Бахшҳо

Бахтиёр Аминӣ: Агар ин оптимизм намебуд шояд кайҳо мемурдам

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Гуфтугӯи хабарнигори “Озодагон” Сипеҳри Кароматулло бо шоири навгӯи тоҷик – Бахтиёр Аминӣ


Озодагон: Аввалан Шуморо барои нашри катоби нав табрик мегӯям. Ва ба унвони нахустин суол Бахтиёр Аминӣ кист ва аз чӣ замоне ба ин сӯ шеър эҷод мекунад?

Бахтиёр Аминӣ: “Ташаккур барои табрикатон. Кистам ман? Пеш аз ҳама як инсон ва як шаҳрванд ҳастам. Баъдан инсоне, ки ба адабиёт алоқа дорад. Ман худам онро шеър наменомам ва шеъргуна мегӯямаш, ки аз замони мактабхонӣ шурӯъ карда будам”.

Озодагон: Аввалин устодоне, ки дар шеъргӯӣ ба Шумо кумак карданд, киҳо буданд?

Бахтиёр Аминӣ: “Нафаре, ки кӯмак карда бошад, дар ёд надорам. Аммо онҳое, ки таъсир гузоштаанд хеле зиёданд. Барои ман, ки дар муҳити адабӣ бузург шудаам, қалам ба даст гирифтан худаш як ҷасорат буд. Амакам Баҳманёр, писарамакҳоям Салими Зарафшонфар ва Баҳриддини Ҷӯё...”

Озодагон: Гуфтанӣ шеър барои бархе шуғл аст, барои гуруҳи дигар ҳунар ва баёни афкори худ. Шеър барои Шумо чӣ василае аст?

Бахтиёр Аминӣ: “Шеър барои ман шуғли дӯстдошта аст. Шуғлест, ки роҳат афкору эҳсосамро бароварда мекунад. Шеър нагуфта наметавонам...”

Озодагон: Шеърҳои Шумо бо сабки вижа, яъне сабки ҳойку эҷод шудааст. Бо ин сабк аз кай шеър менависед ва иллати руҷӯъ ба ин сабк дар чӣ аст?

Бахтиёр Аминӣ: “Чуноне қаблан зикр кардам, душвор буд барои ман тасмим гирифтан, ки кӣ бошам: нависанда ё шоир. Мисли Баҳманёр ё монанди Салими Зарафшонфар? Ҳамааш аввал аз пайравӣ оғоз шуд.. Гуфтам ҳатман ки жанре ҳаст байни ин ду - байни назму наср ва ба омӯхтани адабиёти ҷаҳон оғоз кардам ва аввалин навиштаҳоям верлибр, яъне шеъри бевазну қофия буданд. Шурӯъ аз соли 1992 ба ҳойку рӯ овардам. Ба омӯзиши он. Аммо он семисраиҳое, ки менависам, на ҳамаашон ҳойку аст. Сенрю ҳам ҳаст. Шеъри кӯтоҳ ҳам хаст. Дар Тоҷикистон касе, ки ҳойку гӯяд, то ҳол нест. Ва ин кӯшишҳои ман нахустгомҳо дар ин роҳанд. Онҳое, ки дар се мисраъ шеъре гуфтаанд ва то ҷое ман аз он хабар дорам шакли ҳойкуро доранду дигар ҳеч. Ҳойку танҳо шакл нест. Аммо як чизро бояд қайд кунам, муҳим будани шеърият аст. Шакл метавонад гуногун бошад, рубоӣ, ғазал, фардбайт, дубайтӣ, қасида шеъри нав ва ғайра. Яъне, муҳим аз дил барояд ва ба дил нишинад”.

Озодагон: Ҳойку чӣ сабки шеърист ва Шумо чӣ тавр ба ин навъи шеър ошно шудед. Дар ҷаҳон шоире номдор дар ин сабк шеър эҷод кардааст ва гаҳвораи ин сабк куҷост?

Бахтиёр Аминӣ: “Ҳойку ин навъи шеъри жопунист. Иборат аз 17 - 18 ҳиҷо. На вазн дорад, на қофия. Гаҳворааш Жопун аст. Вале шурӯъ аз қарни 20 ҷаҳонӣ шуда. Имрӯз қариб дар тамоми кишварҳо ҳойкуанҷуманҳо фаъолият мекунанд. Барои мисол як ҷустуҷӯ кунед дар Гугл. Ҳойку нависед, чӣ қадар мавод пайдо мекунед. Шоирони номдоре, ки ҳойку сурудаанд хеле зиёданд. Масалан, Эзра Паунд, Томас Стернз Эллиот. Дар адабиёти порсӣ Аҳмади Шомлу ҳойкуро бисёр дӯст медошт. Воқеан Аҳмади Шомлу коре арзишманд дар ин самт кардааст. Китоби ӯ “Ҳойку-шеъри жопунӣ аз оғоз то имрӯз” бо ҳамроҳии Пошоӣ китоби рӯимизии ҳар як ҳойкусарои форсизабон гашта. Дар Эрон имрӯза шоирони ҳойкусаро кам нестанд. Масеҳи Толибиён, Сируз Нузарӣ, Тирдод, Фахрия... Дар бораи шоирони ҷопонӣ чӣ ҳам гӯем. Онҳо ки ҳама ҳойку месароянд. Басё, Масаока Сики, Кобояси Исса, Ёса Бусон, Танеда Сантока аз шоирони машҳуру шинохташудаи жопунӣ дар ҷаҳон ҳастанд. Вале дар тамоми дунё Басёро чун асосгузори ҳойку мешиносанд”.

Озодагон: Шеър дар бисёр маворид бояд тасвиргари вазъи иҷтимоӣ бошад ва ин фикри гуруҳе аз адабиётшиносон аст. Инчунин мегӯянд, шеъри сиёсӣ василаи муассири тасвири авзои замон аст. Ба назари Шумо имрӯз ин ду асл дар шеъри мо ҷо дорад?

Бахтиёр Аминӣ: “Шеър ҳамеша бояд тасвиргари вазъи замон бошад. Шоир хоҳед нахоҳед ифодагари вазъи замон аст, агар шоири ҳақиқӣ бошад. Шеъри иҷтимоӣ ва сиёсӣ гуфтан ҳунари бештар мехоҳад аз шоир. Шеъри иҷтимоӣ ва сиёсиро меписандам. Агар шеъргунаҳои маро хонда бошед, мебинед, ки оҳангҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ доранд. Масалан, дар маҷмӯаи ахир, дар ҳамин китобе, ки чоп шуда:

Боится заснуть
президент
Гроза! У-у-угроза!


ё

На заработки
провожает сына мать
будто на войну
.

Яке сиёсист дигаре сиёсӣ –иҷтимоӣ. Ё шеъргунаи дигар:

Двадцать с лишним лет
не видит индийские сны
моя Республика”.


Озодагон: Манзури ман ин буд, ки агар дар кул нигоҳ кунем, ба истиснои чанд нафар, аз ҷумла Шумо шоирони мо ба шеъри сиёсӣ ва иҷтимоӣ гароиш надоранд. Ба назари Шумо онҳо метарсанд ё нотавонанд?

Бахтиёр Аминӣ: “Ба фикри ман иштибоҳ мекунед. Ҳастанд шоирон, мисли устод Абдуҷаббори Суруш, Исфандиёр, устод Сиёвуш ва дигарон, ки шеърҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ доранд. Аслан ҳамин шеъри иҷтимоӣ худ шеъри сиёсист. Яъне, назари дигаргуна доштан ба он чи ки дар ҷомеа мегузарад. Шоирони мо нотавон ва тарсу ҳам нестанд, каме дурандеш ва сабур ҳастанд. Албатта ҳастанд чоплусоне, ки ҷуз таърифу тавсиф ва мадҳиясароӣ коре надоранд, аммо аз онҳо, ки намегӯем. Ахиран, устод Сафар Абдуллоҳ ба шеъргӯи оғоз кардаанд (шояд пештар ҳам мегуфтанду мо нав огоҳ шудем), ки бештари ашъорашон иҷтимоист ва ин хеле хуб аст”.

Озодагон: Ватан ба назари Шумо куҷост? Дар Ватане, ки гоҳе вақт “дасти қотеъи сензура” ҷорист, то чӣ андоза метавон озодона эҷод кард?

Бахтиёр Аминӣ: “Як шоири люксембургӣ гуфта:

Ватан ҷое, ки ман
медиҳам овоз
ва ҷое ки аз ман
меситонад андоз.


Аммо барои ман Ватан ҷое, ки таваллуд шудам, забоне ки ҳарф мезанам, оилае ки бузург шудам, дустоне ки дорам. Яъне, Тоҷикистони мову Шумо ва фаротар аз он Эрони Бузург. Медонед ман хеле берун аз Тоҷикистон зиндагӣ кардам, аммо ҳамеша бо фикри Ватан будаам, яъне, ҳамон рӯҳия, хотира ва пайванди ногусастании Ватан.

Бо худам овардаам
Душанбеаамро
Инак ин хиёбони Сомонӣ
Инак он тарабхонаи Арбат
Ва ӯ ман
нишаставу оби ҷав менӯшад...

Дар бораи сонсур. Дар мо бештар худсонсуркунӣ ҷо дорад. Ҳоло метавонед роҳат ҳар чӣ хоҳед бинависед, аммо на ҳар кас ҷуръату ҷасорат дорад”.

Озодагон: Дар зиндагии шахсӣ чизеро бохтаед ва умуман аз зиндагии худ қаноат доред?

Бахтиёр Аминӣ: “Як мақоли хуб хаст. Мақоли инглисӣ: Касе, ки ба дарахт намебарояд, намеафтад. Албатта, бурд ҳам буд, бохт ҳам буд. Аммо хамеша назарам хушбинона буд. Агар ин оптимизм намебуд шояд кайҳо мемурдам. Тӯҳмат ҳам буд дар зиндагиям ва хеле боз чизҳои дигар. Чӣ гуна инсонам, бояд аз дӯстонам пурсид. Эҳсоси қанотмандӣ надорам. Бовар дорам зиндагии хубу хушу осуда дар пеш аст. Дар шеъргунасароӣ ҳам аз худ қаноатманд нестам. Ҳамеша мегӯям: “Довольный поэт-мертвый поэт”, яъне шоире ки аз худаш розист, кайҳо мурдааст.


Бахтиёр Аминӣ: Агар ин оптимизм намебуд шояд кайҳо мемурдам

Бахтиёр Аминӣ: Агар ин оптимизм намебуд шояд кайҳо мемурдам

Бахтиёр Аминӣ: Агар ин оптимизм намебуд шояд кайҳо мемурдам


Аксҳо аз саҳифаи Фейсбуки Бахтиёр Аминӣ
Мӯҳр
Асрор, Акаи додари Рудакиву Фирдавсиву Лоиқ мегуи ягон шеър аз онҳо хондаи ё на? ТУ дар он вақт ҳақи гап зани дори ки фаҳми шеър чист шоири чист...вақте тасаввурот надошта боши албат намефаҳми Ҳойку чист шеъри сафед чист? Қудрати неки надори бад макун-ро барои монанди ту бесаводҳо гуфтаанд...ту аввал як мисра шеър навис...Ин шоир мумкин ҳамсоли падарат бошад... Қабул дори надори ин кори ту ва фикратро пеши худат нигаҳдор...

ali,
ТоҶики? тоҷики гап зан ИШОН чиай?? Эшон меша!! Худатро Эрони метароши... Бирав 100 сол илм омӯз, аз руи гап заниат бар меояд ки он қадар мафкураат танг аст, ки ин гуна гапҳои ҳавоиву бемаҳнову пуч мезани... Ҳойку навиштан ва ё умуман шеър навиштан ба фикрам аз Худнамои кардан ва аз худ олим сохтан, худро Эрони гирифтан ҳазор маротиба хуб аст...
Озодагон ҳатман чоп кун то ки БЕСАВОДОНИ монанди ин бинанд ва мавқеи худро фаҳманд!

Хакгу,
бародар рост гуфти, и мардуми кабира на ростгуиша мефахмиву на дуруггуиша. бозори Саховат короче.

Барои Точикистони амният ва барои адабиёт Амини тамано дорем.Шеъри Амини раду барк аст.Пас аз он офтоби умед мебарояд. Инсон мантикро дуст медорад.Вазну колаб мухим нест.Дар шеъри Амини мантики растохез аст.Барои дарки Амини боз сад сол зистан зарур.

Шоди
Асрор, Али, Чамшед ва дигар "доно"-ён (эхтимол, хама як касед)! Бовар дорам, ки худи шумо аз Рудакию Мавлавию Лоику... сахифаи нахондаед (намегуям "мисраъе" - шояд ки дар мактаби миёна 1-2 мисраъ аз тарси муаллим хонда бошед), вагарна ин хел харф намегуфтед, лоакал андешаатонро дар ду чумла бегалат навишта метавонистед. Каламу хунари уро, ки бегонагон хатто берун аз ватанаш эътирофу эхтиром кардаанду шуморо ба чуз худи шумо касе намешиносад (ва хатто худатон хешро намешиносед, яъне худшинос нестед, вагарна аз хунари хеш барои ибрат харф мезадед, ки бехтар аз Бахтиёреду ую дигарон аз шумо биомузанд). Агар шеърхон мебудед, медонистед, ки хама он бузургони сухан ба тозасуханию тозабаёнию навовари дар баён даъват намудаанд...

Бахтиёр инсони хуб, шоири хуб, таббохи хуб ва боз дар бисёр ҳунархои дигар хуб аст.
Бахтиёр, ба ту комёбиҳои бештар хоҳонам! Ин танқид ва баъзан таҳқиру бадгӯиҳои чунин ҳамватанонатро ба дил нагир ва, баръакас, чун эътирофи ҳунарат онро бипазир, зеро ҳар қадар шахс шуҳрату иззат ёбад, ҳамон андоза бадгӯёнаш меафзоянд.

шоир нестам локин шоирони дарборира ҳам дуст надорем. Шоир бояд ҳамеша дар шераш вази муҷтамаро тасвир кyнадy ҳар чи дар муҷтама мебинад онро бе тарсy ваҳм нависад. чанд мисраи овардаи ин ҷавонро дар мақола хондам хyшам омад чyн воқияти ҳоли миллатро дар онҷо дидам, гуфтугуш ҳам бо хабарнигор кyтоҳy зyд фаҳмо. Аҳсан бародар Амини

абдугаффор
ба фикри банда шеъри япони ба забони ноби точики-порси робитае надораду чое хам надорад!
шурави шеъри точикиро расво карда буд - ва шукри худо ки Лоик барин нобига пайдо шуду аз вартаи марг рахо кард!

мукоиса кунед худатону хулоса бароред!! чи сабки равону чи забони поку ноб!
Ҳийлат раҳо кун эй дило, девона шав, девона шав.
В-андар дили оташ даро, парвона шав, парвона шав.
Ҳам хешро бегона кун, ҳам хонаро вайрона кун.
В-он гаҳ биё бо ошиқон ҳамхона шав, ҳамхона шав.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)