Бахшҳо

ВИДЕОИ пурраи "Ривояти Шайх Темур” ё “Маҳдии охирзамон”

Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон шоми имрӯз, 6 феврал филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод, ки аз мардумфиребиҳои Сайидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” нақл мекунад.

Таҳиягарони ин филм мегӯянд, Сайидмаҳдихон Сатторов соли 1950 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, то соли 2012-ум номи ӯ Темурхон будааст: “Аммо охири соли 2011 ва аввали соли 2012 худро миёни муридон “Маҳдии охирзамон” гуфта, номашро расман Саидмаҳдихон Сатторов кардааст.”

Ӯ як шахси соҳиби маълумоти нопурра муаррифӣ шуд, ки дониши нахустини диниро аз падараш омӯхта ва худро миёни мардуми водии Ҳисор “авлиё”, “шайх” ва “имом Маҳдӣ” гуфта, духтарони ҷавонро ба никоҳаш медаровардааст. Дар ин гузориши телевизионӣ ба дороиҳои Сатторов низ ишора гардида таъкид шуд, аз ҳисоби муридонаш соҳиби молу мулк шудааст. Муридон ба ӯ то ҳадде ихлос доштаанд, ки молашонро тақдим мекардаанд, мошинашро мебӯсидаанд ва оберо, ки шайх дар он даст мешустааст, бо навбат менӯшидаанд. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ин филми мустанад аз мошинбӯсӣ то саҷдакуниҳо ба “Шайх Темур”-ро хилофи шариати исломӣ мегӯяд.

Муридонаш, ки дар пайравӣ ба ӯ саллаи кабуд мебастаанд, миёни мардум ҳамчун “саллакабудҳо” маъруф будаанд. Муридон нафаронеро, ки барои ба зании “шайх” додани духтарони ноболиғашон розӣ намешудаанд, бо он тарс медодаанд, ки “авлиё” дуои бадашон мекунаду ба балое гирифтор мешаванд. Ба иддаои таҳиягарони филм, “Шайх Темур” соҳиби 7 зан ва 20 фарзанд буда, бештари занҳояшро дар синни 15-18 солагӣ ба никоҳ даровардааст.

Гузоришгари телевизион аз доираҳои руҳоният интиқод мекунад, ки бо вуҷуди огоҳӣ аз кирдорҳои раҳгумзанандаи "Шайх Темур" ошкоро алайҳи куфру ширки ӯ садо баланд накардаанд: "Инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ тӯли чандин сол қаллобиҳои зери пардаи дин пинҳоннамудаи Сатторов Темурхонро назора карда, хомӯширо авлотар донистаанд. Ва ҳатто алоҳида намояндагони соҳаи савдои давлатӣ хешро муриди ӯ хонда, кумаки молии хешро аз ӯ дареғ надоштаанд".

Шоҳидии “Шайх Темур”, иқрори муридон, нишондоди ҳамсар, суолу ҷавоб бо уламо ва шарҳи муфтии Тоҷикистонро ба таври муфассал дар навори зер тамошо кунед:


Мӯҳр
Боиси таасуф аст ки имрузхо шахсонеро ки мардумро ба рохи рост даъват мекарданд садди рох шуданд бояд Хочи Мирзоро дасгири мекарданд то ки халк аз вартаи гумрохи мебаромад...

х,ар як инсон бояд худаша бинад ки у кист сазои у чист баъд дигар каса гайбат кунад………… Хазрат заслужил что его так встречают он дастоен этого……ОЗОДАГОН ягон журналиста рои кун пеши мардако шишта аз наздик сухбат кунед мефахми хакикат дар чист

Салим
Ин наворро кормандони тв не балки кормандони амният тахия карданд, тв факт онро нишон дод. Хаминро хам нафахмидед???? Видео бо камера не бо ПЛАНШЕТ гирифтаги бештараш

Хакикатчу,
Бародар ту ба як савол чавоб дех ки хамин шахсро сачда кардан, мошинхояшро парастиш кардан, буса кардан Раво аст магар???

Хайрон мешави, ин ба халк чи шуда бошад. ба хар афсонаи росту дуруг бовар мекунанд. У муллои фархорира хамин хел нишон дода буданд. Боз хамин хел гаштай да хамун кишлокуш дар болои ду зани доштагиш боз яктои дигар гирифтай.

мардум мегуйянки ин аз руи бесаводяс лекин мо дар мобайни шогидхояш одамеро шинохтеки 6сол иниститут ходагия

Шоди
Ман хамин наворро тамошо кардам, вале ягон гунохи ин Шайхро наефтам,ки У чи гунох кардааст. Хайр зан гирифтааст. чи зан гирифтан магар гунох аст? Духтаронро бо розигии волидайнашон ба никохи худ даровардааст. кадомеш,ки розинашудааст, уро ба зани нагирифтааст. Хамин кадар ,ки духтархо 1-2солашон барои издивоч намерасидааст. Бубинед,ки чи кадар занхои точик дар Россия ба рои як пора нон ,ба танфуруши даст мезананд. Хатто як ду рафики ман,ки озару армяну. догистони ва гайра хастанд, мегуянд,ки занхои точик дар Москов чунон арзон шудаанд,ки хатто ба маблаги ночиз бо гайри мусалмонхо хамхоба мешаванд. Ман ба онхо чавоби катьи дода натавонистам. Ин амали занхои точик як шармандагист.
Ман рухони нестам, лекин намозхоямро мехонам. гуфтаниям,ки бояд бисерзани дар Точикистон ичозат дода шавад,ки мо занхои точикро аз берохаги ва кашшоки эмин дорем.

Э, мардум фахмидед, ки дар гардани нахзатихо шарфи кабуд аст. дар болои сари Шайх Темур руймоли кабуд аст... акнун мо нав фахмидем, ки Кабири муриди хамин Шайх Темур будааст, оби тахорати уро мехурдаст... Лекин намедонем хамин руймоли кабуд чи маъно дорад?

Биссмиллахи Рахмани Рахим. Аввалан Астагфируллах. дуюм Астагфируллах. севум Астагфируллах. Кормандони хифзи хукук бояд чунин инсонхоро -душманони исломро дарёфт ва ба мардум нишон диханд. Аммо чи кадар дер монданд, ки Ин шахс ин кадар одамонро ба гумрохи андохта онхоро лоики гунохи зиёде кардааст. Такдири миллат такдири мардуми мусулмони Точикистон дар дасти Аллох ва баъдан дар дасти Шумо - кормандони хифзи хукук мебошад. Худованд кудрату тавоноиатонро зиёд кунад, Дар мубориза бар зиди душманони мардуми мусулмони Точикистон ба Шумо Зафарро пируз гардонад. Писарони ин мардум хастед. Як каф дуо барои хамаи Шумо.
Агар мо мардуми солимакли Точикистон такдири худро якчоя ба дасти худ нагирем чунин муллохои калбаки дил ба молу пул додаги ба сари кудрат омада тамоми мардумро ба гумрохи меандозанд. БАрои хамин мо бояд таърихро бидонем, аз конуниятхои дар ин хаёт чой дошта бохабар бошем. аз илми дунё бохабар бошем ва албатта бо розигии Аллох мо метавонем ки сулхи худро пойдор нигох дошта фирефтаи чунин мулохои фасодкор намешавем. Мо хама дар назди Аллох баробарем. Мо набояд ба Эшони Нуридин Хочи Мирзо Мулло Темур Муло фалони мулло фалони муло бисмадони ба кулли эътикод кунем. Як марди бузурге гуфта буд. Хар як зухуроте дар хаёт мисли себе хаст ки як тарафаш пусидаастту тарафи дигараш сурху болаззат. Пас тарафи пусидаашро гирифта партову тарафи сурхашро ба худ гир. Эътикоду имон танхо ба Аллох. Миллионхо миллионхо китобхо хастанд. онхоро гирифта хондан лозиму халос. Аллох ба ман ба ту хонандаи ин шарх ва ба тамоми мардум тану аклу магзи сару узвхои дарккуни хисиёт додааст. (ба гарй аз нуксони модарзоди ва хаёти) Пас хамаи мо баробарем. Хамаи мо мусулмонем. Хамаи мо бародару хохарем. Биёед як амале кунем, ки пагох мукофоти нек ба мо сазовор шавад.

Гость
"Аз Президенти мухтарам хохиш
дорам, ягон фармоне барорад, ки
чунин хайвонхои вахширо чазои сахт диханд, ки инхо аз гурухи инсон
нестанд" - ман ба гуфтаи ин бародар (Фаро) рози хастам!

Аллома Мухаммадикбол фармудаанд:

Ба банди суфию мулло асири
хайот аз хикмати курон нагири
ба ойоташ туро коре чуз ин нест
ки бо йосини вай осон бимири

худованд хамаро дар панохи иззаташ нигах дорад!

Хонандагони азиз! мардуми бесавод гуё Аломатхони Кушкор ака касе чи гуяд ба хамон рох мераванд.Ба хамон салла кабудхо чи намерасид ? Бояд ба хаминашхам шукр гуем, ки давлати мо ба монанди Узбекистон ба намозхони зид нест.Барои мусулмон намоз руза заккот зиёрати хонаи Каъба баску.Ин аз паси шайх хои калбаки рафтан алакай худ як гунохи Худо бехавари.Аслаш хозир замон расид ки натанхо мулло балки хаммачо хато духтур хама фиребгаранд.

Samad
Инхо Дачолхои хурд мебошад Хазрати Мухаммаад (с.а в)гуфтасст ки ки пеш аз вукуи киёмат дачолхои хурд меояд

Хозир як ин не хама машеник инаш дина истифода мебарад дигараш конуна

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)