Бахшҳо

Мӯзаҳои Алимардонро кӣ мепӯшад: Шералӣ Кабир, Давлатзода ё Рустамов?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Бо рафтани Муродалӣ Алимардон, яке аз мансабдорони пурнуфуз ва дар гузашта мавриди эътимоди президент дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, аз симмати муовинати сарвазири кишвар, акнун ҳарфи пурсарусадо дар долонҳои ҳукумат ин аст, ки кӣ ҷойи Алимардонро мегирад? Ҷойе, ки Муродалӣ Алимардон баъди ошкор шудани камбуди молиявӣ дар Бонки миллӣ ба он оварда шуд ва Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон ба ӯ ва вазири вақти кишоварзӣ -- Қосими Роҳбар хитоб кард, ки мӯзаҳоро пӯшед ва ба дунболи рушд додани соҳаи кишоварзии мамлакат бошед. Ва баъди ин дастури Раҳмон буд, ки Алимардон ва Қосими Роҳбар бо мӯзаҳои худ дар пардаи телевизион ва дигар расонаҳо пайдо шуданд.


Ҳоло ба унвони фарзияҳои эҳтимолӣ омадани се нафар: Шералӣ Кабиров, директори молиявии КВД “ТалКО”, Нусратулло Давлатзода, раиси феълии Кумитаи андоз ва Суюнхон Рустамов акнун роҳбари собиқи “Агроинвестбонк” ба ҷойи Алимардон сари забонҳост. Ҳамчунин аз нафари дигари мавриди назари роҳбарияти волои кишвар ҳам сухан дар миён аст, аммо шахсияташ барои таҳлилгарон ҳанӯз ошкор нашудааст. Вале шонси кадоме аз ин се номзади эҳтимолӣ бештар аст? Ин ҳам дар ҳоле ки сару садоҳо дар мавриди ҳазфи ин мансаб ҳам вуҷуд дорад.

Аммо дар оғоз дар бораи Алимардон ва мансаби ӯ. Муродалӣ Алимардон, ки миёни мардум бештар бо номи Алимардонов маъруф аст, аз пурҳангоматарин мансабдорони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз замони раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин шуданаш то чанд соли пеш буд. Миёни мардум дар бораи дороиҳои ҳангуфти ӯ, раммаҳои зиёди гӯсфанд, галлаҳои бисёри асп, заминҳои бешумор дар водии Ҳисор, токзорҳову боғоти васеъ дар ҳамин водӣ, комбинати бофандагӣ дар ноҳияи Ҳисор (маъруф ба текстили Алимардонов), бонк дар Душанбе (“Агроинвесбонк”, ки ҳамакнун Алимардон раиси он таъин шуд ба таври ғайрирасмӣ ба ӯ мансуб дониста мешавад), инҳисори баъзе намудҳои бизнес дар дасти ақрабо ва нафарони наздик ба ӯ қатрае аз баҳри дороиҳояш дониста мешуданду мешаванд.

Бештар дар бораи Алимардон ин ҳарф зада мешуд, ки ӯ боэътимодтарин мансабдор барои Эмомалӣ Раҳмон аст ва ин зеҳният ҷаноби Муродалиро ба як мансабдори афсонавӣ табдил дода буд. Вале дар поёни соли 2007, баъди аудити Бонки миллӣ аз тарафи ширкати аудитории бритониёии "Ernst and Young", ки роҳбарияти Бонки миллиро ба сӯиистифода аз мақом ва интиқоли 856 миллион доллар ба суратҳисобҳои ширкати хусусии “Кредит-Инвест”, ки махсус ва масъули таъмини молии ширкатҳои сармоягузори хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон будааст, муттаҳам намуд, сару садоҳо давру бари номи Алимардон бештар шуд. Вале дар ин замон Муродалӣ Алимардон, ки гумону тахмин мерафт муҷозот шавад, ба симмати муовини сарвазир боло бурда шуд. Тибқи гузориш "Ernst and Young", ки дар пайи аудити бонки миллӣ нашр кард маблағҳои барои сармоягузории пахтапарварӣ ихтисосшуда ба ширкатҳои бародар, падар ва худи Муродалӣ Алимардон интиқол меёфтаанд ва 221 миллиону 500 ҳазор доллар, ки дар солҳои 2004-2007 ба соҳаи пахтакорӣ гузошта шудаанд, аз ҳисобу китоб берун мондаанд.

Таъин шудани Муродалӣ Алимардон ба мансаби муовини нахуствазир дар ҳоле буд, ки баъди тағйироти сохтории ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интихоботи президентӣ дар соли 2006 мансабҳои муовини сарвазир аз 5 ба 3 ихтисор шуданд. Вале дар январи соли 2008 барои Муродалӣ Алимардон як мансаби дигари муовини сарвазири Тоҷикистон ба қавле “тарошида” шуд, ки мудирияти масоили кишварзӣ, сиёсӣ ва то андозае иқтисодиро дар ихтиёр дошт. Бар асоси қавоиди нонавишта дар сиёсати кадрии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки аз сиёсати кадрии аҳди Шӯравӣ ба мерос мондааст, дар мансабҳои давлатӣ тавозуни ҳузури намояндаҳои минтақаҳои кишвар ба назар гирифта мешавад. Ҳарчанд дар ин авохир ин тавозун чандон риоя ҳам намешавад. Дар мансаби муовинини сарвазири кишвар, ки ҳоло 2 намоянда аз минтақаи Кӯлоб: Давлаталӣ Саидзода ва Азими Иброҳим ва якеи дигар намояндаи минтақаи шимол - Марҳабо Ҷабборӣ мебошанд, нафаре, ки ба ҷойи Алимардон меояд бастагӣ дорад ба ҳамон қоидаи нонавиштаи тавозуни намояндаи минтақаҳо.

Бар асоси ин қоида Алимардон минтақаи водии Ҳисор (ва ҳамин тариқ минтақаи навоҳии тобеи ҷумҳурӣ)-ро дар симмати муовинати нахуствазир намояндагӣ мекард. Акнун гуфта мешавад, касе ки ба ҷойи Алимардон меояд бояд ё намояндаи ҳамин водӣ бошад ва ё намояндаи ВМКБ. Чаро ки то соли 2006 яке аз мансабҳои муовини сарвазир дар ихтиёри намояндаи ин вилояти мухтор буд, ки онро чандин сол Қозидавлат Қоимдодов дар ихтиёр дошт.
Аз номзадҳои эҳтимолӣ ба ин симмат бештарини соҳибназарон омадани Шералӣ Кабиров, директори молиявии КВД “ТалКО”-ро воқеитар медонанд. Чун Кабиров яке аз нафарони наздик ва мавриди эътимоди Ҳасан Асадуллозода, роҳбари “Ориёнбонк” (яке аз бонкҳои бузургтарини Тоҷикистон) ва ҳамчунин додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон, дониста мешавад, ки ҷаноби Асадуллозодаро аз нафарони таъсиргузор дар тасмимоти сиёсии ғайрирасмӣ медонанд.

Гузашта аз ин шахсияти Кабиров, ки аз ӯ ҳам ба унвони як тоҷири муваффақ ва як менеҷери эътирофшуда дар Тоҷикистон ном мебаранд мувофиқ ба ин мансаб мебошад. Кадри ҷавон, номзади илми иқтисод ва намояндаи минтақаи Бадахшон. Ҳарчанд баъзеҳо мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ба ҷойи Алимардон касе меояд, ки мутахассиси соҳаи кишоварзӣ (аграрӣ) бошад. Вале худи Алимардон ҳам маълумоти академии кишварзӣ надошт, ҳарчанд раммаҳои зиёди чорво ва галаҳои аспу замину боғоти зиёдашро мардум тавсиф мекунанд. Омадани Шералӣ Кабиров ба ин симмат миёни нафарони наздик ба худи ӯ низ дар чархиш аст ва эҳтимоли зиёди омадани оқои Кабировро яке аз шарикони собиқи тиҷоратияш ба “Озодагон” ҳам воқеӣ хонд. Аммо бо вуҷуди ин гуфта мешавад, ки дар ин авохир мансабдорони мавриди назари ҷаноби Асадуллозода ҳам бар асари ҳузур ёфтани чеҳраҳои нави таъсиргузор дар сиёсати кадрӣ дар курсиҳои худ устувор боқӣ намемонанд. Ин аст, ки сару садои омадани ду номзади эҳтимолии дигар ба ҷойи Алимардон вориди гуфтумонҳо мешавад.

Ду номзади дигар Нусратулло Давлатзода ва Суюнхон Рустамов, ки баъди Шералӣ Кабиров соҳибназарон эҳтимоли омадани яке аз онҳоро пешгӯӣ мекунанд, дар шароите имконпазир аст, ки дуюми аз мансаби мудири “Агроинвестбонк” барканор шуд. Пеш аз Наврӯз ҳам барканор шудани Нусратулло Давлатзода аз мансаби раиси Кумитаи андоз расонаӣ гардид, вале дар ин бора қарори раиси Ҳукумати Тоҷикистон содир нашуд. Акнун сару садоҳое шунида мешавад, ки Давлатзода ба ҷойи Алимардон таъин мешавад. Суюнхон Рустамов, ки эҳтимоли хеле ками таъин шудани ӯро пешгӯӣ менамоянд, танҳо бо як шонс дар рӯйхати номзадҳои эҳтимолӣ қарор гирифтааст, ки дар гузашта муовини вазири кишоварзӣ буд.

