Бахшҳо

Корҳои "фаҳмондадиҳӣ" дар бораи сатру ҳиҷоб дар бозори “Фаровон”

Як гуруҳ аз тоҷирони бозори “Фаровон”-и шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯянд, баъд аз суханронии охири Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи бадкориҳои баъзе аз занони сатрпӯши тоҷик, дар ин бозор маъракае алайҳи ҳиҷобу риши савдогарон роҳандозӣ шудааст.

Ин тоҷирони бозори “Фаровон”, ки гуфта мешавад, ба яке аз додарарӯсони Эмомалӣ Раҳмон марбут аст, дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфтанд, аз онҳо ба таври қотеъ талаб шудааст, аз пӯшидани сатр ва мондани риши баланд худдорӣ кунанд. “Бо ҳар марди ришдору зани сатрпӯш рӯбарӯ мешуданд, ӯро бурда дар шӯъбаи милиса акс мегирифтанд ва мегуфтаанд, ба ихтиёри худат сатратро гиру ришатро тарош вагарна бо далели огоҳ кардан, ҳам худамон ин корро анҷом медиҳем ва ҳам 2 ҳазор сомонӣ штрафат мекунем",-гуфт яке аз онҳо.

Дар ҳамин ҳол, яке аз кормандони Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон дар суҳбат бо “Озодагон” сафарбар шудани гуруҳе аз кормандони ин ниҳод ба бозори “Фаровон”-ро тасдиқ кард: “Дирӯз кормандони мо ба хотири гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи сатру ҳиҷоб дар бозори “Фаровон” буданд ва азбаски имрӯз шанбегӣ доштанд, нарафтанд”.

Аммо ҳамсуҳбати мо аз додани шарҳу тавзеҳот дар бораи тарзу усули баргузории ингуна корҳои фаҳмондадиҳӣ худдорӣ намуд. Як масъули Шӯъбаи кор бо занони шаҳри Қӯрғонтеппа дар тамоси телефонӣ гуфт, баргузории чунин корҳои фаҳмондадиҳиро дар нақша доранд: “Вале ҳоло дар ягон ҷо баргузор накардаем”.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар бораи сатру ҳиҷоб дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 6 март зимни мулоқот бо занони фаъоли ҷомеа тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакатро як раванди ташвишовар арзёбӣ намуда буд: “Ба Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки якҷо бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорат қарор диҳанд”.

Дар идома раисиҷумҳур гуфт, “меҳоҳам махсус таъкид намоям, ки бузургони мо борҳо фармудаанд, ки танҳо сатру сиёҳпӯшӣ ва кӯркӯрона тақлид намудан ба фарҳанги бегона нишонаи боиффат будани занону духтарон нест. Мо мисолҳои зиёде дар даст дорем, ки аз ҷониби занону духтарони сатрпӯш истеъмоли маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва боз баъзе кирдорҳои дигаре содир карда мешаванд, ки аз суннату анъанаҳои миллии мо, ҳувият ва шаъну шарафи зани тоҷик тамоман ва фарсахҳо дуранд. Мо ҳақ надорем фаромӯш кунем, ки иффати занону модарони тоҷик ҳанӯз аз замонаҳои қадим дар озодидӯстиву озодихоҳӣ, илму маърифатдӯстӣ, дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ, пос доштани суннату ойинҳои неки аҷдодӣ, тарбияи фарзандони солеҳ ва дигар хислатҳои нек зоҳир мешуд. Ҳамчунин, фаромӯш набояд кард, ки танҳо бо пӯшидани сатру ҳиҷоб ва зоҳирпарастӣ масъалаи иффат аз нигоҳи ислом ҳал намешавад, зеро омӯхтани илму дониш, яъне босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунари муайян гардидан, вафодориву садоқат ба арзишҳои оилавӣ, анҷом додани амалҳои хайр ва дар кирдору рафтор боиффат будан аз ҷумлаи фазилатҳои муҳими мусулмонӣ мебошанд”.

