Бахшҳо

Таҳқири Муҳаммад (с) бадтар аз амали террористӣ аст

Далер ШАРИФОВ

Ҳаркӣ аз гуфтани сухани ҳақ дар мавриде, ки бояд бигӯяд, хомӯш меистад, шайтони гунг ва безабон аст (Абуалии Даққоқ)


Ҳамла ба дафтари маҷаллаи фаронсавии “Шарлӣ Эбдо” дар Париж, ки 12 кушта барҷой гузошт, амали ғайриинсонӣ ва маҳкумшаванда аст. Чунин амалҳои дур аз инсониву эмонӣ ва динӣ қариб ҳамарӯза дар кишварҳои мусалмонишини Фаластин, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Покистон, Сомалӣ, Нигерия рух медиҳад, вале мутаассифона, бархӯрд ва муносибат бо ин амалҳо яксон нест.

Маҷаллаи “Шарлӣ Эбдо” тақрибан 2 солу 4 моҳ пеш бо нашри корикатураи Пайёмбари бузурги Ислом Муҳаммад (с), даст ба нангинтарин амал зад. Ин амали маҷаллаи мазкур як навъ дастдарозӣ ба номуси ду миллиард мусалмон дар тамоми ҷаҳон буд. Мутаассифона, он замон аксар ҳукуматҳое, ки ҳоло амали террористии ахирро маҳкум мекунанд, муҳри хомӯшӣ бар лаб заданд, гуиё чизе рух надода буд.

Он вақт бо ном “мулло”-ву “муфтӣ”-ҳо аз минбарҳошон амали ноҷавонмардона ва ғайриинсонии маҷаллаи “Шарлӣ Эбод”-ро маҳкум накарданд ва ҳарфе ҳам дар ин бора ба забон наёварданд. Роҳбарони давлатҳое, ки худро мусалмон мешуморанд, нота нафиристоданд. Нагуфтанд, муҳтарам журналистон, ин кори шумо амали зишт, палид ва дур аз одобу ахлоқи инсонист. Шумо ба пайёмбаре, ки рукни асосии эмон, эътиқод ва муқаддасоти ду миллиард мусалмони сайёра аст, тавҳин кардед. Ин кори зишт аст ва бояд узр бипурсед. Аммо... Ҳеч чиз нагуфтанд.

Оё тавҳини Муҳаммад (с) амали родикалӣ нест? Оё таҳқири Муҳаммад (с) амали террористӣ нест? Оё корикатура кардани Муҳаммад (с) фитнаи бузург нест? Имрӯз дар ҳама кишварҳои олам таҳқир ба як инсон, чӣ зинда бошад ва чӣ фавткарда, ҷиноят ҳисоб мешавад. Аммо тавҳину таҳқири беҳтарин инсони рӯи замин - пайёмбари Худо Муҳаммад (с) магар амали зишту ҷиноят нест?

Мавзӯъҳои марбута дар шабакаҳои давлатии телевизионии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба таври якҷониба инъикос шуда, сабабҳои ин ҳодиса ба мардум фаҳмонида намешавад. Бештари динситезон ва Худобехабарон аз ин фурсат истифода карда, ангушти туҳмату таҳқиро сӯи мусалмонҳо равона мекунанд, ки бубинед, мусалмонҳо бо чӣ корҳо банд ҳастанд ва чи гуна амалҳои зиштро анҷом медиҳанд. Ҳол он ки он чи дар Фаронса ба вуқуъ омад, ба андешаи коршиносон саҳнасозии пурқурбоние ба хотири сиёҳ кардани Ислому мусалмонҳосту бас.

Банда ба ҳеч ваҷҳ аз ин амал хушҳол нестам ва онро маҳкум мекунам, аммо чаро ҳеч кас сабаби ба вуҷуд омадани чунин ҳодисаро шарҳ намедиҳад? Чаро ба мардум решаи ин кор фаҳмонда намешавад? Ё танҳо диндорон ифротгароянд? Ҳамеша дар тули таърих ифротгароҳо ва тундравиҳои дунявӣ ва ғайримазҳабӣ ифротиҳои диниро ба вуҷуд овардааст. Сабаби ҳамин воқеа низ ифротгароҳои бо ном “дунявӣ” буданд.

Ҳазорон кӯдаки фаластинӣ қурбони режими сайҳунистӣ шуд, баъзе давлатдорон, ки худро мусалмон мегӯянд, чизе нагуфтанд. Муфтии Тоҷикистони бо вуҷуди дархостҳо ва навиштани мактуб аз ҷониби як гуруҳ ҷавонон дар ҳаққи фаластиниҳо дуо накард. Вале ҳодисаи Фаронса 24 соат дар таблиғи расонаҳост.

Вақте аз принсипҳои дунявият, ҳамзистӣ ва ваҳдати саросарӣ дар дунё ҳарф мезанем, муносибатамон ҳам бояд бо ин шиорҳо мувофиқ бошад. Барои мо фаронсавиҳо, ироқиҳо, суриягиҳо, амрикоиҳо, русҳову мардумони дигар дар навбати аввал инсон ҳастанд ва ҳеч гуна амали ғайриинсониро алайҳи онҳо, қабул надорему маҳкум мекунем. Онҳо низ дар қиболи мо бояд чунин кунанд ва ба эътиқоду муқаддасоти мо аҷр бигзоранд ё аққалан кордор нашаванд!

Одат шудааст, ки ҳамеша динхоҳонро ба тундгароӣ ва радикалӣ нисбат медиҳанд, вале инсоф бояд кард ва тамоми анвои таасуб ва тундгароӣ, аз ҷумла тундгарои сиёсӣ- давлатиро низ бояд маҳкум кард. Аз тарафи дигар, бояд ёдовар шуд, ки дар бисёр мавридҳо мавқеи радикалии сиёсӣ-давлатӣ дар муқобили дин боиси аксуламал, тундагароии динӣ мегардад. Мутаъсифона бисёриҳо ҳангоми баррасии масъалаи радикализм сабабу иллати онро нодида мегиранд.

Паҳни дубораи корикатураҳои Муҳаммад (с) бисёр кори зишт ва як амали ифротгароёнаи дунявӣ буд. Вақте дар Париж, пойтахти кишваре, ки бо ҳампаймонии кишварҳои ғарбиву Амрико 13 сол дар хоки Афғонистон барои нест кардани терроризм мубориза бурд, амали террористӣ анҷом мешавад, бояд аз худи Фаронса пурсид, ки дар ин 13 сол чи кор карданд? Ё онҳо (террористон)-ро аз лонаҳояшон ба маркази кишварҳояшон бурданд?

Ба таҳқири Муҳаммад (с) ва мусалмонҳо хотима диҳед. Онҳо ҳеч мушкилие бо шумо ва олам надоранд. Аз онҳое, ки ба инъикос ва навиштани ин мавзӯъҳо даст мезананд, ҳамчун як мусалмон хоҳиш мекунам, ҳадду марзро бишиносанд. Агар дунболи сиёсатҳои Ғарб ҳастед, бидуни таҳқири Муҳаммад (с) ва пайравонаш ин корро анҷом бидиҳед.

Ба ҳеч далел душманӣ бо Ислому мусалмонҳо боиси пешрафт намешавад. Танҳо ҳамзистӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому риояи ҳуқуқи ҳамдигар сабаби пешрафт мегардад. Пас, оё фурсате нарасида, ки ба ин арзишҳо авлавият дода шавад?

Аз идора: Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст
Мӯҳр
ЯХЁ
Офарин бародари гироми!!!

офарин бародар аллохи пок имони шуморо зиёд кунад.бехтарин суханхо

Асадулло
Ахсан ба Шумо бародари азиз! Хаминро гуфтаниам ки аз ХНИТ дида Шумо бехтар мебошенд, чунки онхо махкум кардан бешармона ва Шумо баръакс, Худочон нигахбонат бошад бародари азиз!

Далерчон,Худованд ба умру чонат ва касбу корат баракат ато намояд!
100 дар 100 хакикатро навишти!Тамоми дарди дили маро навишти.Зинда бош!!!

Далер,Худованд ба умру чонат ва касбу корат баракат дихад!
100 дар 100 хакикатро навишти!Дарди дили маро навишти.Зинда бош!

salom
Бисер оли. Нихоят маколаи айни муддао навистаи бародар. Дар доираи фаъолияти журналисти. Холо хам бисер бо эхтиром навистаи. Шахсоне ки ба иззати нафси мусулмонон мерасанд месазад ба чазои сахттарин гирифтор бошанд.

мошоаллох вокеан далери бародар, агар дах фоизи мусалмонони руи замин мисли ту фахмиш медоштанд имруз мо мусалмонон инкадар хору залил намешудем, бародару хохарони мо дар фаластину сурия дар авгонистону ирок дар мисру мали бегунох кушта намешуданд.

Офарин! Бародари азиз Далер, бехтарин суханхо, бо ин маколаат, хамаи бародарони мусалмонро хушхол карди

Рахмат бародари азиз Худованд баракат дихад......

мусулмон
Офарин Далер.Аз хама азизтарин кас бад аз худованд бар мо мусулмонон пайгамбарамон(с) мебошад.Дуогу хастам ки худованд мусулмонхоро мутахид созаду хакгу ва дар панохаш .нигах дорад.

Парда
Бе ягон щакху шубха, кариб 10 сол зиёд шуд, ки кадом як КОРПОРАТСИЯХОИ гайриинсони аз ин амалхои нангин суди калон бардошта истодааст. Ба ин рафторахои гаразнокашон чомеаи инсониро гумрох ва дар байни тамаддунхо низо андохтанианд.

Saif
Ахсан!!! Офарин!! Худованд нигахбонат бародари азиз!! Бехтарин!

Иқбол
Эй ҷавонони аҷам ҷони ману ҷони Шумо!
Худовандо дар умр зиндагӣ ва касбу кори чунин мусалмонҳо баракат ато намо ва онҳоро аз зулми золимон ва чашми ҳасудон нигаҳбон бош. Аз ҳама хонандаҳои сомонаи Озодагон хоҳиш менамям дар ҳақи чунин ҷавонмардон дуогӯ бошед!!

точик
Албатта дар замона шахсоне монанди Далер далерона сухан мегуянд-ин аст озодии сухан. Хамаи кормандони журнали карикатуристи яхудиён буданд. Инро бинед барои 12 нафар тамоми дунёро чалб карданд аммо зиёда аз 100 хо нафарро кушта буданд амали онхоро танхо хамватанонашон гусса карданду бас.Хар тахкир ки нисбати пагамбари ислом ё масехият ё бутпараст монанди ин журнала корхояш ба вукуъ мепайвандад ин боварии мардумро ки охиран хучаташон аст аз байн бурданист бинобар хар таъхир ки нисбати дину пешвоёни чахони хаст худаш амали терористи хисоб шавад. Ьоз хукумати фаронса карикатураи нисбати паёмбари исломро чоп карданист-Боз тафрикаандози аз тарафи намояндаи як давлат.

Респект Далер! Аз Рохбарон ва пешвоёни дини мо богайрат будаи. Хамеша хамин хел шери нар бош!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)