Баёнияи шадиди Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба даъвати бастани ҳизб
Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон имрӯз, 30-юми март бо пахши як баёния пешниҳод ва дархостҳои баъзе ниҳодҳоро барои бастани ҲНИТ тарҳи фитнаомез ва мухолиф ба қонун номида, натиҷаҳои онро бар зарари миллат ва давлат унвон кардааст.
Дар баёнияи ин ҳизб омадааст, ки “кашонидани доираҳои динии кишвар ва аз забони онҳо матраҳ кардани як пешниҳоди мухолиф ба Конститутсияи ҶТ ва Созишномаи сулҳ баёнгари оғози як тарҳи фитнаомези дигар мебошад, ки оқибатҳои бади он бар зарари миллат ва давлат меанҷомад. Ҷои таассуф аст, ки баъзе ташкилотҳои динӣ ва шахсиятҳо аз таҷрибаи рӯзгор ибрат нагирифта, аз нав ба васила ва бозичаи сиёсӣ табдил мегарданд ва бо ин амалашон зарбаи бештар ба ҷойгоҳ ва обрӯи ташкилотҳо ва пешвоҳои динӣ мезананд”.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ фаъолияти ҳизби сиёсии характери динидоштаро дар Тоҷикистон меъёри конститутсионӣ хонда, вуҷуди онро натиҷаи як тафоҳуми миллӣ ва омили сулҳу ваҳдат дар кишвар донистааст.
Ҳамчунин дар ин баёния омадааст, ки “ҲНИТ ҳамчун ягона ҳизби сиёсии динӣ дар минтақа на танҳо дар барқарории сулҳу ваҳдат дар кишвар саҳм гузоштааст, балки бо мавқеъҳои созандаи худ дар самтҳои дохилӣ ва хориҷӣ ҳамчун як неруи муътадили сиесӣ маъруф гаштааст. Қобили зикр аст, ки маҳз мавқеъгириҳои ҲНИТ дар ҳолатҳои ҳассос борҳо кишвар ва минтақаро аз хатарҳои гуногун ҳифз намудааст. Аз рӯзи расидан ба сулҳ ва созиши миллӣ то имруз ҳатто ягон ҳолате ҳам набудааст, ки ҲНИТ дар сиёсатҳои асосии дохилӣ ва хориҷӣ мавқеъи мухолиф бо мақомоти расмии кишвар дошта бошад. Ҳатто, ҳангоми амалишавии бархе аз сиёсатҳои ғалат ва мухолиф ба манфиатҳои миллии мақомоти расмии кишвар, бештар аз василаҳое мисли фаҳмонидан ва ислоҳсозӣ истифода намудааст, на мавқеъгирии ошкорои манфӣ. Агарчи, ин ҳама солҳо болои ҲНИТ фишорҳо ва маҳдудиятҳо вуҷуд доштаанд, роҳбарияти ҳизб талош кардааст, ки аз сиёсати сабр ва таҳаммул истифода намояд”.
Дар ин баёния ҲНИТ худро пойбанд ба муққарароти Созишномаи сулҳ ва аҳду паймони анҷомшуда хонда, умедворӣ кардааст, ки шарикони сулҳ ва ҳамватанони аҳдкарда низ бо ҲНИТ ба Созишномаи сулҳ чунин рафтор намоянд.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо ишора ба интихоботи ахири порлумонии Тоҷикистон гуфтааст: “Интихоботи ахири пуртақаллуб ва ахиран, ин пешниҳоди садодода аз забони баъзе мақомоти ҳокимият ва кормандони ташкилотҳои динӣ баёнгари он аст, ки баъзе масъулин сабру таҳаммули ҲНИТ- ро мавриди сӯйистифода қарор дода, дар амалҳои ғайриқонунӣ ва ғайримиллии хеш ҷуръати бештар пайдо кардаанд. Ин амалҳо на танҳо ба ҲНИТ ва дигар ҳизбҳои мухолиф, балки ба ҷомеъа паём мефиристад, ки кишвар қадам ба қадам ба самти яккатозӣ, якандешӣ ва худкомагии мутлақ ҳаракат дорад”.
Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар ин баёния аз мақомоти марбутаи давлатӣ тақозо кардааст, ки пеши роҳи чунин амалҳо ва пешниҳодҳои ғайриқонунӣ ва фитнаомез ҳарчи зудтар гирифта шавад ва гунаҳкорон барои барангехтани низоъи сиёсӣ ва кинаву адоват байни кишрҳои гуногуни ҷомеъа ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Дар интиҳои баёния ҲНИТ бори дигар аз ҳама доираҳои марбут даъват намудааст, “ки дар ҳали масоили умумимиллӣ аз муколама ва фарҳанги сиёсиву ҳамзистии мусолаҳатомез истифода шавад, на аз таҳдиду фишор ва иғвоангезиву тафриқаандозӣ, ки вақтҳои ахир ҷои муколамаи созандаро гирифтааст”.
Бояд гуфт, ки рӯзи ҷумъаи гузашта домулло Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи намози ҷумъа ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки фаъолияти ҲНИТ дар кишвар мамнуъ эълон карда шавад ва аз тамоми намозгузорон даъват кард, ки ин пешниҳодро ҷонибдорӣ намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |