АКС: “Милисаҳо мӯйсафедро аз қафои мошин кашола кардаанд”
Самандар Ҷалолзода, як ҷавони шаҳри Панҷакент мегӯяд, маъмурини пулиси ноҳия шаби 4 декабр беасос ӯро латукӯб ва бобои 64-солаашро бо мошинашон даҳҳо метр кашола карда, маҷруҳ намудаанд.
Ҷалолзода дар аризаи шикоятияш ба додситони вилояти Суғд, ки нусхаи он дар ихтиёри “Озодагон” қарор гирифт, изҳор медорад, тақрибан соатҳои 22:00-и 4 декабр дар назди таваллудхонаи ноҳия ӯ барои кӯдакаш дору харида интизори омадани бобояш - Камол Ҷалолов мешавад. Дар ин вақт ду нафар бо либоси ғайринизомӣ тирезаашро кӯфта талаб мекунанд, ки фарояд. Ӯ вақте кӣю чӣ буданашонро мепурсад, онҳо бо истифодаи таҳдиду зуроварӣ ва дашном ӯро латукӯб ва аз мошин кашида, “мо милиса” гӯён ба мошини худашон савор мекунанд: “Дар ин миён чанд бор дар сарам заданд, ки бобоям низ расида омад. Шумо кистеду чӣ кор мекунед-гӯён дари мошини милисаҳоро дошт. Аммо як милиса ба дигараш “ҳай кун” гуфт ва онҳо тақрибан 40 метр бобоямро кашола карда бурданд, ки дар ниҳоят вай ғалтиду маро ба шуъба бурданд. Дар шуъба маро бе ягон асос лутукӯбу ҳақорат намуданд, ки бобою падарам низ расиданд.”
Самар Ҷалолов, падари Самариддин мегӯяд, вақте ба шуъбаи корҳои дохилӣ расид падари хуншорашро диду овози писарашро шунид, ки мавриди латукӯб қарор дошт: “Дарҳол талаб кардам, ки сардори шуъбаро фарёд кунанд, аммо ба шуъба муовини сардори шуъба-Раҳимов Ҷамшед ҳозир шуд.”
Самар Ҷалолов мегӯяд, муовини сардори шуъба ҳоли хуншори падари мӯйсафед ва ҳолати писарамро дида, гуфтааст, ки ҳамаи хароҷоту доруҳои табобатиро таъмин мекунад ва онҳоро аз шуъба ҷавоб додааст. Оилаи Ҷалоловҳо мегӯянд, масъулини милиса аз онҳо хостаанд ба ҷое даъво набаранд, чун кормандони милиса “ҷавонӣ” кардаанд. Аммо Самар Ҷалолов мегӯяд, “охир ин муносибати ваҳшиёна аст ва гунаҳкорон бояд ҷавоб диҳанд. Писари ман ягон ҷинояткор нест ва ӯро ҳамаи ноҳия мешиносад, ки як камаз дораду ба кашондани кумур ва фурӯши латта машғул аст.”
Ин хонадони ҷабрдида талаб дорад, ки дастандаркорон муҷозот шаванд. Аммо масъулини шуъбаи умури дохилии Панҷакент то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд ва дар сурати дарёфти шарҳи онҳо “Озодагон” онро пешкаши хонандагон хоҳад кард. Аксҳои Камол Ҷалолов ва Самандар Ҷалолзода:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |