Бахшҳо

Ноиби Убайдуллоев “беғаразӣ”-и Асадулло Раҳмонро “хандаовар” хонд (ВИДЕО)

Руқия Қурбонова, собиқ ноиби сарвазир ва муовини феълии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе иддаои “беғаразӣ”-и Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизионро “хандаовар” хонда, раҳбарияти ин Кумитаро дар беҳурматӣ нисбат ба судҳои Тоҷикистон муттаҳам мекунад.

Дар матлабе, ки имрӯз, 14-уми январ зери имзои Руқия Қурбонва ба унвонии “Озодагон” ворид шуд, таъкид шудааст, шаҳрдорӣ ҳамеша ҷонибдори воқеиятнигорӣ ва эроду танқидҳои созанда, ки беғараз, дар заминаи касбият таҳия гардидаанд, ҳаст ва хоҳад монд: “Аммо дар дигар ҳолат, табиатан, ҳарзагӯиҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад.”

Қурбонова навиштааст, шаҳрдорӣ дилхоҳ баҳсро, ки аз доираи тафоҳум берун аст, дар қазовати мақомоти судӣ мегузорад: “Оне ки раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афзудааст, “беғаразии моро мурофиаҳои додгоҳӣ низ бо шаҳрдории Душанбе собит кард”, хандаовар аст.”

Муовини Убайдуллоев ҳалномаи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва марҳилаҳои болоии додгоҳиро зикр кард, ки тибқи он Кумитаи телевизион уҳдадор шудааст, "ҷиҳати аз байн бурдани вайронкунии ҳуқуқ ва озодиҳо вобаста ба барқарор кардани шаъну шараф ва эътибори корӣ расман тавассути барномаи "Ахбор"-и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон оиди гузориши нодурусти мухбир Абдулваҳҳоби Абдусаттор дар муҳлати на дертар аз як моҳи баъди ба қувваи қонунӣ даромадани Ҳалномаи Суд раддия изҳор намуда, аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе узр пурсад".

Қурбонова мегӯяд, тамоми марҳилаҳои додгоҳӣ шикояти кассатсионии Кумитаи радио ва телевизионро рад карда, ин қарорро бекор гузоштанд: “Аммо новобаста аз муроҷиатҳои чандинкаратаи судиҷроичиён иҷрои санади судии аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулнамудаи Суди ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз таъмин нагардидааст.”

Ба навиштаи собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон, таъмин накардани иҷрои санади судӣ на "беғаразӣ"-и Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбати шаҳрдории Душанбе собит месозад, балки аз беэҳтиромии роҳбарияти Кумитаи мазкурро нисбати суд ва мақомоти судӣ шаҳодат медиҳад, “зеро моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки зоҳир намудани беэҳтиромӣ нисбати суд аз тарафи иштирокчиёни парванда ё шаҳрвандоне, ки дар ҷаласаи судӣ ширкат меварзанд, инчунин содир намудани ҳар гуна аъмол аз тарафи ҳар касе, ки аз беҳурматии рӯирост нисбати суд шаҳодат медиҳад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ дорад. Аз ин лиҳоз, таъмини иҷрои ҳалномаи судӣ иртиботе ба шаҳрдорӣ надорад, барои ҳифзи эътибор ва мустақилият мақомоти судӣ бояд худ акнун чораандешӣ кунад.”

Руқия Қурбонова дар ниҳоят таъкид намудааст, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе инро ба виҷдону имони раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор месозад.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки ахиран Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон роҳандозии маъракаи густурдаи иттилоотӣ алайҳи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанберо дар телевизионҳои давлатӣ рад кард. Раиси Кумитаи радио ва телевизион рӯзи 9 январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ягон хел маъракаи супоришии танқидӣ алайҳи шаҳрдории пойтахт вуҷуд надорад ва шабакаҳои телевизион танҳо рисолаташонро иҷро карда, камбудиҳоро гуфта истодаанд. Ӯ таъкид намуд, тамоми маводи интиқодӣ, ки аз шаҳри Душанбе таҳия шудаанд, асоси воқеӣ доранд: “Чанд бор хостанд барои маводи танқидӣ моро ба суд диҳанд. Аммо маводи таҳиякардаи телевизион дар асоси далел пешниҳод шуда буд. Ин ҷо ғаразу супорише нест. Ҳар кас чӣ фикре дорад ба виҷдонаш ҳавола мекунем. Мо гуфтани мушкилоту проблемаҳоро идома хоҳем дод. Хабарнигорҳои мо мехоҳанд пойтахтро намуна бинанд ва мушкилоту камбудиҳоро ба раисони ноҳияҳо ва шаҳрдор бирасонанд.”



