Бахшҳо

Мулло Абдураҳим Э.Раҳмонро “раҳмати Худо” ва ҲНИТ-ро ифротгаро хонд

Раҳим Каримов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон, собиқ қумандони мухолифин, ки бо номи Мавлавӣ Абдураҳим маъруф аст, имрӯз, 2-юми апрел зимни баромадаш дар мавзӯи «Дини ислом ва ифротгароӣ» дар шаҳри Душанбе, пешниҳод кард, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баста шавад.

Мулло Абдураҳим, ки дар семинари ташкилкардаи Вазорати умури дохилӣ, дар мавзӯӣ ҳамкории мақомоту ҷавонон алайҳи мухолифин баромад мекард, ҲНИТ-ро дар бисёре бадбахтиҳои солҳои 90-уми асри 20-и Тоҷикистон муттаҳам карда, ҳамчун созмони ифротгаро хостори қатъи фаъолияти он шуд. Ӯ илова кард, ки мутаассифона гурӯҳҳои ғайриқонунӣ аз номи дини мубини ислом ҳарф зада, ба ин дини муқаддас иснод оварда, мардумро фирефтаи худ месозанд: “Агар рӯзҳои мудҳиши соли 1992-ро ба ёд орем, маҳз аз нофаҳмӣ, бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ хуни мардуми бегуноҳ рехта шудаву бештари мардум беватан гаштанд”.

Раҳим Каримов ҳангоми суханронӣ аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва вохӯрӣ бо марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд ёдовар шуда, гуфт: «Ҳангоме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба кишвари Афғонистон сафар кард, Аҳмадшоҳи Масъуд гуфт «Раҳмонов ҳоло вақти омадани Шумо набуд, чунки дар Афғонистон ҷанг рафта истодааст». Дар ҷавоб Сарвари Давлат чунин посух дод, ки «Ман намегузорам, то нафаре аз мардуми Тоҷикистон берун аз кишвар шаҳди ғарибӣ чашад, ҳатто агар лозим ояд ҷони худро нисор месозам!» Аҳмадшоҳи Масъуд аз ин ҷавоби Сарвари Давлат мутаассир гашта гуфт: «Ба давлати Шумо раҳмати Худо омадааст ва чунин неъмати бебаҳоро ҳаргиз аз даст надиҳед!».

Мавлавӣ Абдураҳим инчунин аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро интиқод намуда, гуфт, «он гурӯҳҳое, ки аз номи Ислом ҳарф зада, ба сӯи Ислом гуфта, ба ҷиҳод даъват мекунанд, ин даъват ба сӯи шайтон аст». Ҳамчунин, аз ояту ҳадисҳои «Қуръон»-и карим ҳарф зада, зикр кард, ки «Ислом – раҳм аст!».
Мӯҳр
ислом ба хизб ниёз надорад мо ба хизб ниёз дорем ин монеъгузорихое ки
манъи чавонон ба масчид манъи сатр тарошидани риш инхоро шурои уламо хамрох шуда бар зиди инхо фатво мебарорад оё зарурати хизби исломи нест ки аз хукукхои поймолшудаи мардумро дифоъ кунад.

Довуд
Хамин домулои бечора э хойиден да. Хайр шояд ин фикри шахсии у буда, ба хамин хулоса омад. Шукри Аллох хар сахар овози азон аз масчидхо мебарояд, дар хонахо нон хаст, кудакон хар сахар ба богчаю мактабхо дар шароити ором рафта истодаанд, давлатамон тинчу ором, ин бахори зебою осмони софа бинед. Э аз барои Худо шукр кунед. Дур наравед Афгонистон Сурияю Ироку Яманро бинед- ДАХШАТ. Бале мушкилотхо зиёданд, лекин ИншоАллох хамааш бартараф мегардад. Ин бартарафкуни аз мою Шумо хам вобастаги дорад. Вазифаи мо илмхои нав ва касбхои хубро аз худ карда, мехнат намудан лозим аст. Шумо илму касбро аз худ кунед ИншоАллох дар намемонед. Биёед Точикистони азизамонро обод мекунем.

кием
Бародарон ин гапхоеки навиштед маьно надорад Абдурахим Мавлави дар хакикат рост гуфтааст ман ба ин мард ахсан мегуям барои ки хакро натарсида рушод мекуяд баьди ин мард дигарон сармекунан интизор шавед мешнавед мо баьд лекин хар кас фойдаи худро нигох карда гапмезанад барои хамин аз худо тарсед чизе ки мувофик ислом АСТ росташа гуед монанди Абдурахим Мавлави
Озодагон дар хакикат озод асти


128
ИН ЧИ ШУРЕСТ КИ ДАР ИН ДАВРИ КАМАР МЕБИНАМ. ХАМА ОФОК ПУР АЗ ФИТНАВУ ШАР МЕБИНАМ.

БОВАР КУНЕ МАН АЗ ТАНИ ШУМО БЕШТАР ШАРМ МЕДОРМ. ЧУН КИ ШУМОРА ХАМА МЕДОНАД , КИ ШУМО ДУ ПАГОНА ЧАНОБИ ОЛИ МЕДОНАД ШУМОРА МЕДОНАНД , КИ ШУМО АМАИ ИН КОРОХОРО БАРОИ ВАЗИФА КАРДА ИСТОДАЕН ,

Онхое ки меган мардум ба ягон хизб эхтиёч надорад, онхо аввалан саводе надоранд, бародар ту агар мусалмон бошию ба Куръон имон дошта боши мархамат сураи Оли Имрон оят 104 кушода хон ки Аллох чи мефармояд. Аъузубиллах, 22 сол пеш хами оята хами Абдурахим хдш далил оварда ба мардум фахмонда буд ки бояд муъминхо сохиби хизб бошанд, имруз худаш хами оята кабул накардесай. Худо хидоятат кунад.

баходур
Озодагон, пахш кунед хохишан навиштаи ман ро

Ман як бор навиштам, чопаш накардед ва хохиш дорам ин даъфа чопаш кунетон..
Мардумро хамин хел бе савод нашуморед, ки шумо фикр доред..
Ин мардум хамаро худаш дидаистода аст..
Ман аъзои ягон хизб нестам ва хаминро гуфтани хастам, ки хамон вакт чомеа хизби исломию тарафдоронашро кабул намекунад, ки на ягон кас ва ё гурух
бар зидди роху равиши исломи ноб (умеренный ислам) чи намозу сатру хичобу риш мухолифат накунад.Ана хамон вакт ниёзе ба хизби исломи намешавад.. Ин хели муллохои ду пагона гапа калон мезананд ва фикр намекунанд, ки ба имони баъзехо таъсир мерасонанд.
Бигузор бисёр хурсанд нашаванд, ки ба чое мерасанд чунин ашхос. Касе, ки аз хамроххои худ ба хотири мансабу чоху чалол ру тофт, хеч гох ба максади худ намерасад. Чун ки у дар муддати кутох боз рафикони навшро низ мефурушад...Аз гуфтахои хамин хел ба ном "мулло"-хои бе андеша чомеа ба ифрот мепечад.. Ин фикри шахсии ман аст.

Сафар
Дар давраи чанги шахрванди Мулло Абдурахим шохиди бисёр чизхо буд. Аз чумла у медонист, ки ХНИТ чавонону наврасони точикро ба давлатхои исломи барои гирифтани таълимоти гайриконунии дини мефиристод ва ба ин кораш аз хорича пул мегирифт. Гуфтахои Мулло беаба нестанд.

Салмон
Хизби нахзат максади шумо факат мансаб АСТ молу дуне даьвоятон хам ин аст халос дигар максаде надорен зинда боши Домулло абдурахим

Озоди мардум хонанд

хонанда
Ба ХНИТ коре надорам, вале ин мардаки хуб садруя будааст. Магар Руссия заставаи 12-ро аз хотир баровардааст? ФСБ чаро хомушииииии????


Ман ба боварии комил гуфтани хастам, ки хамаи мардуми Точикистон тарафдори бастани ХНИТ мебошанд, чунки он рузхои талхе, ки мардуми точик як маротиба аз пушти хамин гуна хизхо диданд ва аз сар гузарониданд намехоханд, ки дубора такрор шавад.


Акобир
Рафикон барои чи шумо мулло Абдурахим ё мавлави меген аз худо бтарсен кучои у мулло ва мавлавида монандай

Воъизон , к-ин чилва аз мехробу минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд .!


Худо тарс
Абдурахим на мулло ва на мавлави аст, агар мебуд чунин баромад намекард у як пашша суркун аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)