Бахшҳо

Руҳонии тоҷик дар бораи никоҳи хешутаборӣ ва фаромушӣ аз суннатҳои Паёмбар

Дар пайи баҳсҳои зиёд сари зиёну манфиати никоҳи хешу таборӣ Абдуалии Муҳаммадӣ, руҳонии тоҷик ва писари домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ бо нашри матлабе хостааст, ба ин гуфтумонҳо нуқта гузорад.

Руҳонии тоҷик дар ин матлаб, ки дар саҳифаи Фейсбукияш нашр кард, гуфтааст, Паёмбари Ислом ҳанӯз ҳазору 400 сол пеш омили аслии носолимии кӯдаконро зикр карда буд. Ба гуфтаи ӯ, Муҳаммад (с) дар яке аз ҳадисҳои худ, ки аз сӯи Имом Тирмиз (р) ривоят шудааст, мегӯяд: "Тифле, ки таваллуд мешавад дар гарави ақиқаи хеш аст". Абдуалии Муҳаммадӣ мегӯяд, манзури Паёмбар (с) аз гуфтаҳо ин аст, ки саломатӣ ва рушди кӯдак дар гарави ақиқаи ӯст.

Руҳонии тоҷик Ақиқа ё худ куштани ду гусфанд барои соҳиби писар шудан ва як гусфанд барои духтарро яке аз суннатҳои дӯстдоштаи Муҳаммад (с) ном бурда, афзудааст, ки ҳар тифле дар хонадони паёмбар (с) таваллуд мешуд, бо вуҷуди фақру тангдастӣ барои писар ду гусфанд ва барои духтар як гусфанд мекуштанд.

Дар идомаи матлаби Абдуалии Муҳаммадӣ аз фаромуш шудани ин суннати Муҳаммад (с) дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷикон ибрози нигаронӣ шуда, ӯ мегӯяд, мардуми тоҷик ҳоло суннати Памёбарро канор гузошта, ҷои онро ба гаҳворабандону ҷашни зодрӯз додаанд. Ӯ инчунин аз суннатҳои дигари марбут ба таваллуди фарзанд низ ёдовар шудааст, ки ба иддаои ӯ иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад ва носолимии кӯдакон натиҷаи фаромӯшавии онҳост, на никоҳи хешу таборӣ:

1. Азон дар гуши росташ ва қомат дар гуши чапаш, яъне аввалин овозе ки дар гуши тифл мерасад бояд садои азон бошад то бо ин садо унс гирад ва дар оянда ҳидоят ёбад.
2. Таҳник, шираи хурморо дар даҳони тифл молидан, яъне аввалин ғизое ки дар бадани тифл меравад бояд шираи хурмо бошад, илми ҷадид исбот намудааст ки тифл вақте тавалуд мешавад қандаш паст мегардад, пас иҷрои ин суннат барои саломатиаш фоида дорад.
3. Ақиқа, фарзанд, ки ҳадя ва бахшиши Худои мутаъол мебошад вақте солим таваллуд мешавад бар ваҷҳи шукр бояд ақиқа карда шавад, то Худои мутаъол ҳифз ва ҳидояташ кунад.
4. Тарошидани муйи сари тифл ва ба вазни муяш нуқра садақа додан, инро низ илми ҷадид исбот намудааст, ки гузоридани муйи сари тифл барои саломатиаш зарар дорад.
5. Номи нек, гузоштани номе, ки ба некукорӣ далолат кунад, яъне номе, ки маънои хуб ва зебо дошта бошад, на номҳои бе маъно мисли сангу хок ё тешаву табар, чун Худои мутаъол одамро мукаррам офаридааст пас бояд номаш ҳам мукаррам бошад.
Мӯҳр
Абдуалии Муҳаммадӣ
муосир,
Ба муҳтарам Меҳмон аввалан сарлавҳаи мақолаи ман Авомили носолимии атфол, буд. Ва ман онро дар саҳифаи худ барои мухлисон ва дустдорони суннат навиштам, вале Озодагон бо тағири сарлавҳа нашраш кард. Аз навиштаҳои шумо бар меояд ки одатҳои арабро аз суннатҳои исломӣ фарқ намекунед, бинобар ин баҳс бо шумо фоида надорад. Ҷавоби банда ин аст ки мушкили шумо бо ислом аст на бо хурофоти исломӣ! Шайх темурро қабул надоред чун қафомондаасту хурофотпараст, Тураҷонзодаро қабул надоред чун донишмандасту сиёсат шинос.

