Посухи дандоншикани Сафар Абдуллоҳ ба сафири Озарбойҷон
Сафар Абдуллоҳ, пажӯҳишгари забону адабиёти форсӣ дар ҳамоишие дар Теҳрон кишварҳои гирду атрофи Эрон, ба вижа Туркияву Озарбойҷонро дар дуздии ифтихороти ин кишвар муттаҳам кардааст.
Ин донишманди тоҷик аснои суханронӣ дар ҳамоиши мазкур таъкид кардааст, ки “бадхоҳони Эрон ба бузургии ин ном рашк меварзанд, чаро ки Эрон дар баробари касе сари таъзим фуруд наёвардааст ва ин барои мо эронитарборон мояи ифтихор аст”.
Аз ин изҳори назари донишманди тоҷик сафири Озарбойҷон дар Эрон нороҳат шуда, бо ӯ ба баҳс мепардозад. Фаслномаи “Эрони бузурги фарҳангӣ” дар саҳифаи фейсбукаш фишурдаи баҳси Сафар Абдуллоҳ ва сафири Озарбоҷонро, ки пас аз итмоми даври нахусти ҳамоиш ва замони барои наҳор ҷудошуда рӯ задааст, нашр кардааст:
“Сафири Озарбойҷон ба Сафар Абдуллоҳ мегӯяд: “Низомӣ турк будааст”.
Сафар Абдуллоҳ дар посух мегӯяд: “Пас чаро суруда: “Ҳама олам танасту Эрон дил?”
Сафири Озарбойҷон мегӯяд: “Инҳо тарҷумаи форсии ашъори туркии Низомии Ганҷавӣ аст”.
Сафар Абдуллоҳ дар посух мегӯяд: “Агар Низомӣ туркзабон буда, пас чаро суруда: “Туркисифатӣ вафои мо нест?”
Сафири Озарбойҷон дар посух мегӯяд, “инро форсҳо ба китоби ӯ ворид кардаанд” ва бо нороҳатӣ аз назди Сафар Абдуллоҳ дур мешавад".
Ин нахустин баҳси рӯбарӯи як донишманди тоҷик бо дипломати озарбойҷонӣ мебошад, ки сари мавзӯи мероси адабии форсу турк сурат мегирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |