Бахшҳо

ВИДЕО: Боздошти Шаҳнозаи 25-сола дар роҳ ба Сурия

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Шаҳнозаи Қурбоналӣ, сокини 25-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва зодаи шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар роҳ ба ҷиҳод ба кишвари Сурия қарор доштааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ Бозорзода Шаҳнозаи Қурбоналӣ, соли таваллудаш 1990, зодаи шаҳри Кӯлоб ва бошандаи ҷамоати Саркиштии ноҳияи Рӯдакӣ дар ду соли охир тавассути шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” ва “Вайбер” бо Сабзқадам ном ҷавоне, ки дар Сурия қарор доштааст ва шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, тамос барқарор намуда, зери таъсири равонии сухан ва аксу видеоҳое қарор гирифтааст, ки ин ҷавон барояш фиристодааст.

Ба гузориши дафтари матбуоти ВУД таъсири таблиғот ва даъвати Сабзқадам то ҳадде буда, ки Шаҳноза ба дарсҳо дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки донишҷӯи ин даргоҳ будааст, фаъолона иштирок намекардааст ва ба ҳамсабақонаш низ чунин наворҳои ифротиро нишон додаву онҳоро ба пӯшиданисатру ҳиҷоб даъват менамудааст.



Манбаъ афзуд, Сабзқадам тавассути яке аз рафиқонаш аз Маскав ба Шаҳноза пули роҳ фиристода, ӯ пинҳонӣ аз волидон бо баҳонаи тиҷорат ба Туркия сафар мекунад: “Дар фурудгоҳи Истанбул Шаҳнозаро нафарони махсус пешвоз гирифта, ба қароргоҳи махсусе мебаранд. Баъди он Шаҳноза ба яке аз шиносҳояш дар Душанбе бо номи Хуршед занг зада мегӯяд, ки ӯ на барои тиҷорат, балки барои ҷиҳод ба Сурия инҷо омада ва алъон автобусҳо омодаанду бояд ба ҷиҳод равад”.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи дарёфти ин иттилоъ Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дар ҳамкорӣ бо сафорати Тоҷикистон дар Туркия Шаҳнозаро қабл аз сафар ба Сурия боздошт ва ба Тоҷикистон бозпас овардаанд.

Вазорати умури дохилӣ бо нашри гузориши телевизионӣ дар бораи ин қазия аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват намудааст, аз узвият ба ҷараёну ҳаракатҳои ифротӣ худдорӣ намоянд:


ВИДЕО: Боздошти Шаҳнозаи 25-сола дар роҳ ба Сурия

ВИДЕО: Боздошти Шаҳнозаи 25-сола дар роҳ ба Сурия

ВИДЕО: Боздошти Шаҳнозаи 25-сола дар роҳ ба Сурия
Мӯҳр
Камол
ин сатракихо хамааш хамитари терористанд?

йййййй
Ба ту комил аз худо битарс сатр фарзи ИЛОХИСТ барои зан .Чи магар бачахоеки аз маскав ба сурия меравнд онхо муло буданд ту илми исломи надори е як лаганбардори беш нести

м
Худо хохарони сатрдори моро дар панохаш нигох дорад.

Худо хохарони сатрдори моро дар панохаш нигох дорад

Дар Точикистон хаёт вучуд надорад, вой аз дасти бепулию нодори

Dev
YAk duhtari hushchehrai, vale boyad hub fikr mekardi,ki turo dar Siriya chi intizor ast.Onjo hama kassobon tu barinhoro intizorand, hudat hub medoni bahri chi.Ammo dar Vatan, bo in surati hub va kame jahdu taloshi sirat metavoni zimomi yak oilai solimi hudatro ba dast girivu kudaki bogurur tajor kuni, chun millat muhtoji farzandi farzona ast.

МАГАР АЗ ДИГАР ИНТАКАХО НЕСТАНД ДУХТАРОН ВА ПИСАРОНИ БА " ЧИХОД " РАФТА ? ХАМАИ ОНХО АЗ КУЛОБАНД? БОЗ СИЁХКУНИИ ЯК МИНТАКА !!!!

ввввв
ФАРОМУШ НАКУНЕД, КИ БОЗДОШТИ САДРПУШХО БАЪД АЗ ИНТИКОДИ ПРЕЗИДЕНД САР ШУД ВА ИДОМА МЕЁБАД. ПРЕЗИДЕНТ ГУФТ КУ ДАР РУЗИ 8 МАРД, АНА ИНХО КАЛЛА НЕ САЛЛАЁРИ МЕКУНАНАД.

Хукмиддин
Назарнависони мухтрам чаро аз касе дифоъ мекунед, ки нияти нопоке дошта то хазорхо мусалмон аз амали инхо дар хуну гам огушта.Бо тасдики фатвои Шайх Орифи ин хохари точик+мусулмонамон бояд барои айшронии мучохидон мусоидат мекард (яъне мушкилоти шахвонии гурух-гурухро пиёда месохт, ки инро Чиход ул никох мегуянд). Магар аз доираи хуввияти милли ва диниямон созгор мебинем, ки кадом точикдухтар таги дахо ифотиёни олам монад? Лоакал боре посухи имони дихед?

Гумрохи аз ин зиёд намешавад. Наход шабу руз аз ВАО оиди чангхои Сурияву Ирок маълумот диханду, барои пешгирии чавонон ба шабакахои террористи мубориза баранд, боз ин хонум ба ин рох рафтааст. Бояд хама дар чомеъа фаъол бошанд ва ба хамдигар оиди чунин ходисахо корхои фахмондадлихи гузаронанд. Ба фарзандони миллати точик иштирок ба чунин чангхои бемаъни намезебад. Мо точикон аз кадим миллати ботамкин, бомаърифат будем ва манфиатхои миллии худро хифз намоем. Бо иштирок дар чунин чангхо обру намегирем.

худованд хидояташон кунад

Садо
Ба чиход албатта шахсоне мераванд,ки кутохаклу бесаводанд. Вале сафсатагуи оли мебошанд. Ношукурбандахо! Садкаи обу нон ва хоки мукаддаси Точикистон шавед. no

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)