамоӣ доир намуда, хостори истеъфои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва озодии маҳбусони сиёосиву хатми шиканҷаву дигар маҳдудсозиҳои Ҳукумати Тоҷикистон аз назари муътаризон шуданд.


ВИДЕОИ ГИРДИҲАМОИИ 15-УМИ АПРЕЛ ДАР НАЗДИ САФОРАТИ ОЛМОН ДАР ДУШАНБЕ

Мӯҳр
Гуруҳҳои мухолифи ифродгари “Ватандор”, “Гуруҳи 24”, “Озодӣ ва Адолат” ва “Эҳёи Тоҷикистони нав” барои ободии Тоҷикистони азиз чи коре ба сомон расонидан. Онҳо ба ғайр аз низоандози чун бум аз лонаи бегона кори дигар накардаанд.

Ватандор
Dev,
Афсус дар Точикистон нестам вагарна хамрохи ин занони шучои баромада миллатамро аз экстемистон мухофизат мекунам ва руймолхои онхо дар сари шумо гайбаткунон меандозам.
Хай хунари мухофизат кардани давлату миллатамонро надоред, хунари хомуш шиштанамро надоред? Ба пеш Амазонкахои Точик, хар ки бо мо нест аз мо нест. Зинда боши Точикистони азизам. Нест бод терористону гумрохон

Руслан,
"Шукронаи Худо ҳама соҳиби ҳама чи ҳастед, ба хориҷа озодона меравед, бо телефони мобили аз ҷойи нишастаги сӯҳбат мекунед, шаб тинҷакак хоб меравед, бо чи даркор ба шумо" хаминка гапат мондаги, ки хукумат хаминаша хам ичозат надихад. Дар давлат Демократи, хукукбубунеду ягона...зиндаги карда.

Dev
Ватандор,
Rost gufti, Нест бод терористону гумрохон. Ba pesh morhoi af"ii Amazonka !Agar muhofizati davlatu millat chun har lagadzani boshadu chun majmun shattazanii dari saforati digar davlatho , togda ba pesh gumrohoni millat, morhoi af"ii Amazonka !

ИНХО хамон "тухмшапакхо"-ву ПАМИДОРШАПАКХО боз набошанд ,ки ВАЛ-вала барпо кардаанд-а ?
Хушёр бошед !!!!! Олмон ХНИТ нест ,ки сабру тахаммул намояд !!!!!
ИН як давлати пешрафтаи нотарси АВРУПО буда аз ТОЧИКИ ОДДИ "ГИТЛЕР" тайёр карданша мефахмад .....!!!!!?????

Ин зан 50-доллар аллакай хак кард.Ое ба пушти дари сафоратхонаи Россия хам мерафта бошад,Ки чаро точиконро депортация мекунанд.Агар,пойафзолашро кашида,ба дари оханини сафорати Россия,баногох сад бор занад,баьд мебини,Ки садхазор точики дигар депорт шуд...Бизнеси зур,акнун пагохи дигар навбати сафоратхонаи Америка,баьд Хитой,Япония,Туркия,..Узбекистонро Бо ду туфлият занед,знаки ана нав мебинед.

МО ба ин мардум шармандаем ин занхо барои чанпули инкадар дод зада бошанд мурдантон бех савод надорен ташкилкунандаи ин гирдихамоиам калакаду будааст

Ворис
Женский спецназ в деле.
Ман худам муаллим лекин сурогаи ягон сафоратхонахоро намедонам. Ин чор зани кучагард аз кучо хамаро дар 1 руз ташкил карданд?

Руслан мардумро фиреб накун.Аз руи чавобхоят маълум аст,ки е дар хамон ба ном митинг иштирок карди е ин,ки аз эхтимол дур нест,ки ташкилкунандаи хамон митинг хасти.Мардумро акнун чи таъна зада истодаи аз телефонхои мобили истифода бурда истодаанду шукронаи тинчи кунанд?Асри 21 аст ва бо ин чизхо таъна мазан мардумро.Бехтараш мардумро бо чои кору музди мехнату нафакаи хуб таъмин намоед.

дахшат
Шармандахо инхо боз шахрвандони фаъол будиян....

зоиров
ма фикр мекунам ки хами занакхо кентхои рахматулло зоиров набошан???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)