Бахшҳо

Дастури Раҳимзода алайҳи либоспӯшии ғайримиллӣ ва ҳисоботи тобеин

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар пайи интиқоди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз пайравии занони тоҷик ба фарҳанги бегона дастур додааст, ки мақомот аз урфу одатҳои бегона, пайравӣ ба фарҳанг ва либоспӯшии ғайримиллии занони кишвар ҷилавгирӣ кунанд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, имрӯз, 28-уми март сардорони раёсат ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷаласаи оперативӣ-хизматӣ ба муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар мавриди корҳояшон барои ҷилавгирӣ аз либоспӯшии ғайримиллии занон ва тақлидашон ба фарҳанги бегона ҳисобот додаанд.

Манбаъ мегӯяд, зимни ин ҳамоиш Аламшозода Абдураҳмон Аламшо изҳор доштааст, ки «ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон ба мушоҳида мерасад".

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ зимни ҷаласа Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ба сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ супориш додааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ин раванд корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо пурзӯр карда шаванд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аввали моҳи равон дар мулоқот бо занони фаъоли кишвар гуфт, вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст: “Ба Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорат қарор диҳанд”.

Дар идома раисиҷумҳур гуфтааст, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳимми мусулмонӣ мебошанд”.
Мӯҳр
Чаро занони юпкапушу нимурёнро назорат намекунед. Магар ин фарханги бегона нест?! оё бегонашавии фарханг ва гаравиши занон танхо дар сатр аст? якбор хуб андеша кунед бародарон! дар маддаи 26 сарконун интихоби дину пайрави ба он озодаст. Аз хамин чихат хар нафар вобаста ба интихоби дини ва ё эътикодаш сарулибос ба бар мекунад. Ин хукуки Конститутсионии хар шахрвандаст.

Имруз дискокулбхо маргази вайронкунандаи ахлоку фарханги милли шудааст ва касе парво надорад! духтари точик арак менушад, героин истифода мекунад боз фохишаги бехисаб. Агар дилатон ба фарханги милли сузад пас чаро фаъолияти дискоклубхоро манъ намекунед!?

Ин чи як бадбахти мебошад барои мо чаро ин хукуматдорон либосхои аврупоиро манъ намекунанду махсус ба либосхои исломи кордор мешаванд?

из америка
хубш мини юбкара маън мекарданд. хар руз пойхои лучи духтарони точик зери чашми хоричиён аст

Абду
Аввалан ин ки сатр намудан ин амри Худои яктост ва мо мардуми Точикистон даъво дорем, ки мусалмонем пас мусулмон будани мо чи маъно дорад? Эй шахсиятхое ки зиди амри АЛЛОХ мебароед аз АЛЛОХ битарсед рузе шуморо хам марг дармеёбад АЛЛОХ шуморо аз хар як амалотон пурсон мешавад зидди амри АЛЛОХ баромадани шумо маънои чанг ба суи Худоро дорад. Бо Аллох чанг накунед,ки мабодо Аллох балоеро болои сари ин мардум биёрад.На хамаи занхо максади таклидкори доранд,балки амри Аллохро бачо овардан аст.Хар шахсе ки максади нопоку нораво дорад ба ана хамон шахсиятхо кордор шавед.Имрузхо тамоми мардумро ба ташвиш оварда байни мардумон тафрикаву чудоиву нофахмихоро зиёд карда истодаед.Аксарияти мардум аз ин масъалаи пеш гирифтаи шумо норозиянд. Аз паи масъалахои шавед,ки борои бехбудию пешровии ин мардуму ин миллат бошад на инки мардумро озор додан камбудихо зиёданд аз паи онхо шавед.

Darvesh
Salaro az sar giriftem Jomaro az tan kashidem To kujo aknun RASIDEM!!!!

Ҳамин юбка аз бегона бошад ё тоҷикон пеш юбка кати мегаштан? Ё ҷинс пушии занон. Инҳор маън мекунанд ё нее.

Мастура
мо бо шумоем Рахимзода! Кучахои шахри зебоямон пури "зоги сиёх" шудаистодаст. Биёед аз онхо халос мешавем

Бахтиёр
Мухидин Кабири зинда хаст чаро барои Либос гап намезанад, Хочи Мирзо ва эшони Нуриддин кучодаст

Андарзи Шугнони
Бигузор мини юбка бошад, вале замонави,милли ва аз бучулаки по поён бошад.То ки шахватро набарангезад. Боки хеч бадие надорад мини юбка. Аммо сатру хичобу руймоли сиёху саропо андомро пушида. занону духтаронро вахшиву ифроти мегардонад. Онхоро аз зиндагии озод ва чахони пешрафта махрум мекунад

точир
Муллохо таёршенки гурухи шайтонхо чанг еълон кардестиян зиди конунхои аллох.

Хак ба чониби Эмомали Рахмон аст! Дастур диханд рохбарони бозорхоро, либосхоеро, ки хоси фарханги мо нест ворид накунанд, ин масъала дар тули як сол хали худро пайдо мекунад. Ва якчанд барномахои маслихати тарики тв кофист аз фахмондадихии масъулони вкд.Нафаре, ки аз фарханги худ фахр намекунад, дар дил хисси бегонапарасти дорад..

Ино бегонашавии фархангро танхо дар сатр мебинанд. Духтарони нимурён мефорашон охи барои хами пеши рохи онхоро намегирнд.

Holid
Чаро бояд хамеша э нуриддину кабири ва гайра гап зананд? Ое шумо мусалмон нестед дигар мардум? Ое шумо розиед ки иффати зану хохару духтаронатон аз даст биравад?
Садо мезанед кани эшону кабири? Аммо бехабарем ки махз хомушии ману ту дахони онхоро мухр задааст ва мо милости лагандбардор одат кардем ки дигарон ба чои мо гап зананд

Бисёр кори хуб мешавад. Ин сатрпушхои мо як маротиба бо он занхои сатрпуши Арабистону Эрон сухбат кунанд, баъд ба кадри озоди мерасанд.Онхо безор хастанд аз пушидани чунин сатр ва ба занхои мо хасад мебаранд, мо бошем ба онхо таклид мекунем. Як маротиба ба занони Туркманистон нигаред. Ягон тои онхо либоси бегонаро намепушанд.Хеле зебо ва миллист.

ин дин дини алох аст курьон китоби уст хичоба худаш алох фарз кардаст худаш нигохаш медорад лелин натонист ин дина нест кунад инхоам наметонанд 40милйон мусулмона кушт шурави натонист нест кардан акнун вакти имтихон саршуд мусалмон аз мунофик чудо мешад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)