Бахшҳо

Даргузашти ҷавоне, ки аз Президенту Убайдуллоев кумак хост (АКСУ ВИДЕО)

Абдуалӣ Муродов, як ҷавони 18-сола, ки аз дарди гурда ранҷ мекашид, даргузаштааст.

Қурбоналӣ Муродов, падари Абдуалӣ 17 феврал ба “Озодагон” гуфт, писараш замоне ҷон супурд, ки ӯро ба беморхона мебурданд.

Дар бораи мушкили Абдуалӣ Муродов хабаргузории “Озодагон” моҳи декабри соли сипаришуда хабар дод. Он замон падари 56-солаи ӯ, ки маъюб мебошад, барои муолиҷаи Абдуалӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, райисиҷумҳури Тоҷикистон, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт ва тамоми мардуми хайрхоҳ дархости кумак карда буд. Қурбоналӣ Муродов дар суҳбати телефонӣ гуфт, баъди ин муроҷиат чанд нафар ба ӯ кумак кардаанд: “Аз ҳамаи онҳо миннатдорам ва Худо хайрашон бидиҳад”.

Хонаводаи Қурбоналӣ Муродов, ки аз шаш нафар иборат аст, дар ҳолати фақр ба сар мебарад. Дар суҳбати видеоӣ ӯ гуфта буд, маъюби гуруҳи дуюм аст: “Ҳар ду поям маъюб аст. Дар бозори “Корвон” сурудхонӣ мекунам ва бо ҳамин рӯз мегузаронем. Нафақаам ба таъмини зиндагӣ намерасад. Аз пули барқу об қарздорем. Ҳамсарам ва як духтарам бемор ҳастанд ва кор карда наметавонанд. Зиндагӣ вазнин аст”.

Абдуалӣ, ки дар курси сеюми Литсеи касбии хизмат ва туризм таҳсил мекард, ба қавли падараш аз бемории гурда ранҷ мебурд: “Дар натиҷаи ташхиси тиббӣ маълум шуд, ки Абдуалӣ модарзод як гурда надорад ва гурдаи ягонааш ҳам сиҳат нест”.

ВИДЕОи муроҷиати Абдуалӣ ва волидонаш барои кумак




Даргузашти ҷавоне, ки аз Президенту Убайдуллоев кумак хост (АКСУ ВИДЕО)

Даргузашти ҷавоне, ки аз Президенту Убайдуллоев кумак хост (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
НАХОД ВАЗИФАДОР ВА МАНСАБДОР ВА Е ЯГОН ДЕПУТАТ КИ ПУЛАШОН КАМ НЕСТ ВА Е ТОЧИРОНУ ДОРАНДАХО ИНСОФ НАКАРДАНД, КИ КОРИ САВОБРО БИКУНАНД. МАГАР НЕКИ КАРДАН БАДИ ДОРАД?

Ин ХАБАР ро дар эрон хонда истодаам... ашком чори шуд. эй вой вой Худо чаро ин кадар Сабури эй дунёи бе адолат... кучоцт милёнхо доллари амрикои ки дар банкхои хоричи хобида аст.. ох бар он модари чигарсухташ ки шахбачааш мурд. танхо дили бозмондагон ва моро Инно лилох ва инно илайхи рочиун ором мекунад,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)