Дар пайи ин интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон баъзе аз шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон ба намоиши барномаҳои вижа дар бораи бадкориҳои баъзе аз занҳои ҳиҷобпӯши тоҷик пардохтанд. Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон бо пахши як гузориш аз фоҳишагии чанд зани ҷавони сатрпӯш хабар дод. Дар ин гузориш раҳбари Маркази савдои “Саодат” ҳам ҳузур пайдо карда, ба зиёд шудани либоси ҳиҷоб ё сатр дар Тоҷикистон тайи чанд солҳои ахир ишора намуда афзуд, бештари вақт рафтори онҳое, ки чунин либос ба бар мекунанд, хоси занҳои боиффат нест. Ин хонум дар идома гуфт, “духтарони мо бояд либосҳои миллӣ, атлас пӯшанд ва сатр аз байн гирифта шавад”.

Дар идомаи гузориши мазкур гуфта шуд, хонумҳои сатрпӯшро на нодориву камбизоатӣ, балки ҳирси молу сарват ба амалҳои бадахлоқӣ водор намудааст.
Мӯҳр
Ба вароруд. "Дар таърих ва тамаддуни моддию маънавии мо аз сатру хичоб хеч сухане ба миён наомада ва дар ягон асари доир ба сару либоси мо ,ки дар масири таърих руи кор омадаанд,гузорише оварда нашудааст." Хатокарда, бингару бубин ку дар кучои таърих ва тамаддуни мо юбкаву чинспуши буд?! Чаро забонат лолу ангуштонат шах шудаанд, ки ин тарафи масъаларо хам мегуфтиву менависонди?? Курбин набояд буд.

Дар таърих ва тамаддуни моддию маънавии мо аз сатру хичоб хеч сухане ба миён наомада ва дар ягон асари доир ба сару либоси мо ,ки дар масири таърих руи кор омадаанд,гузорише оварда нашудааст

Ба Вароруд: "Дар таърих ва тамаддуни моддию маънавии мо аз сатру хичоб хеч сухане ба миён наомада ва дар ягон асари доир ба сару либоси мо ,ки дар масири таърих руи кор омадаанд,гузорише оварда нашудааст" ХАТОБИН: ДАР КУЧОИ ТАЪРИХ ВА ТАМАДДУНИ МО АЗ ЧИНСУ ЮБКАПУШИИ ЗАНОНИ МО ГУФТА ШУДААСТ? ЧАРО ИН ТАРАФИ МАСЪАЛАРО НАМЕГУЕДУ НАМЕНАВИСЕД?

Мухочир
Салом бародарон ва андешамандон! Банда дар мухочират ин хабаро хондам хеле рухафтода шудам ва чойи афсус хам аст, ки бархе мокомотхои кудратии мо "Ба чойи сала кала меоранд" охир дар суханронии президент онгунае, онхо рафтор доранд гуфта нашудастку?! Мардум ба саёра расидааст то хол дар ватани мо Ришу Сала, Хичобу Галстук гуфта гаштанрд! Чи либосхои аврупои хатар надорад?! Окибаташ Худо медонад...

Салом бародарон ва андешамандон! Банда дар мухочират ин хабаро хондам хеле рухафтода шудам ва чойи афсус хам аст, ки бархе мокомотхои кудратии мо "Ба чойи сала кала меоранд" охир дар суханронии президент онгунае, онхо рафтор доранд гуфта нашудастку?! Мардум ба саёра расидааст то хол дар ватани мо Ришу Сала, Хичобу Галстук гуфта гаштанрд! Чи либосхои аврупои хатар надорад?! Окибаташ Худо медонад...

Давлати Точикистон демократи ва хукукбунедаст.хамаи шахрвандон новобаста аз мансабхои худ баробар хукук хастанд,Пас ба сатру риши шахрвандон чи кор доред.Агар ду нафар ба гуфтаи шумо фоишаи сатрпуш бошад,хазорхо аз либоси милипушхаст.Дар инчо чи либос магар гунахкораст?Аз сомонаи озодагон эхтиромона хохиш мекунам,ки шарх,и маро то ба охир сабт кунед...

Мавлонои Руми дар маснави як хикояти чолиб доранд,ки чунин аст.
Рузе хокими шахр амр мекнад, ки хамаи хархои мардумро чамь карда биеранд.
Як мард мегурехт дусташ аз у пурсид аз мегурези мард чавоб додод аз конуни нав хабар надори дусташ гуфт хабар дорам.
Аммо ту хар надори барои чи мегурези мард гуфт навкарони хоким бачои хар маро бурданианд.?????

