Бахшҳо

Муовини раиси ноҳияи Ҷ.Румӣ ба Кабирӣ: “Бояд аз Ҷаноби олӣ шукрона кард”

Майрамбӣ Ғаффорова, муовини раиси ноҳияи Ҷалоллидин Румӣ имрӯз, 12 январ аснои суханронии Муҳиддин Кабирӣ, райисми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар конфронси интихоботии бахшҳои ҲНИТ дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Рӯмӣ, Қубодиён ва Ҷиликул бо нишони эътироз толорро тарк кардааст.

Торнамои ҲНИТ менависад, “вақте Муҳиддин Кабирӣ гуфт, бояд аз Худованди карим шукргузорӣ кард ва аз миллати тоҷик барои ваҳдат ва бародарӣ шукрона кард, нохост хонум Ғаффорова аз ҷой бархоста, бидуни гирифтани иҷозат суҳбати Кабириро қатъ карда, ба овози баланд гуфт, ки бояд аз Ҷаноби олӣ шукрона кард. Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ хитоб ба ӯ гуфт: "Мунтазир бошед, ман то ҳол ҷумлаамро ба итмом нарасондаам. Ҳатман аз Президенти кишвар ва Шумо барои ҳамкорӣ ташаккур мегӯям." Вале хонум Ғаффорова баъди халал ворид кардан ба нишони эътироз конфронсро тарк кард”.
Ба иттилои манбаъ, дар кори конфронс 120 вакил ва 300 меҳмон ширкат кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар ин конфронс номзадии Абдуқаҳҳори Давлат аз ҳавзаи якмандатии Ҷалолиддин Румӣ, №30 ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуда, иштирокдорон аз он пуштибонӣ кардаанд.

Абдуқаҳҳори Давлат 5 августи соли 1975 дар деҳаи Панҷсолаи дуюми ноҳияи Колхозобод (Ҷалолиддини Румӣ) дар оилаи деҳқон ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи забони арабии ба номи Имом Абуҳанифа (р), факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва факултаи иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳр
Бародарони нахзати! сараввал дар хакикат бояд аз Худо шукрона кард, пасон аз боз аз Худо шукрона кард, ки ба мо чунин рохбари окилро дод, зеро хар нафаре инро дарк накардааст кури насибаш бошад. Хар нафаре ба ин миллат хиёнат кардааст, худо довараш бошад. Худо шохид аст, ки Эмомали Рахмон ба миллати мо чи корхоро кардааст.

Садо
Хизмати таърихии Эмомали Рахмон дар Истиклолияти миллат ва хифзи якпорчаги Точикистон, бебахо аст. Хар як фарди миллатдуст барои хизматхояш дар назди миллат, ба ному ифтихори У, арч мегузорад. У симои миллат ва рамзи Истиклолият аст.

Андарз аз н.Шугнон
Имрузхо расонахои хабарии дохили пур аз номи М. Кабирист. Албатта, интихобот бахона аст. Кушиш мекунанд. худро нишон диханд, ба мардум зиндагии бихишти ваъда кунанд. Вале ин шеваи кор барои М.Кабири шоиста нест. Маро эътирози хонум Майрамби водор кард, ки андешаамро баён кунам. Фикр мекунам, ки эътирози апаи Майрамби аз руи дилсузист. Зеро касе ба чашми сар он рузхои мудхишро,ки аз баракати нафарони ба ном "худочу", вале дар асл бехудо, беимон ин сарзамин руйи хунро дида, хазорон занон бева, кудакон ятим монданд, ба Майрамби асар кардааст. Бинобар ин эътирози Майрамбиро мантики мехисобам ва онро на танхо эътиози як Майрамби, балки эътирозу вокуниши хазорон нафарони чабрдидаи чанги шахрванди мехисобам. Барои хамин хам чи Кабири аст чи дигар бандахои муъмин агар мо ба худо эътикоди самими дорем, бояд дар амал онро зохир кунем. на бо суханбози. Зеро хамагон худоро дуст медорем ва бо калб шукрона мегуем. Агар дар амалу рафторамон бояд шукргузори зохир гардад. Чунки мардум аллакай аз зохирпарастиву суханпардозихои аз амал дури ин турфа воизон ба чон омадааст, зеро гуфтор дигару кирдорр дигар аст. Ба кавли Хоча Хофиз:
Воизон к-ин чилва бар болои минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.
Зихи апаи Майрамби барои часорат. Ин эътирози Шумо садои дили мо хам хаст, алайхи воизони суханпардозу чилвабоз,ки хар кадам барои фиребу гумрох намудани мардум суханашонро сад бор дигар мекунанд. гуфтагиашонро

Хуб шуд ки зан ба давлат ёр шуд, мухофизатгар аз дасти оппозитсия шуд. Оппозитсияе, ки ба Президенти миллати худ бовари надорад. Дар Русия хизбхои оппозитсиони дар гирди сарвари давлаташон чамъ омада, якчоя манфиатхои миллат ва давлати худро химоя мекунанд, ин нахзатихо бошад баръакс.

Хамин нахзатихо этикаи гузаронидани чаласахоро надоранд. Ба гардани муллову занхои камсавод латтапораи кабудро партофта онхоро фиреб карда гаштиян. Дар конфронс бояд оиди барномахои пешазинтихоботии худ гап мезаданд. аммо хамеша ба тахкиру гайбати кормандони давлати машгул хастанд. Ин кори ХНИТ окибати хуб надорад.

Аввало ба номи худованди бахшандаи мехрубон, сипас ахсан ба Шумо мегуям Майрамби! Шумо ин тоифа махлукро бисёр хуб фахмондед, ки Ислом хизб надорад. Ман дар чандин бахсхоям оид ба ин нахзатихо фикру акидаамро гуфтам ва боз мегуям. Эй мардуми Точикистон хушёр бошед, ки Исломро истифода бурда хамон вахобихои соли 1992 хастанд ва фикрхояшон дигар намешавад. Ба Кабири ман хайрнам... Чаро ба асаби мардуми Точикистон мерасад, намемонад фазои мо солим бошад? Магар шарм намедорад, ки аз номи Худованд гап мезанад? Забонаш дигар аст дилаш дигар аст. то чое аз бахсхо ман огох шудам муовини раиси нохия пуштибони аз давлату хукумат кардааст, на ин, ки аз як хизби тафрикаандоз, дуруггуй, тухматчи ва охир сиёхдил. Эй мардум офтобро бо доман пушонида намешавад. Хамин нахзатихоро ягон кас дар Точикистон дар асл эътироф намекунад, нуфузи худро охиста-охиста гум мекунад, хамаи ин сабабаш дар чист? Сабабаш хамон аст, ки Шумо хамон худозадахои соли 1992 хастед, ки дастатон пури хун аст, магар аз Шумо хуби меояд? Албатта не! Чунки Шумо бар хилофи Конуни Ислом гап мезанед, ана барои хамин галаба намекунед! аз Худо умед дорам, ки сафи чунин занхои бомаърифат, ки дилашон барои Ватан, барои Точикистони азиз, барои оромии чомеа месузад, зиёд шавад. Дуруст кайд кардааст, ки албатта бояд шукронаи Чаноби Олиро кунем, чунки неъмати Худованд аст, барои мо точикон додааст. Бисёр кори хуб кардед хохар, Худо аз Шумо рози бошад!

Хамчун иштирокчи мушохида кардам, ки аз аввал то ба охир конуншикани аз тарафи ХНИТ буд. Аввал он, ки конунхои Интихоботро вайрон краданд, баъдтар фахмидам, ки кадом одамеро хостанд аз кучое даъват карданд, аъзои ХНИТ буданд, набуданд. Ман хам аъзо нестам, лекин даъватнома доданду хамсоя бошад бисёр илтимос кард, ки равам, аз ин лихоз рафтам. Регламент риоя нашуд, зеро дар он пешбарии номзад буд, чи тааллук дорад дигар масъалахо? Хамон номзаде, ки пешниход шуд, зуд ба таникди давлат гузашт, чи гуна ин хел дуруяхо вакил мешаванду давлатро обод мекунанд, ман хайрон? Хамон номзад боз шарм накарда ба муовини раиси нохия гуфт, ки Президент Президенти туст, на аз мо... Магар ин инкори давлат нест? Президенте, ки барои сулхро баркарор крадан нагуфт, ки инаш мардуми ман асту вайаш мардуми ман нест? Мутаасифона ин Президент барои хаминхо хам талош варзидааст ва меварзад! Ва бояд гуфт, ки агар Президент Президенти он номзад - Абдукахор Давлат набошад, чаро вакил мешавад, бигзор рафта Президенти Покистонро интихоб кунаду дар он чо зиндаги кунад ё ягон президенти дигарро! Худо кунад, ки Абдукаххор вакил нашавад, зеро аз у буи гараз меояд, манфиате нахохад буд... Майрамби бошад хакикатро гуфт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)