муосир,
АҲМАДЧОН,

Абдуалии Муҳаммадӣ,
Хело хушҳолам, ки ҷавобатан навистед. Муҳтарам Абдуалӣ! Шумо бо ман қудрати баҳс надоред, ва баҳс кардан ҳам наметавонед, зеро, аввало, аз қоидаю усули баҳс огаҳ нестед. Баъдан, мавзӯйи баҳсро риоя намекунед.
Аммо баъд, كل المنعطفات
1. Шумо иқроред, ки сарлавҳа таҳриф (ё тасҳеҳ?) шуда, яъне эроди моро пазируфтед.
2. Паямбари ислом (с) баргузидаи Худованд аз аҳли араб буда, ва одати беҳтарини Ӯ суннат шуда. Аммо Шумо таъқид доред, ки "одатҳои арабро аз суннатҳои исломӣ фарқ" мебояд. Шумо бо ин гуфтаи хеш магар ба гуфтаи ман шак доред?
3. Шумо боз ҳукм мекунед, ки " мушкили шумо бо ислом аст на бо хурофоти исломӣ"! "Хурофоти исломӣ" ибораи ширк аст, ИСЛОМ ХУРОФОТ НАДОРАД! Ин ду мафҳуми мухолифанд! Ин ҷо Шумо шояд асабонӣ шудед ва шайтон гумроҳ кард.
4. Шумо навистаед, ки "баҳс бо шумо фоида надорад". Маъзарат... Шумо аз баҳс фоида меҷӯед ё ҳақиқат?
5. Ман исми Тураҷонзодаро зикр накардаам, ин хаёлоти Шумост. Баъдан Шумо аз мавзӯйи баҳс хело канор шудед.
6. Аҷоибтарин кашфиёте, ки кардаед, инаст: "мухлисон ва дустдорони суннат"! Ман нав донитсам, ки суннат ҳам мухлис доштааст!
7. Саллаи (бубахшед, тоқии) муҷадидӣ ба Шумо рост намеояд!
لا تجادل الأحمق الجاهل. خلاف مع الجاهل عديم الفائدة.

Муслим,
Бародар, Муслим,
Ба фикрам, барои Шумо муҳим нест, ки номи ман чист: Табар ё Тавар, Теша ё Санг, Кавк ё Каврак (ман аз дорандагони ин номҳо узр мехоҳам). Чархи таърих, Ҳаёт ба ақиб намеравад. Он чи шудааст, шудааст. Чи хубию чи бадие, - сазовори баҳсу муҳокима нест.
Эроди тунд, ҳатто густохонаи ман ҳам ба муаллифи гузориш ба он хотир буд, ки кулли мардум ба худ ҳуқуқи таҳриру ҳукми таърихро медиҳанд ва, баъдан, аз он истифода мекунанд, ва баъдан ба ин одат мекунанд, ва баъдан бо он унс мегиранд ва, баъдан онро аллакай чун сифати худ муаррифӣ менамоянд.
Ба ақидаи ман, чу номи ман Тавар мондаанд, ин тақдир, хости Худ.ванд. Ва барои ман беҳтарин номи инсонист! Вассалом!
...Магар баъзе муллотарошҳо набуданд, ки ...

...Магар баъзе муллощо набуданд, ки чанде қабл номҳои Рустаму Сӯҳроб, Парвизу Хисрав, Ҷовиду Комронро ғайриисломӣ эълон карда, онҳоро ба Муҳаммаду Суннатулло, Абдуллою Иброҳим, Абдуҷаббору Мутеулло гардонданд?! Чи?, аз ин кор онҳо мусулмони комил шуданд? Оё онҳо лоиқ шуданд ба ин номҳои муътабари исломӣ? Дар куҳистон чу касе навзодро ба номи волидайнаш монданӣ шавад, муллои деҳа аввало қатъиян мепурсад: "Оё шумо эҳтироми номи калонро пос дошта метавонед? Нашавад, ки тасодуфан тифлро дашном ё хорӣ кунед ва бо ин хотири арвоҳҳоро таҳқир?" Кулли мардум баъди ин савол--таъқиди мулло аз ....

...бозномидани номи гузаштагон худдорӣ мекунанд!
Дар Аврупо маъмултарин ном Муҳаммад аст, ва (мантиқан, яъне оморан) дар миёни авбошону зиндониён низ маъмултарин ҳам ...

.... ин ном аст. Ин магар эҳтиром ба Паёмбар (с) аст???

ман то хозира фикр мекардам ки хеле муло хасти вале хозир фахмидам не. баъзе ин мулохо масалаи никохи хешу табориро ба шиддат кабул доранд ва таблиг мекунанд кки ин боке надорад ва зараре хам надорда. таассубт зиёд. ин хеле никоха зарарша собит кардагианд. шумо куръон ва суннат гуфта гардед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)