Бахшҳо

Баҳси “калкунӣ”-и зани фоҳиша: Сазои раҳмат ё лаънат? (ВИЕДО)

Шеваи “муҷозот” – тарошидани мӯйи сари зани миёнсоле барои танфурӯшӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мавриди баҳс қарор гирифт.

Дар наворе, ки ахиран ба интернет роҳ ёфт, гуруҳи ҷавонони тоҷик мӯйи сари зани миёнсолеро тарошиданд. Тавре дар навор дида мешавад, ҳар чанд ин зан мегӯяд, тавба кардаасту дигар ба ин роҳ намеравад, аммо ноширон ё “қаҳрамонҳо”-и навор аз қасди худ барнамегарданд.

Бархе аз корбарон аз ин шеваи “муҷозот” ҷонибдорӣ карда, онро яке аз роҳҳои аз байнбарии танфурӯшӣ миёни занон донистаанд. Аммо дар ин баробар шумораи онҳое низ кам нест, ки зидди ингуна иқдом буда, онро роҳи ҳалли ин мушкил намедонанд.

Эраҷ Назаров, яке аз корбарони фаъоли Фейсбук, ки аз мухолифони ин гуна иқдом аст, мегӯяд, роҳи нодуруст ҳеч гоҳ роҳи ҳал шуда наметавонад:” Гумон мекунед, ки бо тарошидани мӯйи ӯ корро ҳал мекунед? Чаро ин чизро дар доираи қонун ҳал намекунед? Ҳар чӣ набошад мо ҳаққи касеро бо чунин роҳҳо ҷазо доданро надорем.”

Нашри ин гуна наворҳо бори аввал нест ва қаблан низ наворе дар интернет паҳн гардида буд, ки ҷавонони тоҷик ду занро дар фоҳишагӣ ва паст задани номи тоҷик муттаҳам карда, бо таҳдиди “калкунӣ” ба гиряю зорияшон нигоҳ накарда, маблағҳояшонро гирифтанд. Ин ду зан, ки худро зодаи вилояти Суғди Тоҷикистон муаррифӣ намуданд, далели даст задан ба фоҳишагиро ночорӣ ва зарурати таъмини фарзандонашон арзёбӣ карданд.

Гарчанде чунин ҳолатҳои “говсуд” кардани занони фоҳиша дар Тоҷикистон кам нестанд, мақомоти пулис мегӯяд, то муроҷиат нашавад, онҳоро таҳқиқ нахоҳанд кард.


Мӯҳр
Фохишаги хеч чои бахс надорад дар байни мусальмоно дар руи кураи замин. Хдатона мусалмон агар донен фахшоги чои оправдат надорад.

Ин мургбачахоро кабида худашонро хаминхел кардан даркор. Аз гузориш маълум аст, ки онхо ин занро истифода бурдаанд ва баъадан ба чунин кори бешараф даст задаанд!

КАДОМ АЗ ИН "ЧАВОНМАРДОН", КИ ЯК ЗАНИ ТОЧИКРО ФОХИША ГУФТА МУЯЩРО МЕТАРОШАНД ОЕ ОНХО ХУД ГУНОХ НАКАРДААН? бАЪДАН ХУКУМАТ ЧАРО ДАР ИН МАСЪАЛА ХОМУШ АСТ? ТАРБИЯИ ДУХТАРОН КИ ОЯНДА ЗАН МОДАР МЕШАВАНД АЗ ХОНАВОДА САР МЕШАВАД, АГАР МОДАРИ БОАКЛ ДУХТАРАШРО АЗ ХУРДИ ХАР ЗАМОН БИГУЯД КИ ИН КОР НОДУРУСТ АСТ ВА ЧАРО ОН НОДУРУСТ АСТ, ВА ХАЕ ЧИСТ ВА ОБРУИ ХОНАВОДА ЧИСТ ХУБ МЕШАВАД. бАЪДАН ПАДАРОН БОЯД БОФАХМУ БОАДАБ ВА ФИКР КАРДА СУХАН РОНДА ВА Е ДАР ОИЛА МОДАРРО ВА ХОХАРРО ЭХТИРОМ КАРДАНРО ЕД ДИХАД ЧАВОНОН ХАМ БА КОРХОИ НОМАТЛУБ ДАСТ НАМЕЗАНАД ВА ПЕШ АЗ ХАМА АЗ ХУДОВАНД ИМОНУ ТАВФИКУ АКЛ ИНСОФРО ДОИМО ТАЛАБ КАРДАН ЛОЗИМ АСТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)