Бахшҳо

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)

Гирдиҳамоӣ, ки бо дархости як гуруҳи сокинони Душанбе бояд имрӯз, 17-уми апрел аз соати 8:00 дар назди бинои сафорати Олмон дар Тоҷикистон баргузор мешуд, доир нагардид.

Тавре хабарнигори "Озодагон" соати 8:00 аз пеши сафорати Олмон дар Тоҷикистон хабар дод, касе барои гирдиҳамоӣ назди бинои сафорат ҳозир нашудааст: "Ҳама ҷо хомӯшист. Мардум ба корашон машғуланд. Ягон намояндаи пулис низ дар назди сафорат нест. Фақат чанд рӯзноманигор барои инъикоси вазъ ҳозир шудаанд, дигар касе нест".

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 16-уми апрел як гуруҳи сокинони Душанбе, ки теъдодашонро ҳудуди 200 нафар гуфтанд, бо як муроҷиатномаи кушод аз раиси пойтахт, Маҳмадсаид Убайдуллоев дархост кардаанд, ки барояшон иҷоза бидиҳад, то рӯзи ҷумъа 17-уми апрел аз соати 08:00 то 11:00 дар назди бинои сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон гирдиҳамоӣ барпо кунанд.

Дар муроҷиатнома ба Убайдуллоев, аз ҷумла Исматов Нурулло Шарипович, соли таваллуд1974, зода ва сокинишаҳри Душанбе, кучаи Фирдавси, бинои 5/13, ҳуҷраи 45, Каримов Наврӯз Исматович, 1986 с/т, ист. ш.Душанбе, кучаи Нахимова, бинои 64/1, ҳуҷраи 23, Ҷамолов Ҳубайб Назарович, 1977 с/т, ист. ш.Душанбе, кучаи Рудакӣ, бинои 36, ҳуҷраи 26, Ибодова Шарофат Раҳимовна, 1964 с/т, ист. ш.Душанбе, кучаи Борбад, бинои 13/2, ҳ-14, Самиева Шаҳноза Каримовна, 1972 с\т, ист. ш.Душанбе, кучаи Н.Қарабоев, бинои 67, х-20, Қурбонова Мақсуда Аъзамовна, 1971с/т, ист. ш.Душанбе, кучаи Н.Махсум, бинои 74, ва Гадоева Зарина 1969 с/т, ист.ш.Душанбе, кучаи Н.Қарабоев , б-18/9, х-30 имзо гузоштаанд. Аммо аз шаҳрдории Душанбе дар суҳбат бо "Озодагон" дарёфти муроҷиатномаро барои гирдиҳамоӣ тасдиқ накарданд.

Ин сокинони Душанбе дар муроҷиатномаи кушодашон ба Убайдуллоев навиштаанд, ки мехоҳанд ба гирдиҳамоии эътирозии баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар Берлин гирдиҳамойии ҷавобӣ барпо намоянд: “Мехоҳем, эътирозамонро ба воситаи сафири фавқулода ва мухтори Олмон дар Душанбе ҷаноби Ҳолгер Грен ба Ҳукумати Олмон расонем”.

Муаллифони мактуб зимни дархости иҷозаи баргузории эътироз навиштаанд, ки аз вазъи баамаломада дар кишварҳои Шарқи наздик ва Афғонистон бисёр дар ташвиш шуда, мехоҳанд дар баробари ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҳарфашонро бигӯянд.

Имзогузорони мактуби дархостӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе, ки худро 200 нафар гуфтаанд ва қисме аз онҳо ному насаб ва суроғаҳои иқомати худро зикр кардаанд Додоҷон Атовуллоев, роҳбари созмони “Ватандор” ва Шарофиддин Гадоев роҳбари тозаинтихоби “Гуруҳи 24”-ро аз ҷумлаи саркардагони гуруҳҳое донистаанд, ки шаҳвандони Тоҷикистонро ба гуруҳҳои ҷангии “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ шомил мекардаанд.
“Саркардагони онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, аз қабили Додоҷон Атовуллоев,Шарофиддин Гадоев ва дигар ҳамроҳонашон, ки бароидар қаламрави Тоҷикистон содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта дар кофтуковӣ расмӣ қарор доранд, аз ҷониби давлати тараққикардаи дунё Олмон дастгирӣ ёфта истодаанд”- омадааст дар мактуб.