Ин дар ҳолест, ки ахиран дар пайи нашри маводи танқидӣ аз шаҳри Душанбе бархе аз коршиносон ҳадс заданд, алайҳи Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пойтахт маъракаи супоришии иттилоотӣ роҳандозӣ шудааст.
Мӯҳр
ман Убайдуллоевро хурмат мекунам, чунки мо шахриенро дастгири мекунанд.камбуди дар хама чой хаст ва барои ислохи камбуди ва ободии пойтахтамон хар сокини шахр хам бояд сахми худро гузорад. Мисол дар бораи партовгох: агар хар як волидайн ба фарзандаш гушрас намояд ки партовро дар партовгох патояд ва е дар куча баклашка ва е салафану когазашро дар куттихои махсуси кучахо партояд у худро ва фарзандашро ба масъулиятноки тарбия мекунад.ва е ин ки чавононро насихат кунед ки бо садои баланд дар кучахои шахр ва е дар чойхои серодам сухан накунанд ва е агар суханхои кабехи кишлокиенаашонро дар дахан нагиранд, чунки дар забон калимахои зебои Худовандро ва сураю оятхоро меоранд гуед, хуб мешавад, хулоса хамаи мо бояд барои ободи сахм гузорем.Ба Убайдуллоев муваффакиятхо мехохем.

Махфи
айб аст айб вакте ки пойтахтро пура аз партовхо мебинем. Сардори биноямон аз боло раиси 33микрарайон щикоят бурд аммо ба он кас гуфтанд раиси 33мкр чияни фалони мешавад. дируз дар шабакаи аввал ахволи 33мкр нишон доданд пур аз партовхо мебошад. Хар мох пули партов медихем. Боз мегуянд пули комунали дихед аммо комунали ягон кор намекунад. Дигар пули комунали намедихем.

Шахрванд
Дар хакикат тантик кардан бисер кори осон аст, лекин барои ободии Ватан ин рохи хали мушкили нест. Пеш аз хама сабаби бехтар гардидани зиндагии хар яки мо худи мо шахрвандон хастем. Бояд пеш аз хама маданияти шахрнишиниро омузем, барои зебо, тоза, гулгаштгардии маконамон хар якамон агар катрае сахм гузорем, коидахои чориро риоя кунем, маданияти баландро ед гирем олам гулистон мегардад. Мушкили дар шахрдори нест мушкили дар сатхи пасти маданияти хар яки мову Шумост. Хар кас имруз худам мегуяд, ин тавр ягон вакт ягон чой обод намешавад.
Дар тамоми давлатхои таракикарда хар як сокини давлат оиди коидахои амалкунанда огох аст ва онро риоя менамояд, барои риоя накардани тозагии кучахою хиёбонхо чарима пешбини шудааст ва макомотхои хифзи хукук дар хакикат чарима низ мекунанд, бинобар ин аксарияти ахоли коидахоро низ риоя мекунанд. Хуб мешуд агар шабакаи аввал оид ба коидахои шахрнишини корхои фахмондадихиро пеш мебурд ва инчунин оиди чаримабандии шахсоне ки тартиботи чамъиятиро риоя намекунад нишон медод. Шояд ин кор то андозае масъулияти хар як сокинро оиди тозагии гирду атрофаш баланд мебардошт. Худи ман шохиди холате будам, ки бинобар камхуши сокинон партовхои худро на дар чои партовгох балки дар назди хонаи худ мепартофтанд. Танхо баъди оне, ки онхоро сарзаниш кардам онххо баъдан бурда онро дар партовгох холи намуданд.
Оиди маблаги рохкиро хар як сокин агар бакияро талаб кунад хамин кор низ аз байн меравад. Биеед аввал хар яки мо аз худамон огоз намоем, ки заррае сахми худро барои ободи гузорем.

Шахрванд,
О биродар хамин дар пеши хонаш партоя ку мо рози. Лек хамин оварда боз ба пушти деволи хамсоя монда рафтанаш чи мусора, э балам. мову шумову бген наген, маданият кани?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)