Бахшҳо

Ҷӯши пешазинтихоботӣ: Аз “писханди Кабирӣ” то “қабул накардани Зоиров” (ВИДЕО)

Вохӯрии раисони аҳзоб бо интихобкунандаҳо дар доираи интихоботи парлумонӣ дар вилояти Суғд тезу тунд ҷараён дорад. Ба гуфтаи масъулони ҲНИТ дар ин мулоқот иштирокчиён бештар бо Муҳиддин Кабирӣ вориди баҳс шуда, ҳатто насиҳат мекунанд. Ин вохӯриҳо боиси гуфтугузори пурбаҳсе дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, аз ҷониби тарафдорони ҳар ҳизб ба таври гуногун тафсир ва баррасӣ мешаванд.

Аз ҷумла саҳфаи “Кумитаи иҷроияи Исфара” дар Фейсбук, ки ғолибан моли Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Исфара дониста мешавад, зери номи “Кабирӣ ба модари ҷигарпора писханд зад”, навиштааст: “Интихобкунанда Султонова Махфират (аз Исфара - “Озодагон”) гуфт, ки писари ӯ Султонов Раҳмон аз аввали солҳои 2000-ум инҷониб аъзои ҲНИТ мебошад. Раиси бахши ҷавонони Гумбазии ҷамоати деҳоти Навгилем буд. Аз қатори аъзоёни фаъол ба ҳисоб мерафт. Инак, беш аз 9 сол мебошад, писараш бедарак асту ба баъзе маълумотҳо ба Ҳизби Исломии Узбакистон пайваст шудааст. Пеш вақтҳо писари ӯ дар мактаб аъло мехонду тарбияи хуб дошт. Аз он вақте, ки ба ҲНИТ аъзо шудааст, хислату харакатери бад ва амалҳои номатлуб пайдо кардааст. Ин ҲНИТ аст, ки писари ӯро ба Ҳаракати Исломии Узбекистон пайваст кардааст. Муҳиддин Кабирӣ ба ҷойи ғам хӯрдан аз ин ҳодисаи нангин ба модари бечора писханд зад”.

Аммо як нафар аз шарҳнависони фейсбук зери ин матн навиштааст, “Кабирӣ фарҳанги писхандзаниро намедонад”.

Ҳамчунин “Кумитаи иҷроияи Исфара” дар як нигоштаи дигар бо номи “Исфарагиҳо Рахматулло Зоировро қабул накарданд”, навиштааст, “Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров санаи 15 феврал хост бо интихобкунандагон дар Исфара мулоқот доир кунад. Барои ин номбурда ба мулоқоте, ки бо раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ доир мешуд, худсарона ва бешармона ворид шуд. Вале мардум аз толоре, ки дар он Раҳматулло Зоиров мулоқот карданӣ буд, баромада рафтанд. Мардум нахост бо ин нафар, ки аз дурӯягону фитнагарон ва душманони миллат, ки мехоҳанд бо ҳар восита Тоҷикистонро ба вартаи парокандагӣ кашанд, мулоқот кунад. Зеро ҳама хуб медонад, ки Зоиров Р. кист ва чӣ ниятҳои нопок дорад. Баъди ин Раҳматулло Зоиров ду дасту бинӣ монду шармандавор аз Исфара рафт”.

Инчунин дар шабакаи “Ютуб” навори беш аз 1 соатае таҳти унвони “Хитоби ҷавонони Хуҷанд ба Кабирӣ” нашр гардидааст, ки аз рафти мулоқоти намояндагони аҳзоб бо интихобкунандагон дар вилояти Суғд ба навор гирифта шудааст. Баъзе аз иштирокдорони мулоқот дар ин навор аз раиси ҲНИТ хостаанд, ба фаъолияти ин ҳизби дар асоси қонун амалкунандаи Тоҷикистон ва ягона ҳизби муътадили исломӣ дар Осиёи Марказӣ хотима бахшида шавад ё ҳадди ақал калимаи Ислом аз номи он берун карда шавад. Афроди саволдиҳанда аз боздошти Ҷамолиддин Маҳмудов, мушовири Муҳиддин Кабирӣ ёдоварӣ намуда мегӯянд, маҳз дар сафарбар шудани фарзандони онҳо ба ҷангҳои кишварҳои хориҷ ҲНИТ гунаҳкор аст. Яке аз иштирокдорони ҷаласаи мазкур, ки бидуни бурдани ному насаб ба саволдиҳӣ шурӯъ мекунад, Кабириро дар шиорпартоию “афсонагӯӣ” муттаҳам карда, бо қироати як шеър дар васфи Тоҷикистону хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ ватандӯстӣ “меомӯзад”.

Муҳиддин Кабирӣ дар навбати худ ҳангоми посух ба саволҳои иштирокдорон намоиш ва боздошти мушовири худ ва намояндаи ҳизбашон дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро дар арафаи интихоботи парлумонии 1 марти соли равон муғризона хонда, гуфтааст, ӯ дар ҳоле боздошт мешавад, ки соли 2013 ин қазия ҳалли худро ёфта буд ва Ҷамолиддини Маҳмуд бо пешниҳоди худи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати комиссияи интихоботӣ шомил шудааст. Раиси ҲНИТ дар ин навор мегӯяд, иддаои баъзе аз сокинони кишвар дар бораи хотима бахшидан ба фаъолияти ин ҳизб ё берун кардани калимаи Ислом аз номи он танҳо ҳамчун як хоҳиш ё пешниҳод қабул карда мешавад ва ҳарфи ниҳоиро дар ин бора миллати тоҷик ҳангоми гузаронидани раъйпурсӣ гуфтааст ва Сарқонун низ ба фаъолияти он иҷоза додааст.

Кабирӣ дар хитоб ба қироаткунадаи шеър афзуд: “Хеле вақт шуда буд, ман театр нарафта будам ва ҳоло танҳо як ҷумлаи мегуфтагӣ дорам: Соли 1998 замоне душманони миллату давлати тоҷик аз берун ба Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри бостонии Хуҷанд ҳамлаи мусаллаҳона карданд, албатта гуфтани аз куҷо ва кӣ будани онҳо шарт нест, чун ҳама инро медонад, хеле мехостам, ин гуна шиорҳои оташини ватандӯстию миллатпарастӣ он замон гуфта мешуд, бисёр хуб мебуд. Ҳамин “муҷоҳидон”-и ҲНИТ, ки мегӯед, он замон ҷон сипар карда, дар паҳлуи ҳукумати Тоҷикистону Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, бо неруҳои давлатии Тоҷикистон душманонро аз шаҳри Хуҷанду Панҷакент ва хоки кишвар берун карданд ва имрӯз сулҳу субот барқарор аст”.



Дар ҳамин ҳол, Ситоди интихоботи ҲНИТ дар вилояти Суғд аз фишор ва вохӯриҳои аҷибу ғариб дар дигар шаҳру навоҳии ин вилоят, аз ҷумла Ашт, Мастчоҳ ва Истаравшан хабар медиҳад. Аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд аз 4 номзад ба маҷлиси вилоят ва 5 номзад ба маҷлиси шаҳр пешниҳодкардаи ҲНИТ ҳеч кадомашонро номнавис накарданд. Мирзоқул Ҳоҷиматов раиси бахши ҲНИТ дар Хуҷанд зимни таъйиди ин хабар ба “Озодагон” гуфт, ки дар ҳамаи ҳолатҳо далели номнавис накардан аз тарафи комиссияи ҳавзаҳо надонистани забони давлатӣ ва пешниҳод накардани маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ будааст. Ба гуфтаи ин масъули ҲНИТ бар асоси ин ду омил болои номзадҳояшон фишор зиёд шуда, бештари онҳо номнавис нашудаанд. Ҳамчунин додгоҳи шаҳри Хуҷанд шикояти панҷ номзади ҲНИТ аз болои қарорҳои комиссияи ҳавзаҳоро ба эътибор нагирифтааст. Вакили дифоъ, Файзинисо Воҳидова, ки аз номзадҳои ҲНИТ дар додгоҳ пуштибонӣ мекард, ин хабарро дар суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” таъйид намуд ва қарорҳои комиссияҳоро хилофи қонун медонад.

Дар маҷмуъ дар вилояти Суғд аз 178 номзаде, ки ба маҷлисҳои вакилони шаҳру навоҳӣ ва вилоят аз ҲНИТ пешбарӣ шудаанд, танҳо 14 номзад ба маҷлисҳои вакилони шаҳру навоҳӣ ва 5 номзад ба маҷлиси вилоят номнавис шудааст.
Мӯҳр
Салом ба ХНИТ

хитоб ба баъзеи мардуми хучанди соли 1998 бо дастгирии 30% мардуми шумо лаънатии Худойберди ба ВАТАНИ мо хучум кард Шукри Аллох мучохиддин уро несту нобуд намуд........ дар соли сипаридашуда чанги марзии Киргизистону Точикистон боз хам чашми мардуми киргиз аз мучохидини Искардар харосидан соли 1956 бехуда ак.Б.Гафуров мардуми Мастчохиро дар марзи Узбакистон чой надодааст баъзеи шумо хозирам бо забони узбаки харф мезанед садкаи забони модарии худ шавед....

чавон
Галаи беодоб дастпараонии онхоро бинед? Боз давои бостони ва ватандусти меекунандчинди,

Раиси коммисия хоб аст ки насихатгарои кабириро регламент кунад. Фанатора бинед ино аз хама гузронданд. Меги кабири президент аст.

Нисбати окои Кабири эхтироме надоштам ва умуман этирофаш наменамудам баъд аз ин вохурии у бо мардуми Хучанд эхсоси хак будани уро кардам Рахмат ба чавонони Хучанд ки бо ун саволхои "пурмазмунатон" акидаи маро дигар кардед.Пагох рузи худро бо аъзо шудан ба ин хизб огоз хохам кард ИНШОАЛЛОХ!!!!!!

ахсан огои Кабири мо чавонони мусулмон бо ту фахр мекунем шумо арзандаи хамаи вазифа хастед бо ин пуртлкатият вакто ин навлрхоро ьамошо мекардам он даганбардорлне ки як мох пешаки ин спекталро таерии хуб дида омаданд баромад мекардан мо якчанд чавонон бо хашм омада то хато айпадро кариб зада шиканем офарини шумо ахсан.локин иншаолох рузе миеяд ки ин нохалафон ба хар як суханашон чавоб мегуянд мо бо шумоем бародари гироми Худо ери шумост

Мухочир
Хазор ОФАРИН бар МУХТАРАМ чаноби Кабири . Худованд доимо бо шумо бошад бо ин сабру тахаммулу чавонмардиятон . ба хама малум буд ва хаст ки дар чунин Чаласахо барои максадхои сиёхашон 5 то чавона меомузонан таёр мекунан барои сиёх кунии ХНИТ Вале ИНШОАЛЛОХ ба максад намерасад . ШЕРИ НАР ВОКИАН БА ТАНГ ОВАРДАЙШОН НЕКИ ))

ТО ИН ДАРАЧА АЗ НОМИ ПОКИ ИСЛОМ МЕТАРСАНДЕЕЕ..... ЭЭЭЙЙЙ ВОООЙ БА ХООЛАТОН БЕ ДИНХОВУ БЕ ЭМОНХО . АЗ ТАРСИ ОДАМ МЕТАРСЕД Ё ИН КИ БА ХОТИРИ ПУЛ ЧУНИН ОМОДАГИ МЕБИНЕДУ БАРОМАД МЕКУНЕД АЗ ХУДОВАНД АЗ СОХИБИ ХАМИН ДИН НАМЕТАРСЕД ????? ЧАВОНЕДУ ЧАВОНМАРДИВУ МАРДОНАГИВУ ЧАСУРИВУ ВАТАНДУСТИИ ВОКЕИРО ГУМ КАРДАЕД.
ХУБ ГУФТ ЧАНОБИ КАБИРИ БИРАВЕД ВОКИАН БИНШИНЕД ДАР ТАНХОИВУ ХУБ ФИКР КУНЕД КИ ХАТМАН БА ЧУНИН ХУЛОСАЕ МЕРАСЕД КИ КОРИ ХЕЛО БАД КАРДЕД !

Хак бар чониби Кабири худо нигохбон бошад.Точикистон аз шумо мешавад.

Фируз
Хучандихо офарин! Кабириро ба чояш шинондед. Мисли Кулоб у дигар ба Хучанд намеояд ва агар ояд хам, дигар вохури намекунад. Хучандо боб карданд-дия:)))

ХАЙДАР
МУХТАРАМ КАБИРИ ШУМО СОЛИ 1998-РО МЕГУЕДУ ХУЧУМХОИ БЕРАХМОНАИ АЪЗОЁНИ ШУМО БО ХАМРОХИ АРАБУ АФГОНХО БОЛОИ МАРДУМИ ТОЧИК СУХАН НАМЕГУЕД ШАРМ БА ШУМО.

Tojik
Вакте, ки дар Точикистон ин кадар мушкили хасту мардум хар руз ашк мерезад, чаро сабабгораш ХНИТ аст?

bajoi kabiri karib devonameshudam in navorro vakte ki didam spektakli sad darsad ammo kabiri bo hamon sabrashu bo tabasumash onhoro devona mekunad ba sabri kabiri tandodam harkas dar chunin holat khudro idora karda nametavonad

Tojik
Ин вохури нишон дод, ки дар Точикистон танхо як хизб хаст - ХНИТ!!!

кулоби
Ахсан Кабири зеби призденти дори чун марди сабуру мардумии
Ин хучандихо ба шумо окои Кабири барои берун кардани Махмуди узбак душмани сулху субот бадгуи мекунанд

Муслим
Мухтарам Кабири, озурда набошед, хар чизе ки аз махдудият баромад, аксул амал медихад.)) Масалан хамин фишорхо баръакс рейтинги Шуморо бардошта истодааст. Сабру тахаммули Шумо дида, ман ки чонибдори ХНИТ набудам, фикр дорам, шояд ба Шумо овоз дихам...)

ХАЙДАР
ОЗОДАГОН БО ЯГОН СУМИ ЗИЁТИ ШУМОДА ДОДАН ПАС ФИКРИ НАВИШТАИ МАРО БА ЧОП МЕГУЗОРЕД

душанбегӣ
Дуруст аст, ки онҳое, ки дар ин маҷлиси пешазинтихобии ҳизбҳо иштирок мекунанд инъикоскунандаи иродаи тамоми Хуҷанд нестанд, ба ҳар сурат ба ин мехоҳам бовар намоям. Лекин баромаду саволҳои ин интихобкунандагон дар ягон одоб ва этикет дуруст намегирад. Ҷаноби Кабирӣ возеҳ гуфта истодааст, ки ҳизби расман ба қайд гирифташуда аст, Конститутсия ва қонунгузорӣ фаъолияти онро ба ҳамин ному шакл иҷозат додаанд, инҳо бошанд "в никакую"... Инсинировка, тавтиа, иғво ва аблаҳие беш нест ин. Равад, гирад, нашавад эҳсоси мардуме, ки фаҳанги сиёсиашон зери сифр аст... Хуб ҷавонанд, лекин насиҳатҳояшро бинед. Ба ҳар сурат хуб нест, албатта ҳамватанем ҳама, лекин Кабирӣ манзалати меҳмонро дошт, барои тарғибу ташвиқоти ҳизбаш рафта буд. Медонам, ки касе, фаросати инсонӣ дошт инро дарк намуд, ва ҳатто ба ин мутмаинам, чунки на ҳама дар ин толор каф мекӯбиданд. Кабирӣ дуруст мегӯяд, ки ватандӯстӣ танҳо дар минбар нест, вақте ҳама (калу куру, пасмонда) як ҳизбро мавриди ҳуҷум қарор медиҳанд. Ман аъзои ин ҳизб ва дигар ҳизб нестам, аммо инро аз рӯи инсоф гуфтам. Он қадаре далеред масъалаҳоро дар ҳамон ақалан сатҳи вилояту ноҳия ва ё ҷамоататон бардоред, натавонед дониш ҷӯста шинед, шояд камол ёбед. Ба Хуҷанди бостонӣ, ба шаҳри шайх Камолу шайх Муслиҳиддин салом!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)