Ин сокинони Душанбе бо интиқод аз давлати Олмон барои иҷоза додан ба баргузории эътироз дар Берлин навиштаанд, ки “агар давлати тараққикардаи дунё чун Олмон ҷинояткорони дар кофтукови расмӣ ба воситаи Интерпол қарордоштаро имконият диҳанд, ки дар қаламрави давлаташон озодона гашту гузор ва даст ба гирдиҳамоӣ зананд пас дар бораи гурӯҳҳои ҷинояткоре, ки имрӯзҳо худро чун «Давлати исломӣ» эълон кардаву даст ба куштору ғоратгарӣ зада истодаанд чӣ гуфтан мумкин аст?”

Муаалифони мактуб гуфтаанд, ки Душанбе таҷрибаи талхи ҷангу хунрезиро дар солҳои 90-уми асри гузашта пушти сар кард ва мо намехоҳем ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик он рузҳои мудҳиш баргардад.

Ин муроҷиатнома дар ҳолест, ки рӯзи 15-уми апрел ҳудуди то 20 нафар дар баробари бинои сафоратхонаи Олмон дар Душанбе як гирдиҳамоӣ барпо карданд, вале бидуни ин ки дархости худро ба сафири Олмон бирасонанд аз ҷониби пулис пароканда шуданд.

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)

17 апрел: Гирди сафорати Олмон дар Душанбе хомӯшист (АКСУ ВИДЕО)


ВИДЕОИ гирдиҳамоии 15-уми апрел дар назди сафорати Олмон дар Душанбе:



Мӯҳр
Навруз Исматович
Дахшат чи гуна инхо аз номи ман бардуруг ариза навиштаанд ман Каримов Навруз Исматович ин хамааш дуруг аст ман ягон ариза нанавистаам ва хохиш мекунам ин дуругхоро расонаи Озодагон тахкик кунанд ин хамааш дуруг...

Митинг кардан ичозат будастку бародаро. РАХМАТ БАРОИ ИН ШАХРВАНДОН КИ БА ДИГАРОН НИШОН ДОДАНД КИ МИТИНГ КАРДАН МЕШУДАС, БОРИ ДИГАР РАХМАТ БАРОИ ТАЧРИБА. биёед мушкилихои худамонро фикр када чамъ шуда митинг кардан гирем шояд масъалахо хал мешаванд.

Шахрвандони мухтарам ба ин сурогахои дар боло нишон дода хечгох хатто барои санчидан хам наравед ин хама макру хила аст. Шуморо бо хамин рох мехохан дастгир кунанд.
Ин шармандагиро бинед дар назди як намояндаи Аврупо.
Инро "мантики занона" мегуянд.

сохиб
Хами точикои хдмо хдшона куш менан да любой чо. Охи ты ки бромади аму расмт дар видео мегалта ки медона ки бади и бромадагит т дар шахр озодона мегарди е не

Шахсе,ки ин ба ном гирдихамоиро ташкил кардааст як шаси бесавод будааст.Агар ин шахс корманди амнияти милли бошад вой бар холи амният.Ин хел гирдихамоии бесаводонаро бо иштироки 4 фохиша факат душмани Хукумати хозира ташкил карда метавонад.Ва рости як хизмати хирсона кардааст.Дар бораи гирдихамоии Берлин бисер нафарон хатто намедонистанд.Акнун бошад як рекламаи бепул шуд.Ташкилкунадаи ин гирдихамоиро бо иштироки ин бесаводон бояд рохбаронаш шармандавор аз кор ронд.

Darvesh
Hamon zane ki voh voh dora bguen poshda yagon poyafzoli khub pushad!!!! Sum nadoi chi iqa dodu voy mekni! Bra bozorda bshini yagon sum kor ku obuv bkhar!!!

И понтотон нагузашт чи Меган у занако худашон намедонанд.

Комрон Абду-Раҳмон,
бародар хак ва рост аст, ва мо то хол хурсандем ки дар пойтахт одамони ботаквою боинсоф хеле хам зиеданд.
ин кори кардагиашон, як дуругу як кинои кишлоки мебошад, шарм дорен, ташкилкунандагону, ва номи точиконро бо ин маком нишон додагон.
Худо Хофиз, ва хамашро чой ба чой мекардагии!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)