Бахшҳо

ВИДЕО: Сабти нахустин ҳолатҳои “облава”-и баҳорӣ дар Тоҷикистон

Нахустин ҳолатҳои “облава”, ё худ ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе охири ҳафтаи гузашта ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳошим, як ҷавони тоҷик, ки меҳмони шаҳри Душанбе шудааст, бо "Озодагон" дар тамос шуда, изҳор дошт, ки шоми шанбе дар хатсайри рақами 28 ҳадафи “облава” қарор гирифтааст: “Як мошини “старекс”-ро, ки рақами 28 дошт, манъ карда, савор шудам. Баъде, ки савор шудам, ҷавони дигаре дар паҳлӯям буда гуфт, “ака ин облава аст”. Аммо ман чун хидмат карда будам, чизе нагуфтам ва вақте ба ҷои лозимӣ расидам, гуфтам, ки ман хидмат кардаам. Баъди пурсупос маро раҳо карданд, аммо ҷавонони дигарро бурданд”.

Ин дар ҳолест, ки аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба "Озодагон" иттилоъ доданд, ки дар мавриди "облава" то ҳол расман шикояте дарёфт накардаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар гузашта борҳо барои қатъи ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дастур дода буд, аммо “облава” аз байн нарафт.

Дар ҳамин ҳол қаблан ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо пахши як изҳороти муштарак таъкид карданд, ки қабули лоиҳаи қонуни нави Тоҷикистон дар бораи хидмати ҳарбӣ метавонад, “облава”-ро қонунӣ гардонад.

Тибқи иттилои ҳомиёни ҳуқуқ дар лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки феълан аз ҷониби Комиссияи ҳукуматӣ дар сомонаи Вазорати адлия нашр шудааст, қисми 5-и моддаи 36 баҳсбарангез аст. Ҳомиёни ҳуқуқ муътақиданд, ки қабули ин лоиҳаи қонун “облава”-ро қонунӣ мегардонад: “Дар қисми 5-и моддаи 36 лоиҳаи қонун дарҷ гардидааст: «Дар ҳолати рад кардани гирифтани огоҳномаи даъват аз ҷониби даъватшаванда, падар ё модар, аъзои ба балоғатрасидаи оила ва/ё бе сабабҳои ҷиддӣ дар мӯҳлати муқарраргардида ҳозир нашудани даъватшаванда ба маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, таъмини ҳозиркунии ӯ ба зиммаи мақомотҳои корҳои дохилӣ дар асоси муроҷиати хаттии комиссариати ҳарбӣ гузошта мешавад».


ВИДЕОИ “облава” дар Тоҷикистон, ки қаблан ба интернет роҳ ёфт:

Мӯҳр
Хахахах мухтарам коргарони комесириати харби хозир бачахора ба зури факат барои таёрии харби бурдестен ..Худо дар панохш ватанмона нига дора яке дшман биёя и мухофизора ай чо миёвен.бехтарш 100чавон мард биёя дабравольно бияд гуфти я шоир пароканда лашкар наояд ба кор 100марди чанги бехтар аз100000

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)