Барфрезии шадид баҳси шаҳрдорию ТВТ-ро боз "гарм" кард
Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои навоҳии Душанбе (РИР) таҳия ва пахши барномаи ахири “Ахбор”-и Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон дар бораи вазъи роҳҳои пойтахтро ғайримунсифона хонда, аз ин ниҳод хостааст, ба чунин барномаҳои худ хотима бахшад.
Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Душанбе, Раёсати истифодабарии роҳҳои пойтахт гуфтааст, ситодҳои доимоамалкунандаи шаҳрию ноҳиявӣ аз боду ҳавои охир ва резиши барф қаблан огоҳӣ дошта, дар ҳолати омодабош буданд. “Боридани барф соати 6:00-и субҳ оғоз гардида, дар тамоми ноҳияҳо техникаҳо ва кормандон барои пошидани маводи инертӣ дар роҳҳо сафарбар шуданд, ки то соати 12:00 аз ҷониби раёсат 1745 тонна маводи мазкур дар роҳҳо пошида шуданд”, - афзудааст манбаъ.
Ба қавли масъулини ин раёсати шаҳри Душанбе, гузоришгарони Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон ва “иҷрокунандаи ҳадафҳои нопок ин фаъолиятро нодида гирифта, барои таҳрифи воқеият мусоҳибаҳои пурғараз омода карданд, ки ин масъаларо ба имону виҷдони онҳо ва фаромоишгаронашон ҳавола месозем”.
РИР дар хитоб ба гузоришгарони Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон таъкид кардааст, онҳо дар ҳоле аз тоза нашудани барф дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт нигаронӣ кардаанд, ки тибқи меъёрҳои роҳсозӣ роҳҳо танҳо баъд аз 10 см шудани баландии барф тоза мешаванд: “Новобаста аз ин ва таъкидҳои пурғараз маълуматон медорем, ки оид ба нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо барои бартарафсозии оқибати бориши барфи пуршиддат дар ноҳияҳои Сино 48 адад, Шоҳмансур 34 адад, Фирдавсӣ 30 адад ва И.Сомонӣ 24 адад техникаю механизмҳо ва 2447 кормандони РИР сафарбар гардида, тибқи меъёрҳо ҳолати зарурии роҳҳои зертавозунро таъмин намуданд”.
Раёсат аз Шабакаи аввал инчунин хостааст, заҳматҳои кормандони ин ниҳодро нодида нагирад ва шаъну шарафи онҳоро паст назанад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |