Бахшҳо

ВИДЕО: Ифшои номи ронандае, ки корманди БДА-ро кашола кард

Додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе алайҳи ронандае, ки ба фармони нозири роҳ итоат накарда, ӯро дар болои қисмати пеши мошинаш то 100 метр кашола карда бурдааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.

Мақомоти Тоҷикистон аз ин ронанда, ки дар хатсайри рақами 8 бо мошини “Опел-астра”-аш ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул будааст, Баҳриддини Наҷмиддин ном мебаранд, ки зодаи шаҳри Кӯлоб буда, феълан дар ноҳияи Рӯдакӣ иқомат дорад. Ба иттилои манбаъ айни ҳол ронанда дар боздошт ва воситаи нақлиёташ дар ҷаримагоҳ қарор дорад.

Ин қазия баъди он вирди забон шуд, ки 20-уми март навори кашола кардани нозири роҳ аз ҷониби ронанда, ки дар кӯчаи Айнӣ, дар назди маҷмааи фурӯши “Садбарг” сабт шудааст, дар интернет нашр гардид. Бисёре аз корбарон ин амали ронандаро маҳкум карда, қисме аз ӯ таъриф карда, изҳор доштаанд, ки нозирони роҳ бо фасодкорияшон ронандаҳоро азоб дода, маҷбур ба фирору саркашиҳо мекунанд.


Мӯҳр
Албатта дар ин маврид харду гунахгоранд. Корманди БДА набояд ин тавр рафтор кунад ин кахрамони не, ин нодонист. Охир барои муайян намудани вайронкунандагони коидахои харакат камерахои мушохидави насб гардидааст, ё ин боз як хусумат аст???

Фаридуни кулоби
Хабаррасонхои мухтарам, шарт набуд зодаи кадом минтакаи кишвар будани "чинояткорро" нависед. Мухим, ки имруз истикоматкунандаи кучост. То ба кай кулобихоро мисли "дикий" тасвир мекунед. Албатта ифтихормандам, ки хамшахриёнам часуру хакчуву муборизи бевичдонхоянд. Лекин ба назар бояд гирифт, ки мардуми хар минтакаи Точикистон хислати манфию мусбии худро доранд. Шарт нест онхоро ба зодгохашон кисмат кард.

гаи
мур корманди бда бо чунин шармандги айб аст ки дар макомоти милиса чунин бесаводон кор мекунанд ронанда не гаишникро чазо додан даркор

Мухтарам Озодагон, нагз мешуд ки дар оянда хар як чинояткорро, фарке надора вай чиновникай е он ки ба хотири хурондани хонаводааш такси кор мекунад. бо ному насабаш ва аз кучо омадагиашро шахрвандон донанд, мумкин дар оянд, каме шахрванд, буданро хис мекнанд.

Робен Гуд
аммо ма ронандаро кунахгор намехисобам

Шарифчон
Ба номи Худованди яккаю ягона касам аз хамон рузе ки "Полковник" сардори ШБДА-и шахри Душанбе таъин кардан интизом дар ин сохтор бо ду пояш мелангад. Хамаи мошинхои одамкаши аз Вахдат, Рудаки Варзоб ки ба шахри Душанбе ворид мешаванд доля бастаги хастанд. Нимаш ай Ъмаралии чун, нимаш ай акаи Шамсуф , ай ним зиёдаш ай акаи Акбаралии чуни шринан. барои хамин дар шахр тартибот ва танзими наклиёт намешава
[hide][/hide]

Сафар
Дустон то шамол нашавад дарахт намечунбад то зулм аз хад зиёд нашавад мардум гап намезананд! Сад дар сад бовари дорам, ки ин кормандони БДА ва баъзе милисахо дар чони мардум задаанд! Охир ин чи зулмаст?! Чаро пракратура нисбати корманди БДА делаи чинояти намекушояд, ки гайри конуни дар мошини мардак худаша партофтаст? Агар корманди БДА гайри конуни дар рох намеисто бовари дорам, ки ин коро намекарду ракамхои мошинро гирифта дар суд пешниход мекард вале...

Хисрав
Хай нофахми кардаст чавонора фахмидан даркор як хохиш шарт нест ки аз Кулоб буд баьд Восе рафт хай хамчун шахрванд даст ба чунин кор задаст кори хатост ин маьнои нацистист

Кормандони БДА ҳамаш аз худ рафтагин. Мардума ҳақорат мекунанд ва ВКД онҳоро пуштибони мекунад.

Раис
дар хакикат неки ба дили хама кардак ин ронанда пулои додагиша бровардак ин ронанда ахсан номт тарихда мемона

Мусофир
Ба Фаридун малол мабош корманди БДА-хам аз Кулоб аст ва бинобар ин харду фард кахрамонии худро расман нишон додаанд

сайёхони хоричи агар дида бошанд ин тамоман шармандаги барои миллати мо аст.... аслан агар ин масъаларо пайгири намоем хамин ронандаро барои хамон "трафареташ" гунахгор медонанд, ки ягончо кор намекунаду пайи ризк баромадааст то ягон мушкилоти хонаашро бартараф созад....

Фарзон
ин корманди БДА шарманда кард....

Баъд аз ин ба чи хукм мучозот шудани ронандаро хатман бояд иттилоот дод, зеро ин барои дигарон дарси ибрат шавад!!

Салим
Не ҳеҷ кас барои шери нари Кулоб гуфтан баҳои хуб намедиҳад ба Шумо,Шумо худатонро ва шаъни миллати худро бо ин амал паст мезанед.Нишон медишед,ки мо тоҷикон ин гуна мадданият дорем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)