Дар ҳамин ҳол соҳибназарон дар мавриди ҳазф шудани мансаби нахуствазир, яъне ҷойи Муродалӣ Алимардон ҳам изҳори назар менамоянд. Ва ин эҳтимол ҳам ба воқеиятҳо наздик аст. Зеро замоне, ки аудити ширкати бртониёии "Ernst and Young" фасодкориҳоро дар Бонки миллӣ фош намуд, гуфта мешуд Алимардон зери фишори Сандуқи байналмилалии пул ва дигар созмонҳои молии байналмилалӣ аз вазифа барканор шуд. Ва таъйини ӯ дар мансаби муовини сарвазир рӯйпуш кардани ин камбудҳои ҳангуфти Бонки миллӣ буд. Ҳоло дигар он “афсона”-и Бонки миллӣ фаромӯш шуд ва рисолати ин мансаб ҳам ба поён расид.

Вале ҳарфи ниҳоӣ дар бораи ин фарзия ва эҳтимолиятҳо ба фармони Президенти Тоҷикистон бастагӣ дорад, ки дар ҳафтаҳои наздик бояд содир шавад. Коршиносон ҳам ҳадс мезананд, ки сиёсати кадрии Эмомалӣ Раҳмон бисёр пешгӯишаванда нест ва хеле асроромезу печида мебошад.
Мӯҳр
Ба курсии Алимардонов Алимурод Тагоймуродов мешинад.

Истиклол
Чавоб ба Фируз, Ш.Кабиров барои шахр чи хизмат намудааст, ки онкасро Раиси шахр таъин намоянд. Агар як дарахт шинонда бошад дар хамин пойтахтамон, хатто ба фикрам дар шанбегихо иштирокам намекунанд. Убайдуллоев М хаккатан зебандаи хамин маком, инфраструктураи шахрро бардошта тавонистанд, кандашона зананд.

Сухроб
Ба фикри ман мухидин кабири арзандаи мансаби алимардонов мебошад кадри чавон ва босавод тавозун хам дар чомеа баркарор мешавад

Фируз аз Душанбе
Иршод дуруг нагу Давлаталӣ Саидзода аз Дангара аст.

Бачаи Дарвози
Чавоб ба M- kevrun_ вн1111, Момаи капири манам англисира медона, гуфтани,ки раиси шахрда пешниходуш кнем

Рустам
Чавоб ба Сухроб, мебинам, ки шумохам бемор мебошед, хатман Шумо бояд аз оби тахорати "Шайх Темур" нуши чон кунед.

456
какая разница все равно не чи ахолиба.

ЭЙ МАРДУМ! ЧАРО СИЕХРО САФЕД МЕГУЕД.
ШЕРАЛИ КАБИРОВ ЗАВОДИ АЛЮМИНИЙРО БА НЕСТИ ОВАРДУ БОЗ МЕХОХЕД ШАХРРО ВАЙРОН КУНАД.
ХУШОМАДГУЕНИ ШЕРАЛИ БАС МАРДУМФИРЕБИ

Оли барои муза чангай бгу Озоди хай кани бинем насиби кадом камбагал бошад,аник ману Шералиро намемонанд,,,,,,,

Шохин,
Якин аст, ки лаганбардори уйи ! Ман пулхои худро хуб хисоб карда метавонам ва харгиз аз бухлу кинаву хасуд суханамро нагуфтаам. Яке хамун замини асту яке ту! Бе таго чои худро ёфтааст ???? Хе содаее ...

Кабиров шерали менечери суст аст.Англисира хуб намедонад.
Факат дар Дубаю Европа дам мегирад. Аз хисоби мо андозсупорандагон.

Аз махалбозии мо иллат ба миллат мерасад...
Азизон кабл аз он ки дар бораи шахсе гуфтание мехохед, бехтар мебуд, агар дар бораи кору фаъолият, донишу аклу хирад ва зиндагии у маълумот медоштед.
Баъдан зи худат бипурс, агар марди, ки имруз чи хизмате ба мардум карди...
Хар яки ин чехрахо дар чомеа чои намоёнро доранд, ки Худованди мутаъол икболу сарбаланди насибу рузиашон гардидааст...
Факат гуфтаниам, ки Шерали Кабиров вокеан хам дар байни кадрхои чавони имруза мавкеи хосаро дорост, олим доктори илмхои иктисодист.
Дар бисёр семинару машваратхои бо иштироки институтхои молияви ва созмонхои байналмилали барпогардида шохиди баромадхои пурмухтавои ин шахс будам ва бечунучаро таваччухи хосаи ахли толорро эхсос мекардам.
Барори кор ба хама чунин чавонони дорои хираду заковати воло...

Муза не, валенкаи калушдор!
кати шафкаи агрономи.

Сафаров Фахридин
Ман сад дар сад бовари дорам хар се аз инхо дар фикри ободии ватани азизи мо нест

Саид,
Хай, чанд сум гирифти, ки ика Кабировро аз пушти никобу дах ном пуштибони дори??? Як заслугаи уро кани номбар кун, чи кор кардааст хамин одам барои ободиb
кишвар ??? Хамин кадар мондааст, ки Дарвозро пойтахти мамлакат пешниход кунад ва ё лоакал шахраш эълон кунад, дигар чии?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)