Вася Иванов
varorudi,
Е биё бас кун

CHi xel meshavad ki donishjuyon sum baroi sartaroshxona jam nakunandu muhi sar va rishashonro baland monand bad xamin mulesaho omada bepul mui saru rishixo onxora taroshand ECONOM meshavad.

Барои чи ин корхо танхо дар Хатлон аст. Ин фитнахо баракс хашми мардумро меорад. Мо хуб медонем, ки Точикистон исломи нест, аммо фаромуш набояд кард, ки 99% мусулмонаст. Ба мардуми Хатлон салла гуянд, калларо мекобанд. Инчо мардум аз хукуки худ дифоъ намекунанд. ДУСТОН АЗ ХОТИР НАБАРОРЕД КИ АЛЛОХ хамеша голиб буду хаст. ХУКМИ АЛЛОХ болотар аз карору конунаст. ХУДОВАНД ХУДАШ ДИНАШРО ХИФЗ МЕКУНАД. У ТАВОНО АСТ

Президенти "МУХТАРАМ"-сатра ки маън карден .хай чанозаву никохро хам маън кунен.ассалому алейкумам маън кунен хатна намудану Иди Курбону Иди Фитрам маън кунен....

Точик
Вакте тамошо ё гуш мекунен хуб мешуд,як бор нафахмиди боз такроран тамошо кунед.Ман хам чанд бор тамошо кардам Чаноби Оли нагуфтанд БЕСАТРИ кунед гуфтанд бегонапарасти накунед,барои мисол гуфтанд ба нохияи Рашт равед. Барои онки дар Рашт занхо болибоси точики ба дин и Ислом чавобгу либосхои кушод руймолхои калон меандозанд. А хозир бисёраш сатр гуфта руймола мебанданд гардан ним метр дароз платя мепушанд шикам чунбон думба чунбон хама чунбон АНА инро дар назар доштанд

Коктарош кунед. Ришхояшонро сузонед.

бале сатр моли мо нест, вале фаранчи моли хакикии мост.

Зани точик хама вакт бо сатру хичобаш боиффат буд. Сатри аврат барои хар як зани муъмин ба монанди намоз фарз аст,ин фармон аз чониби Холики Яктост!!Зани точик дар ягон давру замон юбка шими джинс намепушид, нимбарахна намегашт, аз таърих маълум аст ки занони точик дар Бухорои шариф бо куртахои кушоди дарози махкам,дар сар руймоли калони заргарони, бо чодар мегаштанд!Дар Точикистон ягон проблеммаи дигар вучуд надорад,ки хама сари изору руймоли зан даст гирифтед.Лутфан занонро ба холи худ вогузоред!!!!!

Бародарон давлати мо демократи мебошад ва хамаи ин масъалахоро демократия хал кардааст, чунки дар давлатхои демократи хама озоданд чи гуна либос пушанд ё чи гуна сатр пушанд ё риш монанд ё инки намонанд боят мо инро дигар кордор нашавем.
Лек як чизро бояд аз хотир набарорем, ки 99%-и ахолии мамлакатамон мусамон мебошад ва барои бандаи мусалмон сатр фарз гардонида шуда, риш сунат мебошад.

дар Сарконуни (Конститутсия) Чумхурии Точикистон Боби 2 моддаи 26 кайд карда шудааст!!! "Хар кас хак дорад муносибати худро ба дин мустакилона муайян намояд, алохида ва ё якчоя бо дигарон динеро пайрави намояд ва ё пайрави накунад, дар маросим ва расму оинхои дини иштирок намояд." бародарон ва хохарони исломи хеч кас ба шумо щахрвандони Точикистон "чунин либос напушу, чунин бипуш" ё "ришата гир" гуфтанба хак ва хукук надорад.

Ман
Оё сатру хичоб ба мо ягон халал расонид шумо мехохед духтарони мо мисли духтарони аврупои дар тан юбкаи калта дар тарабхонаву дискатекахо вакт гузаронанд ин шармандагист хайф

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)